8.9 C
Dushanbe

Музокироти Украина ва Амрико дар Арабистони Саудӣ

Дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ музокироти ҳайатҳои Украина ва ИМА оғоз ёфт.

Ин нахустин мулоқоти расмии намояндагони Киев ва Вашингтон пас аз ҷанҷолҳои лафзии сахти президенти ИМА Доналд Трамп ва президенти Украина Владимир Зеленский дар Кохи Сафед аст.

Дар музокироти 11-уми март ҷониби Украинаро раиси Дастгоҳи президент Андрей Ермак, вазири корҳои хориҷӣ Андрей Сибиҳа ва вазири дифоъ Рустам Умаров, инчунин ИМА-ро дар ин нишаст котиби давлатӣ Марко Рубио ва мушовири амнияти миллӣ Майк Уолтс намояндагӣ мекунанд.

Қабл аз ин мулоқот Марко Рубио гуфта буд, ки ин музокирот барои азсаргирии кумакҳои низомии Амрико ба Украина “калидӣ” буда, қарордод дар мавриди манобеи табиӣ низ баррасӣ мешавад, аммо мутмаин нест, ки дар ин нишаст созише ҳосил шавад. Ҳамчунин ӯ гуфт, ки Украина бояд дар доираи баъзе тавофуқҳо барои хатми ҷанг бо Русия гузаштҳои ҳудудӣ кунад.

Инчунин Андрей Ермак, раиси Дастгоҳи президенти Украина ба хабарнигорон гуфта буд, ки “мо омодаем барои расидан ба сулҳ ҳама корро кунем”.

Эҳтимол меравад дар ҷараёни музокираи Украина ва ИМА барои поён додани ҷанг, Украина оташбас дар осмон, дар баҳр ва зарба ба зерсохторҳои энержиро низ пешниҳод кунад.

Ҳарчанд Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина аз рӯзи 10-уми марти соли ҷорӣ дар Арабистони Саудӣ қарор дорад, дар ин музокирот ширкат нахоҳад кард.

Зеленский пеш аз ин музокирот “сулҳи ҳарчи зудтар ва амнияти ҳаддалимкон боэътимод” гуфта, таъкид карда буд, ки Украина пурра ҷонибдори гуфтушуниди созанда аст.

Раисҷумҳури Украина дар ҳошияи музокироти Ҷидда бо валиаҳди Арабистони Саудӣ Муҳаммад бин Салмон мулоқот намуда, дар баробари масоили ҳамкориҳои дуҷониба аз чанд шарти сулҳ бо Русия, аз ҷумла раҳои асирону баргардонидани кӯдакон ва замонати комили амниятӣ гуфтааст.

Пештар CNN хабар дода буд, ки намояндагони Амрико дар Арабистони Саудӣ на танҳо бо ҳайати Украина, балки бо ҳайати Русия низ музокира анҷом медиҳанд. Аммо маълумот дар бораи ҳайати ширкаткунандагон ва санаи дақиқи баргузории нишаст ҳанӯз хабаре нест.

Дар ҳамин ҳол, Мария Захарова, намояндаи расмии Вазорати хориҷии Русия изҳор дошт, ки даври нави музокироти Русия ва Амрико дар Арабистони Саудӣ ҳафтаи ҷорӣ дар назар нест.

Музокироти Украина ва ИМА дар ҳоле баргузор мешавад, ки 28-уми феврали соли ҷорӣ, дар шаҳри Вашингтон дар Кохи Сафед мулоқоти Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина бо президенти Амрико Доналд Трамп баргузор гардид ва интизор мерафт, ки пас аз он созишнома дар бораи истихроҷи маъданҳои Украина ба имзо расад.

Аммо ин мулоқот бо раддубадалҳои шадиди лафзӣ дар Кохи Сафед байни Зеленский, Доналд Трамп ва Венс анҷомид ва раисҷумҳури Украина маҷбур шуд Вашингтонро бидуни имзои созишнома тарк кунад. Пас аз ин мулоқот Амрико билофосила тамоми кӯмакҳои низомиашро барои Украина боздошт.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошт ва раҳоии писари рӯзноманигор Зафар Сӯфӣ дар Арманистон

Бобосӯфӣ Рауфӣ, писари рӯзноманигори шинохтаи тоҷик Зафари Сӯфӣ, ки дар Арманистон дастгир шуда буд, озод шудааст.

Роҳбари синф аз сафари ҳаҷаш нақл кард, аз масъулият ронда шуд

Бо фармони махсуси раиси ноҳияи Шаҳринав Абдулқодир Вализода муаллимоне, ки ҳаҷ карда буданд, аз масъулияти роҳбари синфӣ ронда шуданд.

Тақдири садҳо зану кӯдаки тоҷик дар Сурия ва Ироқ номуайян аст

Бинобар иттилои расмӣ, дар минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тақрибан 250–300 зану кӯдаки тоҷик боқӣ мондаанд.

Иштироки тоҷикони Литва дар ҷашни “Рӯзи нон”

Ҷамъияти тоҷикони Литва бори дуввум аст, ки дар ҷашни анъанавии намояндагони ақаллиятҳои миллӣ, "Рӯзи нон" фаъолона иштирок мекунанд.