Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар Тоҷикистон пеш аз муҳлат иҷро шуд

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон 24-уми май хабар дод, ки нақшаи даъвати шаҳрвандон ба хидмати ҳарбӣ пеш аз муҳлат пурра иҷро шудааст.

Ба иттилои вазорат, иҷрои саривақтӣ ва пеш аз муҳлати нақша натиҷаи афзоиши шумори ихтиёриён, пешниҳоди имтиёзҳои гуногун ба даъватшавандагон ва беҳтар шудани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ арзёбӣ мешавад.

Дар ҳамин ҳол, бархе таҳлилгарон бар ин назаранд, ки тағйирот ба қонуни уҳдадориҳои ҳарбӣ низ метавонад ба суръат гирифтани раванди даъват таъсир расонда бошад. Ба гуфтаи онҳо, қонуни нав ба мақомоти дахлдор имкон медиҳад, ки ҷавононро дар тӯли сол ба хидмати ҳарбӣ ҷалб намоянд.

Масъалаи ҷалби ҷавонон ба сафи артиш ҳамасола дар ҷомеаи Тоҷикистон мавриди баҳсу нигаронӣ қарор мегирад. Шароити қисмҳои ҳарбӣ, муносибати шадид бо сарбозон, ҳолатҳои бадрафторӣ, зарбу лат ва ҳатто ба марги оварда расондани сарбозон аз ҷумлаи нигарониҳое мебошанд, ки пайваста дар маркази таваҷҷуҳи ҷомеа қарор доранд.

Дар ҳамин замина, дар ду моҳи охир низ чанд ҳодисаи марги сарбозон расонаӣ шудааст, ки боиси вокуниш ва нигарониҳои ҷомеа гардида буд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Эмомалӣ Раҳмон дар Бишкек: аз мулоқот бо Пизишкиён то гуфтугӯ бо намояндагони ИМА

Раиcҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ ба Бишкек рафт.

Барои надоштани костюми хокистарранг хонандагонро аз дарси “Сулҳ” ронданд

Навори падаре, ки мегӯяд фарзандашро барои надоштани костюм ва...

Оғози ҳамлаҳои нав байни Амрико ва Эрон

Таниш миёни ИМА ва Эрон дубора авҷ гирифт. Нерӯҳои Амрико ду партобгари мушакии Сипоҳи посдорони Инқилоби исломиро дар ҷазираи Лорак ҳадаф қарор доданд.

Роғун: Сохтмон ё кӯлоҳбардории аср ва ояндаи норӯшани он

НОБ-и Роғун, бузургтарин сохтмони таърихи кишвар, ки аз худи...