26.9 C
Dushanbe

Нахустин пойгоҳи расмии Чин дар Тоҷикистон

Чин нахустин пойгоҳи расмии худро дар ноҳияи Шаҳритиуси вилояти Хатлон сохта ба истифода дод.

Бино ба иттилои расонаҳо, ин пойгоҳ марбут ба Донишгоҳи Ланчжоу буда, он “маълумоти мукаммал дар бораи моддаҳои ифлоскунанда ва элементҳои метеорологии Осиёи Миёнаро медиҳад. Ин маълумот барои огоҳӣ аз офатҳои метеорологӣ ва мубориза бо тағйирёбии иқлим лозим аст.”

Ба қавли манбаъ, маълумоте, ки дар ин пойгоҳ ҷамъоварӣ шудааст, дар мубориза бо тағйирёбии иқлим ва огоҳӣ аз офатҳои метеорологӣ дар минтақаҳои Осиёи Марказӣ нақши муҳим мебозад. Пойгоҳи нав аввалин пойгоҳи Чин дар хориҷи ин кишвар буда, барои ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи мониторинги иқлим ва муҳити зист аҳамияти хоса дорад.

Гуфта мешавад, ки пойгоҳи Шаҳритус метавонад ба масофаи дур интиқоли қуму чанг, инчунин қонуни паҳншавии ифлоскунандаҳои ҳаворо пайгирӣ кунад. Ин маълумот ба беҳтар шудани рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва омӯзиши тағйирёбии иқлими ҷаҳон мусоидат хоҳад кард.

Аммо бо ин ҳол, ҳанӯз маълум нест, оё тамоми ин иттилооти болозикр ҳамзамон бо марказҳои илмии Тоҷикистон низ ба иштирок гузошта мешаванд ва ё кишвари Чин дар дастрасӣ ба онҳо дасти болотаре дорад. Инчунин ҳанӯз ҳеч ниҳоде тасдиқ ва ё рад накардааст, ки ин пойгоҳ бар илова аз ҷамъоварии иттилоот дар бораи боду ҳаво ва “моддаҳои ифлоскунанда ва элементҳои метеорогӣ”, ба ҷамъоварии дигар намуди иттилоот ҳам машғул мебошад ё хайр?

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мулоқоти Раҳмонов ва Пизишкиён дар Озарбойҷон

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот кард.

Гармои шадид дар Тоҷикистон сокинонро нигарон кардааст

Рӯзҳои ахир шиддати гармои тобистонӣ дар Тоҷикистон аксари сокинонро нигарон кардааст.

Имомуддин Сатторов сафири Тоҷикистон дар Лаҳистон шуд

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон ва Лаҳистон Имомуддин Сатторов эътимодномаи худро ба Президенти Лаҳистон Анджей Дуда супорид.

Толибонро аввалин кишвари дунё расман эътироф кард

Пас аз чор соли ба сари қудрат расидани Толибон дар Афғонистон Русия аввалин кишваре шуд, ки ҳукумати сарпарастро ба расмият шинохт.