Мушкили коркарди нафт дар Русия ва таъсири он ба Тоҷикистон


Ҳаҷми коркарди нафт дар Русия то поёнтарин сатҳ дар тӯли беш аз 20 сол коҳиш ёфтааст.

Бино ба гузориши «EA Analytics», дар моҳи июли соли 2026 ҳаҷми миёнаи коркарди нафт дар Федератсияи Русия 3,91 миллион баррел дар як шабонарӯзро ташкил медиҳад, ки ин поёнтарин нишондиҳанда аз моҳи марти соли 2005 ба ин сӯ гуфта мешавад.

Омор нишон медиҳад, ин ҳафм нисбат ба нишондиҳандаи миёнаи ҳамин давраи соли 2025 беш аз 1,4 миллион баррел дар як шабонарӯз камтар аст.

Бино ба ҳисобҳои «Bloomberg», дар 100 рӯзи ахир нерӯҳои Украина ба корхонаҳои тавлиди сӯзишвории Русия тақрибан 50 ҳамла анҷом додаанд. Ва тибқи иттилои Ожонси байналмилалии энержӣ, мавҷи ҳамлаҳои Украина аз аввали моҳи май ба беш аз нисфи тавоноиҳои коркарди нафти Федератсияи Русия таъсир расондааст.

Ҳадди ақал 24 адад аз 34 корхонаи бузурги коркарди нафт (ККН), ки аксари онҳо бо бузургтарин ширкатҳои нафтии Русия алоқаманданд, мавриди ҳамла қарор гирифтаанд.

Дар моҳи июн корхонаҳои коркарди нафти Русия дар як шабонарӯз ҳудуди 3,8 миллион баррел нафтро коркард кардаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,6 миллион баррел камтар аст.

Зарбаи Укроин ба корхонаҳои тавлиди сӯзишвории Русия дар Тоҷикистон ҳам бӯҳрони камбуди сӯзишворӣ эҷод кардааст. Дар кишвар қимати сӯзишворӣ вобаста аз намуд аз 10 то 20 дарсад афзоиш ёфта, харидани онҳо низ мушкил шудааст. Барои мисол уимати сӯзишвории дизелӣ 18 дарсад боло рафта ба 16,5 сомонӣ расидааст. Дар ҳамин ҳол, ронандагон барои харидани дизел соатҳо навбат мепоянд.

Гуфта мешавад мусофирбарҳои дохилишаҳрӣ дар Хуҷанд ҳам ба мушкили дарёфт ва заоиди сӯзишворӣ мувоҷеҳ шудаанд, ки боиси камтар шуани нақлиёти мусофирбар дар дувумин шаҳри Тоҷикистон гаштааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тифли дуздидашударо баъди панҷ рӯз пайдо карданд

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, навзоде, ки шаби 11-уми октябр аз як таваллудхона дар Душанбе ғайб зада буд, "сиҳату саломат" пайдо шудааст.

Мулоқот бо СБП: кадом хавфҳои иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ шуданд?

Ҳайати Тоҷикистон рӯзи 13-уми октябр дар Тайланд бо роҳбарияти СБП масъалаҳои сиёсати пулию қарзӣ, рушди низоми бонкӣ ва таҳкими суботи иқтисодиро баррасӣ кард.

Аз тиб то сартарошхона: муҳоҷирон дар Санкт-Петербург аз кор дар чанд соҳа маҳрум шуданд

Дар шаҳри Санкт-Петербург барои муҳоҷироне, ки бо патент фаъолият мекунанд, маҳдудиятҳои нави корӣ ҷорӣ шуд.

Тамдиди мораторияи санҷиши соҳибкорон то соли 2029

Эмомалӣ Раҳмон дастур додааст, ки санҷиши фаъолияти соҳибкорони хурду миёна то 1-уми январи соли 2029 маҳдуд карда шавад.