Мусодираи хонаи падари Баҳром Иноятзода

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд, хонаи падарии раиси собиқи Кӯлоб Баҳром Иноятзодаро, ки ҳоло дар зиндон қарор дорад, мусодира кунанд.

Гуфта мешавад, дар ин хона ҳоло Ором Иззатов, бародари Баҳром Иноятзода бо панҷ фарзанду наберааш зиндагӣ дорад.

Иззатов дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтааст, ки мақомоти маҳаллӣ ба ӯ ва хонаводааш фишор оварда истодаанд, то хонаи падарашонро тарк кунанд.

Ин хона бо қарори додгоҳ дар соли 2020, яъне пас аз зиндонӣ шудани Баҳром Иноятзода ба ихтиёри давлат гузашта будааст, аммо мақомот пас аз 4 сол мехоҳанд ин хонаро мусодира кунанд.

Мақомот иддао дорад ин хона бо пули дуздидашуда аз ҷониби раиси собиқи Кӯлоб сохта шудааст, аммо Ором Иззатов инро рад мекунад.

Ба гуфтаи Ором бародараш Баҳром Иноятзода аз соли 1978 дар ин хона зиндагӣ намекард ва дар ягон санади марбут ба ин хона зикр нашудааст. Падарашон ин хонаро ба Ором Иззатов васият карда будааст ва ӯ бист сол дар Русия зиндагӣ карда, онро барқарор кардааст.

Дар ҳоли ҳозир назари мақомоти Тоҷикистон дар ин бора дастрас нест.

Ёдовар мешавем, ки Додгоҳи вилояти Хатлон Баҳром Иноятзодаро рӯзи 20-уми ноябри соли 2019 бо иттиҳоми суистифода аз ваколатҳои мансабӣ, гирифтани пора, аз худ кардани молу мулки ба зимааш гузошташуда ва ғайриқонунӣ додани қитъаи замин айбдор намуда, ба 12 соли зиндон маҳкум карда буд.

Иноятзода баъд аз эълони ҳукмаш дар додгоҳ гуфта буд, ки “дар Тоҷикистон адолат нест, барои сохтани биноҳои Ҳукумат 12 сол додаанд, агар хонаамро обод мекардам, як гапи дигар буд”.

Гуфта мешавад, боздошти Иноятзода баъд аз интиқод аз қудои Президенти Тоҷикистон Бег Сабур сурат гирифт. Ӯ зимни нишасти матбуотие Бег Сабур раиси Хадамоти алоқаи Ҷумҳури Тоҷикистон ва қудои Эмомалӣ Раҳмонро ба хотири пардохт накрадани қарзҳояш дар назди андоз ва обу барқ ба “Хоҷа Аҳрори Валӣ” ташбеҳ карда буд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Роналду ба корномаи 23-солаи худ дар тими миллии Португалия нуқта гузошт

"Агар ягон голи ман боиси шодии шумо шуда бошад, пас ҳама заҳматҳо арзанда буданд". Бо ин суханон Криштиану Роналду 5-уми ноябр аз тими миллии Португалия видоъ кард.

Боздошти гурӯҳе, ки беш аз ним тонна маводи мухаддиро ба хориҷ интиқол дод

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти нуҳ нафар бо гумони қочоқи маводи мухаддир хабар дод.

Идомаи боздоштҳо ва ихроҷи муҳоҷирон аз Русия

Пулиси Русия аз ихроҷи 121 шаҳрванди хориҷӣ пас аз рейдҳои густурда дар шаҳри Жуковскии вилояти Маскав хабар дод.

Тоҷикистон барои воридоти 100 ҳазор тонна дизели иловагӣ бо Русия мувофиқа кард

Тоҷикистон бо Русия барои афзоиши квотаи воридоти бебоҷи сӯзишвории дизелӣ дар соли 2026 ба мувофиқа расидааст.