32.9 C
Dushanbe

Мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия бештар мешавад?

“РИА Новости” аз қавли Вазорати корҳои дохилии Русия навиштааст, тамоми муҳоҷироне, ки бо мақсади кор ба Русия меоянд, пеш аз корро оғоз кардан маблағи муайяне пешпардохт хоҳанд кард.

Ба иттилои манбаъ, дар ин бора дар консепсияи ВКД Русия тарҳи нави қонуни федералии масоили муҳоҷиратӣ хабар додааст.

Барои пардохти ин андоз муҳоҷирони меҳнатӣ бояд патенти электронӣ тартиб диҳанд. Онҳо танҳо пас аз пардохти андоз аз даромади инфиродӣ дар намуди пешпардохти муайян ба кор шурӯъ карда метавонанд. Навиштааст, “РИА новости”.

Ба навиштаи ин хабаргузорӣ кордиҳандагон – чи шахсони ҳуқуқӣ ва чи соҳибкорони инфиродӣ, вақте шаҳрванди хориҷиро ба кор мегиранд, ҳатман дар вебгоҳи “Госуслуги” номашонро сабт намоянд.

Бино ба иттилои манбаъ, муҳоҷироне, ки дар давоми 15 рӯз андозро пардохт намекунанд, дар аввал огоҳӣ мегиранд, дар сурати боз таъхир кардан аз кор маҳрум ва ё аз Русия ихроҷ мешаванд.

Дар  ин тарҳ чи тавр кабул кардани шаҳрвандони хориҷӣ ба кор эзоҳ дода мешавад.

Ҳамчунин ҳаҷми маош, ки ба музди миёна дар минтақа баробар аст ва ё ҷаримаҳои пардохтнашуда ба назар гирифта мешавад.

Тибқи ин қонуни нав, ки ҳоло дар қайди баррасӣ қарор дорад, ба ҳар як муҳоҷир ID-корт дода мешавад, ки дар он маълумоти шахсии ӯ ҳифз мешаванд.

Ба қавли огоҳони умур, ин қонун дар ҳоле таҳия мешавад, ки муҳоҷирони тоҷик бе ин ҳам ҳармоҳа маблағи патент месупоранд ва ҳангоми ба иҷро даромадани ин қонун боз як мушкилии дигар ба сари муҳоҷирон илова мегардад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Латтукӯби муҳоҷирон ва ба маконҳои номаълум бурдани онҳо идома дорад

Чанд рӯзи ахир боздошт ва латтукӯби муҳоҷирон, бахусус муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби нерӯҳои амниятӣ ва интизомии Русия бештар шудааст.

Рафту омад дар роҳи Душанбе-Хуҷанд маҳдуд шуд

Шуруъ аз имрӯз, 1-уми июни соли ҷорӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ барои рафту омади мошинҳо маҳдудият ҷорӣ шудааст.

Эълони ҳукми зиндони сарбозоне, ки наваскаронро латтукӯб карданд

Чанд сарбозе, ки дар як навор навсакаронро бераҳмона латтукӯб мекарданд, ҳамаи онҳо равонаи зиндон шуданд.

Сафорат боздошти муҳоҷирон дар Митиноро шарҳ дод

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав рӯзи 30-уми майи соли ҷорӣ пас аз боздошти беш аз 150 муҳоҷири корӣ, ки дар расонаҳои дохилӣ ва хориҷӣ бозтоби густарда ёфт, шарҳ дод.