13.9 C
Dushanbe

Найранги ҳуқуқӣ

Акс аз Хадамоти матбуоти Президент

Ҳеҷ васила ва роҳе, ки битавонад Эмомалӣ Раҳмонро барои баъд низ дар мансаби раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз кунад, пайдо накарданду наёфтанд, то инки ҳамин қонуни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат омода, таҳия ва тасдиқ бишавад.

Барои онки мафҳум бошад, шумо бархе аз бозиҳои компутериро пеши рӯ оваред, ки ба як нафар “ҷон” мебахшад ва ё меситонад. Президент Раҳмон, ки то ҳамин навбати иддио ба курсии қудрат тамоми “ҷонҳо”-и барояш пешбинишударо хӯрд, барои идомаи раёсат ҷоне барояш боқӣ намонд. Як ҷони панҷсолӣ, як ҷони ҳафтсолӣ ва ду ҷони ду ҳафтсолӣ ҳамагӣ масраф шуданд. Бо қабули қонуни Асосгузор барояш боз ҷон, балки ҷонҳо доданд. Ба маҳзи ҳамин қонун аст ки Раҳмон ҳуқуқ ва ҳақ пайдо кард, дар ин навбати интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ҳам иштирок бикунад. Қонуни Асосгузорро қабул карданд бо ин ҳадаф, ки асбобу абзоре бишавад, ки битавонанд тавассути он  меъёри Қонуни Асосиро тағйир диҳанд. Моддаи 65-Қонуни Асосӣ ба ин шакл иваз карда шуд:

“Як шахс ба вазифаи Президент бештар аз ду муҳлат пай дар пай интихоб шуда наметавонад. Маҳдудияти дар қисми чоруми ҳамин модда пешбинигардида нисбат ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат татбиқ намегардад”.

Худи ҳамин тағйирот нишон медиҳад, ки ҳадаф ва мақсад ғасбу тасарруфи қудрат аст. Аммо ин меъёр ҳуқуқи шаҳрвандони дигарро нақз кардааст ва бо меъёру мавозини дунё мутобиқат намекунад

Дар Қонуни Асосии Тоҷикистон таъкид шудааст, ки ҳамаи шаҳрвандон ҳуқуқи баробар доранд, баробарҳуқуқанд. Қонуни Асосгузор баробарии шаҳрвандони Тоҷикистонро аз байн бурда ба Раҳмон ҳуқуқи бартар ва фавқулшаҳрванд додааст. Гузашта аз ин Раҳмонро ба монополисти қудрат бадал кардааст. Зеро пешопеш, бидуни дар назар гирифтани ҳуқуқи шаҳрвандон дар дастрасӣ ва касби қудрат ба ӯ дар сатҳи Қонуни Асосӣ имтиёз ва бартарӣ додааст. Барои танҳо як нафар қонун навиштан худ як амали ғайриҳуқуқӣ ва дар давлатҳои ҳуқуқбунёду демократӣ ғайриқобили қабул аст. Аммо инки дар ин ҳолат Раҳмон фавқулқонун ва фароқонун шудааст мушкили дигар аст. Қонуни Асосгузор бо ин вуҷуд ки соли 2016 мавриди иҷро қарор гирифтааст, ҳамоно иҷро ва амали он ба майлу рағбат ва кайфияту ҳолати Раҳмон вобаста аст. Яъне чӣ? Яъне ин аст ки ин қонуни ба истилоҳ конститутсионӣ ҳар аз гоҳе Раҳмон бихоҳад шаклу шеваи иҷрояш иваз мешавад ва ҷаззобияти аблаҳонаи он ҳам дар ҳамин ҷойи ин қонун ниҳуфтааст. Ин қонун дар дунё назир ва собиқа надорад ва онро наметавон санади ҳуқуқӣ номид: на аз лиҳози ҳуқуқи римӣ ва на аз лиҳози шаръӣ. Ин дар асл як найранг ва доми тазвир аст, ки дар фавқ ҳадафи онро баён кардем. Аммо ҳоло агар ба дарун ва муҳтавои он диққат диҳем як “норма”-ҳои аҷиберо мебинем, ки бо чи машаққате истихроҷ ва истеҳсол кардаву дар қади мухотабаш ҷома кардаанд.

Суол ин аст ки Асосгузори сулҳу ваҳдат ва Пешвои миллат унвон аст, рутба аст ва ё мақоми давлатӣ ва вазифаву мансаб? Посухи ин саволро медиҳем ва шумо онгоҳ пай мебаред,ки чаро гуфтем “иҷро ва амали он ба майлу рағбат ва кайфияту ҳолати Раҳмон вобаста аст”. Барои ин ба қонуни Асосгузор руҷӯъ мекунем:

Дар моддаи 1. Мавзӯи танзими Қонуни конститутсионии мазкур, таъкид мешавад, ки Қонуни конститутсионии мазкур дар баробари салоҳияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардаанд, инчунин мафҳум ва вазъи сиёсиву ҳуқуқии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, имтиёзу кафолатҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии ӯро дар давраи фаъолият ва баъди қатъ гаштани фаъолияти президентиаш муқаррар менамояд.

Инҷо ба чанд ишора ва ё хидъаву тазвири ҳуқуқӣ таваҷҷӯҳ намоед: “дар баробари салоҳияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва  “дар давраи фаъолият ва баъди қатъ гаштани фаъолияти президентиаш”.

