23.9 C
Dushanbe

Мурофиаи якуми додгоҳии чеҳраҳои шинохта

Додгоҳи олии Тоҷикистон ба баррасии парвандаи чеҳраҳои шинохтаи кишварро, ки бо иттиҳоми табадуллоти давлатӣ боздошт шудаанд, оғоз кард.

14-уми ноябри соли ҷорӣ мурофиаи якуми додгоҳии собиқ раиси Ҳизби демократ ва вакили порлумон Саъидҷаъфар Усмонзода ва муовинаш Аҳмадшоҳ Комилзода, ҳуқуқдодон ва муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон Шокирҷон Ҳакимов, собиқ раиси Шӯрои олии Тоҷикистон Акбаршоҳ Искандаров, собиқ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ва ду корманди собиқи ин ниҳод Абдулфайз Атоӣ ва Нурамин Ғанизода, инчунин Ҷамшед Боев, сарҳанги бознишастаи амният дар СИЗО-и шаҳри Душанбе, пушти дарҳои баста, бидуни иштироки пайвандонашон ва рӯзноманигорон баргузор гардид.

Муҳокимаи парвандаҳоро муовини якуми раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон Шавкат Лутфуллозода пеш мебарад. Гуфта мешавад, муҳокимаи имрӯзаи чеҳраҳои маъруфи кишвар се соат идома кардааст ва мурофиаи навбатӣ рӯзи 18-уми ноябр баргузор хоҳад шуд.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, то ин дам боздоштшудаҳо бар асоси банди 189 (барангехтани кинаю адовати милливу мазҳабӣ) ва 306 (талош барои ғасби қудрат)-и Кодекси ҷиноӣ гумонбар буданд ва дар мурофиаи имрӯза муайян шудааст, ки ба парвандаи онҳо ду банди дигари қонуни ҷиноӣ 247 (қаллобӣ) ва 305 (хиёнат ба давлат) низ илова кардаанд.

Назари боздоштшудаҳо ва наздиконашон дар ин бора дастраси расонаҳо нест. Аммо пештар гуфта шуда буд, ки Шокирҷон Ҳакимов ҳама иттиҳоми мақомотро рад кардааст.

Додситонӣ ва Додгоҳи олӣ низ аз ҷузъиёти мурофиаҳо ва парвандаи ин афрод бо баҳонаи муҳри махфӣ доштан чизе намегӯянд.

Гуфта мешавад, боздошти ин чеҳраҳои шинохта пас аз боздошти Саидҷаъфар Усмонзода, раиси собиқи ҲДТ ва вакили собиқи парлумон, ки мақомот ӯро рӯзи 12-уми июни соли ҷорӣ бо иттиҳоми “ғасби ҳокимият” дастгир карда буд, оғоз ёфт. Додситони кулли кишвар Юсуф Раҳмон ҳангоми дархости бекор кардани дахлнопазирии вакилии ӯ аз парлумон гуфта буд, ки парвандаи ҷиноятӣ бо иттиҳоми “ғасби ҳокимият” ба зидди Саидҷаъфар Усмонзода ва чанд нафари дигар ҳам кушода шудааст. Вале он замон маълум набуд, ки ғайр аз Усмонзода киҳо боз шомили ин иттиҳом мешаванд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Иштироки намояндаи Тоҷикистон дар САҲА

Рӯзи 17-уми июни соли ҷорӣ нишасти Кумитаи амнияти Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар шаҳри Вена баргузор гардид.

Оғози амалиёти “Нелегал” дар Челябинск

Дар вилояти Челябински Федератсияи Русия "рейд"-и муҳоҷирон бо номи амалиёти "Нелегал" оғоз ёфтааст.

Танишҳо байни Исроилу Эрон шиддат мегирад. Ҷанг ба куҷо мекашонад?

Бо оғози шашумин рӯзи ҳамлаҳои артиши Исроил ба Эрон раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон Алӣ Хоманаӣ бо нашри паёме гуфт, ба Исроил "посухи қавӣ" хоҳад дод.

Мақомот нуҳ сокини маҳаллаи “Дарвоз”-ро равонаи зиндон кард

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нуҳ сокини маҳаллаи "Дарвоз"-и пойтахтро бо иттиҳомҳои ифротгароӣ равонаи зиндон кард.