Набарди генералҳо дар Судон

Набарди генералҳои судонӣ, ки дар пойтахти ин кишвар идома дорад ва ҳар ду ҷониб якдигарро дар нақзи қонунҳои амалкунанда ва ҳуқуқи инсон муттаҳам мекунанд.

Бино ба иттилои Алҷазира, ҳам Нерӯҳои зудамали Судон бо раҳбарии генерал Муҳаммад Ҳамдон Дақлу маъруф ба Ҳамидтӣ ва ҳам Артиши ин кишвар бо раҳбарии генерал Абдулфаттоҳ Бурҳон пешниҳоди оташбаси 24-соатаро қабул кардаанд.

Ба қавли манбаъ, генерал Абдулфаттоҳ Бурҳон, ки ҳамзамон риёсати Шӯрои раҳбарии интиқолиро дар Судон бар уҳда дорад, гуфтааст, ки пешниҳоди ин оташбаси 24-соата қабул карда, ҷонибҳо шурӯъ fp соати 18:00-и имрӯз, 18-уми апрел муваққатан ҷангро қатъ мекунанд.

Аз ҷониби дигар Вазорати корҳои дохилии Судон ҳам эълон кардааст, ки мудири кулли пулис бо судури як қарор ваколати тамоми афсароне, ки дар Нерӯҳои зудамали Судон зери раҳбарии генерал Муҳаммад Ҳамдон Дақлу адои вазифа мекунанд, бекор кардааст.

Ҳамзамон Вазорати корҳои хориҷии Судон ҳам аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостааст, ки шӯриши Нерӯҳои зудамал алайҳи Қувваҳои мусаллаҳи ин кишварро маҳкум кунанд.

Аз сӯи дигар, Иттиҳоди ҷаҳонии ҷамъиятҳои Салиби Сурх эълон кардааст, ки ваъият дар пойтахти Судон шаҳри Хартум ва атрофи он буҳронӣ шуда, имконоти кумакрасонӣ номумкин шуда, ҳушдор додааст, ки пойдории низоми тандурустӣ дар кишвар зери хатар қарор гирифтааст.

Гуфта мешавад, дар натиҷаи ин набардҳои шидиде, ки байни генералҳо ва афсарони Қувваҳои мусаллаҳ ва Нерӯҳои зудамали Судон чор рӯз боз идома дорад, дасти кам 180 нафар кушта ва беш аз 1800 каси дигар маҷруҳ шудааст.

Ҷанги қудрат байни генералҳои Судон замоне шиддат гирифт, ки дар оғози моҳи апрели соли ҷорӣ раиси Шӯрои раҳбарии интиқолӣ, ки ҳамзамон раиси Қувваҳои мусаллаҳи Судонро бар уҳда дорад, тасмим гирифта буд, ки Нерӯҳои зудамали Вазорати корҳои дохилӣ бо раҳбарии муовинаш дар Шӯрои раҳбарии интиқолӣ генерал Муҳаммад Ҳамдон Дақлуро ба артиш мулҳақ карда, амалан генерал Ҳамидтиро халъи силоҳ кунад, аммо ҷонибҳо ба тавофуқ нарисаданд ва кори онҳо сангаргирӣ алайҳи як дигар ва ба оғози набардҳои хунин мунҷар шуд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тоҷикистон 100 миллион доллар аз САСР қарз гирифт

Тоҷикистон бахши аввали қарзи 200-миллиондолларии Сандуқи авруосиёии суботу рушд (САСР)-ро дарёфт кард.

Миллионҳо рубл маоши муҳоҷирони тоҷикро баргардонданд

Дар даҳ моҳи соли 2026 ба муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар Русия беш аз 32,5 миллион рубл (ҳудуди 405 ҳазор доллар) маоши пардохтнашуда баргардонида шудааст.

Баъди хабарҳо дар бораи эҳтимоли ихроҷ аз Гурҷистон, М. Тағоев аз вазъаш хабар дод

Муҳаммад Тағоев, блогер ва мунтақиди ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, дар суҳбат бо "Паём ТВ" вазъи худро пас аз хабарҳо дар бораи эҳтимоли ихроҷаш аз Гурҷистон шарҳ дод.

Такер Карлсон: Натанёҳу Трампро барои ҳамлаи ҳастаӣ ба Эрон фишор меорад

Такер Карлсон, рӯзноманигори маъруфи амрикоӣ, ҳушдор додааст, ки эҳтимол дорад Амрико дар рӯзҳои наздик ба Эрон ҳамлаи ҳастаӣ анҷом диҳад.