Яъне ин қонун бо инки мавриди амал қарор дорад, ҳанӯз аз соли 2016, ба ду марҳала, ба ду қисм ва ба ду давра тақсим ва ҷудо шудааст. Ин ду қисму ин ду мариҳилаву ин ду давра ва татбиқи он ба қарору тасмими Раҳмон марбут ва вобаста аст. Раҳмон президентиро давом диҳад, дидем, ки давом медиҳад, Асосгузор унвон аст, вале агар президентиро бас кунад, гумон аст ки бас кунад, Асосгузор мақом мешавад ва вазифаи давлатӣ. Аҷиб нест магар? Тоҷикситон ба ҳадде холӣ аз марду мардон аст ки ба ҷуз аз Раҳмон касе наметавонад онро мудирият кунад ва аз инҷост, ки мардум ногузиранд қонунро то ба ҳадди як пайтоба ба поҳои вай мувофиқ кунанд. Дар сархатти дуввуми ҳамин модда дигар ин нукта ошкоро зикр мешавад, ки баъди қатъи фаъолияти президентӣ:

2. Сохтор ва басти вазифавии Дафтардории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муқаррар карда мешаванд. Кормандони Дафтардорӣ мақоми хизматчии давлатиро доранд.

Ҳоло фаҳмидед, ки чаро ин қонун ба табъу завқу кайфияти Раҳмон мутобиқ карда шудааст? Ҳар аз гоҳе Раҳмон бихоҳад ин қонуни мавриди иҷро қарор гирифта майлу хоҳиши ҳанӯз ҳатто дар роҳи ӯро қонунӣ мекунад. Раҳмон бихоҳад он унвон аст, Раҳмон бихоҳад он вазифа ва хидмати давлатӣ аст. Ба тарзи дигар бигӯем, қонуни Асосгузор ба Раҳмон мақоми ҳуқуқӣ медиҳад. Вале ин Раҳмон аст ки ба ин қонун қувва ва ҳукми иҷро медиҳад. Агар Раҳмон ҳамин ҳоло аз мақом канор мерафт ва номзад нафаре дигар, Раҳмон масъули татбиқи вазифаи давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ мешуд. Яъне аз як вазифаи давлатӣ ба вазифаи дигар ва аз як сохтор ба сохтори дигар мегузашт. Шумо мегӯед, ки Раҳмон ҳамин ҳоло ҳам Асосгузор аст ку? Дуруст. Аммо ин Асосгузор аз он Асосгузоре, ки баъди супоридани президентӣ аст фарқ дорад.

Ҳоло ки фаҳмидед, ки ин як ҳилла ва як хидъа ва як найрнги ҳуқуқӣ будааст. Дуруст фаҳмидед: назарфиребӣ, чашмбандӣ “аликмалик”. Ин як доме бузург аст ки дар рӯи раҳи халқи Тоҷикистон густарда шудааст, вале барои Раҳмон нардбонест, ҳарчи ӯро болотару болотар ва бартару бартар кардааст. Дар давлатҳои демократӣ, ки мутараққианд қонунҳо манфиати мардумро ҳимоят мекунанд.  Имкон намедиҳанд то ҳокимият ба як шахс ё бо ягон гурӯҳи одамон мудовим тааллуқ бигирад. Дар ташкилу ташаккули он худи халқ ва ҳар як овози мардум нақшу ҳисса дорад. Як овоз як қудрат аст, овози ман ин қудрати ман аст. Қудрати ман ҳам дар ҳокимият ва ҳукумат ҳузур дорад ва ҳаст. Мудирияти давлат як тарҳи бузургу давомдор ва беохир аст ва ҳатто агарки суперемен-абаринсон ҳам бошӣ, наметавонӣ ба анҷом бирасонӣ. Аммо чуноне мебинем, дар қонуни Асосгузор ҳеҷ гуна меъёр ва нормаи ҳуқуқӣ муроот нашудааст, балки як санади ҷаъливу ғайриҳуқуқӣ ва ғаримардумие аст барои мудирияти як халқ ва як миллат ва як давлат аз тарафи як гурӯҳ таҳия ва татбиқ шуда истодааст. Ҳоли ҷойи барои гуфтан ҳам ҳаст, ки агар муаллифони ин қонун барои миллат ва мардум менавиштанд, меъёри худпешбариро ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ ворид мекарданд, вале бо тамоми ҳилаву найранг қонунеро навишта ноқонуниро қонунӣ ҷилва медиҳанд. Аз роҳи худпешбарӣ имкони ширкати афроде пеш меояд, ки метавонад халқ дар пушташ саффу ҷамъ ва басиҷу ягона шавад. Мисли Светлана Тихановская дар Белорус.

Қонун  қабул ва мавриди иҷро қарор мегирад. Аммо ин тавр нашудааст ва набудааст, ки қонун қабул ва иҷрояш ба феълу хӯйу кайфияту завқи як кас вобаста бошад.

Сорбон Азимӣ

Аз Идораи сомона: Матолибе, ки дар гӯшаи “Блоги Шумо” ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва ё таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Аздо тв” нестанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оғози сафари Раҳмонов ба Италия

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон имрӯз, 22-уми апрел ба Италия ва Ватикан сафар кард.

Тоҷикистону Британия муҳоҷирати корӣ ва парвозҳои мустақимро баррасӣ каданд

Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Дэвид Кэмерон 22-уми апрели соли ҷорӣ дар Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Замон ва макони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо маълум шуд

Сомонаи расмии Ҳукумати Италия бо нашри хабари кӯтоҳе аз мулоқоти сарвазири Итолиё бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рум иттилоъ додааст.

Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ беш аз $7млн барқ фурӯхт

Тоҷикистон дар давоми се моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 7,2 миллион доллар ба кишварҳои ҳамсоя барқ фурӯхтааст.