Мушкилот бо Қирғизистон поён ёфт, вале бо Толибон шуруъ шуд?

Ба иттилои расонаҳои афғонистонӣ, ҳафтаи ахир байни марзбонони Тоҷикистон ва Толибон даргирии мусаллаҳона сурат гирифта, дар натиҷа як нерӯи Толибон кушта шудааст.

Як наворе, ки расонаҳои афғонистонӣ нашр карданд, дида мешавад, марзбонони тоҷик бо марзбонони Афғонистон барои анҷоми музокира гирди мизе нишастаанд ва гуфтугӯяшон тунду доғ аст.

Дар ин навор, яке аз нерӯҳои марзбонии тоҷик дар хитоб ба Толибон мегӯяд, “Дар Афғонистон мухолифони мо бо яроқ ҳастанд”. Ӯ мехост Толибонро ба он муттаҳам кунад, ки мухолифони мусаллаҳи ҳукуматро дар худ ҷой додааст.

Аммо як намояндаи Толибон дар ҷавоб мегӯяд: “Шумо 350 нафарро бар алайҳи Иморати исломӣ дарс дода истодаед. Ин ошкор аст. Ин мавзуъро доман назан.”

Зоҳиран, намояндагони Тоҷикистон мехостанд аз асли баҳсу музокира берун рафта, Толибонро ба муттаҳам кардан хомӯш кунонанд. Вале Толибон намояндагони тоҷикро маҷбур месозанд, ки аз мавзуи аслӣ дур нараванд, зеро суханҳои зиёде барои гуфтан доранд, ки бар зарарашон меанҷомад.

Ин намояндаи Толибон дар идомаи суҳбаташ таъкид мекунад, ки “Мо зулмро намепазирем ин мавзуи (ба вуҷуд омада) кӯчак аст, ҳеч чизи дигарро доман назанед, ҳаминро ҳал кунед. Ин ба нафъи ҳамаамон аст. Лекин ба ин шакле, ки ту равон ҳастӣ, ба ин шакл пеш бравӣ, ҳам бар зарари туст ва ҳам бар зарари мо.”

Ҷониби Толибон аз музокиракунандагони тоҷик талаб мекунанд, ки баҳси онҳо танҳо сари як масъала аст. “Қумандон соҳиб, як мавзуст, ҳамин об дар ҷои аслиш бравад, дӯстии мову шумо дар ҷояш мемонад ва ҳеч мушкиле нест. Мо фақат мехоҳем об ба ҳаму шакле, ки дар солҳои гузашта буд, ба ҳамон шакл биравад, мо ҳеч мушкиле надорем.”, таъкид мекунад намояндаи Толибон.

Баҳс аз куҷо сар зад?

Ба иттилои расонаи “Афғонистон Интернешнал”, рӯзи 24-уми августи соли ҷорӣ байни марзбонони Тоҷикистон ва Толибон дар нуқтаи марзии Дованги вилояти Бадахшони Афғонистон, ки бо ноҳияи Шамсиддини Шоҳини Тоҷикистон ҳаммарз аст, задухӯрд сурат гирифт. Дар натиҷа 1 нерӯи марзбонии Толибон кушта ва 4 нафари дигар захмӣ шуд.

Гуфта мешавад, ин даргирӣ бар асари тахриби маҷрои дарёи Панҷ аз тарафи ширкатҳои истихроҷи маъдани Афғонистон сурат гирифтааст.

Бо гузашти чанд рӯз аз ин ҳодиса то ҳанӯз шарҳи расмии мақомоти Тоҷикистон нашр нашудааст ва маълум нест ҷонибҳо сари ин масъала ба чӣ тавофуқ расиданд.

Чанде пеш ҳам Радиои Озодӣ гузориш дода буд, ки ширкатҳои истихроҷи маъдани Афғонистон ба заршӯи ва ҷамъоварии тилло дар лаби дарёи Панҷ машғуланд ва ин чиз мақомоти Тоҷикистонро ба ташвиш овардааст. Ба гуфтаи мақомоти тоҷик, заршӯӣ дар лаби соҳили дарёи Панҷ боиси тағйири маҷрои дарё мешавад ва дар оянда сабаби омадани селҳои бузург мегардад, ки ба аҳолӣ зарари ҷиддӣ ворид мекунад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Дар ноҳияи Шоҳмансур марде бо гумони рабудани ноболиғ ва ҳаракатҳои бадахлоқона боздошт шуд

Дар Душанбе як мард бо гумони рабудани ноболиғ ва анҷоми ҳаракатҳои бадахлоқона нисбат ба ӯ боздошт шудааст.

Баъди бозӣ бо Партугалия шонси бурди Узбекистон ба давраҳои баъдӣ хеле кам шуд

Дастаи мунтахаби Узбекистон дар бозии дуюми худ дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии соли 2026 аз тими Португалия бо ҳисоби бузурги 0:5 шикаст хӯрд ва имкони роҳ ёфтанаш ба марҳилаи баъдӣ коҳиш ёфт.

Шикояти сокинон: Маъмурони барқ ҳамро беҳуда қарздор мекунанд

Сокинони бархе ноҳияҳои кишвар аз он шикоят доранд, ки маъмурони барқ хона ба хона гашта, ҳамаро беҳуда аз барқ қарздор менависанд ва ҷарима мебанданд.

Тирпарронӣ ва боздошти навраси 15-солаи тоҷик дар Варшава

Пулиси шаҳри Варшаваи Лаҳистон ду навраси тоҷикро, ки байни худ даргир шуда ва дар натиҷа тирпарронӣ карданд, боздошт кардааст.