Музокироти навбатии Қирғизистону Тоҷикистон дар бораи марз

Мақомоти дахлдори Тоҷикистону Қирғизистон ҳафтаи гузашта музокираи навбатии худро дар бораи таъйин ва аломатгузории марзи муштараки ду кишвар дар Қирғизистон гузарониданд.

Тавре Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 10-уми июл хабар дод, вохӯрии гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои ду кишвар як ҳафтаи комил, аз 3-юм то 9-уми июли соли 2023 идома пайдо кардааст.

Бино ба иттилои манбаъ, ин музокирот дар шаҳри Бодканди Қирғизистон баргузор шудааст. Ва тиқби нақша, қарор аст вохӯрии навбатии гурӯҳи корӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор бишавад.

Маълум нест ҳайатҳои кории ду кишвар дақиқан ба чӣ тавофуқоте даст пайдо кардаанд. Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон танҳо гуфтааст, ки “Аз натиҷаи вохӯрӣ Протоколи дахлдор ба имзо расид.” Ва ба гуфтаи ин ниҳоди дипломатии тоҷик, “Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуд.“

Ҷониби Тоҷикистон маълумоти дақиқ аз рафти музокиротро ифшо намекунад, дар вохӯриҳои гузашта низ мақомоти тоҷик таъкид мекарданд, ки “мулоқоти гурӯҳҳо дар фазои неки якдигарфаҳмӣ ба поён расида, барои таҳкими муносибатҳои ҳамсоядорӣ табдирҳои зарурӣ андешида шуд,” аммо ҳолатҳое низ шуда, ки пас аз чунин таъкидҳо боз кашмакашу даргириҳои хунин байни сокинони марзии ду кишвар сар задааст.

Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарк доранд ва аз ин миқдор то кунун 300 километраш мушаххас ва аломатгузорӣ нашудааст. Аксари низоъҳои марзӣ низ дар ҳамин нуқтаҳои аломатгузоринашуда сар мезанад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Қирғизистон 170 хонаи аз Тоҷикистон гирифтаашро ба сокинон тақсим мекунад

Қирғизистон 170 хонаеро, ки аз Тоҷикистон гирифта буд, ба сокинонаш тақсим мекунанд.

Ҳукми абади ду нафар барои қатли Маннон Содиқов

Додгоҳи вилояти Суғд ду сокини шаҳри Исфараро бо иттиҳоми қатли узви пешини ҲНИТ ба ҳабси умрбод маҳкум кард.

Ҳамла ба полойишгоҳи бузурги Русия дар пасманзари камбуди сӯзишворӣ дар Тоҷикистон

Бузургтарин полойишгоҳҳои Русия дар шаҳри Киришии вилояти Ленинград мавриди ҳамлаи паҳподӣ қарор гирифта, дар он оташсӯзӣ рух дод.

Дар Самара пардохтҳои муҳоҷирон зиёд мешавад: акнун барои фарзандон ҳам маблағ месупоранд

Думаи вилояти Самараи Русия тағйиротеро қабул кардааст, ки аз соли 2027 афзоиши пардохтҳои муҳоҷирон ва пардохти иловагӣ барои фарзандони ҳамроҳашонро пешбинӣ мекунад.