13.9 C
Dushanbe

“Наличка”, ҳам барқи мардумро мефурӯшед ва ҳам таҳдид мекунед, кам истеъмол кунанд

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳоле аз талафоти нерӯи барқ изҳори нигаронӣ мекунад, ки ширкати “Барқи тоҷик” бо ирсоли як барқия ба ҳамтои афғони худ барои пешпардохти барқи содиротӣ ба ин кишвар арзи сипос кардааст.

Тибқи иттилои расонаҳо Мирзо Исмоилзода, раиси ширкати “Барқи тоҷик” дар моҳи декабри соли гузашта аз Аҳмад Довуд Нурзай, раиси ширкати “Брешно”-и Афғонистон хостааст, ки пули нерӯи барқи содиротии Тоҷикистон ба ин кишварро пешакӣ пардохт кунад. Ва дар ин дархост ҷониби Тоҷикистон тааҳҳуд супоридааст, ки ҳаҷми тавофуқшудаи содироти нерӯи барқ дар моҳҳои январ, феврал, март ва апрелро бидуни вақфа иҷро хоҳад кард.

Ширкати “Брешно” бар пояи ин тавофуқ барои ин моҳҳо пешпардохт кардааст. Ба забони авом афғонҳо нерӯи барқи Тоҷикистонро “наличка” харидаанд. Ҳоло маълум нест, ки ҳаҷми нерӯи барқи содиротӣ ба ин кишвар чанд миллион кВт / соатро ташкил медиҳад. Вале шурӯъ аз 5 январи соли ҷорӣ ҳукумати Тоҷикистон интиқоли нерӯи барқ ба аҳолии мамлакатро боз ҳам маҳдуд карда лимит ҷорӣ намуд ва ҳоло мардум ва кишвар аз соати 11-и шаб то 6-и субҳ дар ин зимистони қаҳратун дар зулмот ва торикӣ фурӯ мераванд.

Фурӯхтани нерӯи барқ на танҳо ба Афғонистон, ба ҳар кишвари дигар, аз ҷумла Ӯзбекистону Қирғизистон ва Қазоқистону Русия набояд масъала ва мушкил пеш оварад. Бигзор бифурӯшанд. Вале агарки он аз истеъмолу истифодаи халқу мардуми Тоҷикистон зиёд бошад.

Дар ҳоле, ки барои худи ин мардум лимит ҷорӣ карда шудааст, чи тавр мешавад ба кишварҳои хориҷӣ бифурӯхт? Чӣ гуна мешавад, ки хонаҳои мардуми худро, фарзанду модару падару кӯдаки халқи худро дар торикӣ ва сардӣ гузошту ба дигарҳо фурӯхту пул “кор” кард? “Наличка” пеши чашми мақомоти кишварро гирифтааст?! Магар ҳамин халқи фақиру нодор набуд, ки аз нуки нафақа, аз лаби маош ва аз пасандози барои Ҳаҷ ҷамъовардаашро саҳмияи Роғун харид?

Агар бародарони афғонистонӣ барои чаҳор моҳ “наличка” ва авансу пешпардохт карда бошанд, дар соли 2010 ба даҳҳо миллион доллар пешпардохт ва бо “наличка” саҳмияхариҳои мардум, корхонаҳо, муассисаҳои хусусиву давлатӣ куҷо шуд? Ҳадаф аз халқи худро дар торикву сардӣ нигоҳ доштан, болои онҳо азобу азият бор кардан чӣ аст? Пул? Магар мардуми тоҷик қувваи барқи ватани худашро бепул истифода кардааст? Мардум ҳам, ки пули барқро супорида истодааст.

Ҳамин як ду рӯзи пеш буд, ки Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ паём доду сиёсати дохиливу хориҷии худро тавсиф карду кору бори худро ба осмони ҳафтум бардошт. Ингор тамоми корҳо дар Тоҷикистон100%. Вале дар паёмаш аз мушкилоти норасоии нерӯи барқ ва ҷорӣ кардани лимит ба аҳолӣ ҳарфе назад. Дуруст аст, ки аз талафоти барқ гуфт. Аммо нагуфт, ки новобаста аз талафи он мо ба Афғонистон “наличка” фурӯхта истодаем.

Талафи нерӯи барқ дар Тоҷикистон ҳарфи наве нест ва ба маҳзи ҳамин “талаф”-и нерӯи барқ аст, ки ҳоло ширкати “Барқи тоҷик” 30 миллиард сомонӣ, бештар аз дуввуним млрд доллар қарздор аст. Ва ин “талаф”-и барқ дар асл як роҳи “списат” кардан ва бори дӯши мардум кардани қарзи ин ширкат аст, ки барои масъулони ин ширкат даромадҳои ҳангуфту муфт меоварад ва мусалламан Раҳмон кайҳост аз он хабар дорад.

Таъминоти нерӯи барқ ба аҳолӣ аз мушкилтарин масъалаи соли ҷории ҳукумати Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Бубинед, ки то чи андоза ба сарнавишти мардуми худаш  бетафовут ва бефарқ аст, ки барои озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ” батафсил сӯҳбат ва ҷузъ, ҷузъ баррасӣ кард. Гӯё мушкил ва кори асосии раиси давлат ҳамон буда бошад. Аммо масъалаи инро, ки чаро бо ин ҳама сохтусозҳо ва бо кордарории 2 чархаи Роғун ҳоло ҳам мардум азоби бебарқӣ мекашадро пинҳон кард. Сабаби асосии ба ин масъала, балки ба ин проблемаи №1 сарсарӣ, хоҳам нахоҳам сухан кардани Раҳмон чӣ аст?

Гап дар инҷост, ки низоми энергетикаи кишвар ва бахусус ширкати “Барқи тоҷик” солҳост ба як хуррагаҳ ва ба як “кормушка”-и масъулини ин арса ва бахусус оилаи худи Раҳмон бадал гаштааст. Маблағҳои барқи содиротии кишвар ба суратҳисобҳои оффшории ин хонавода ворез шуданашро на як бору ду бор маълум ва мушаххас кардаанд. Дигар ҳам ин аст, ки тайи даҳ соли ахир ҳадди ақал се маротиба бо фармони махсус Раҳмон қисме аз қарзҳои ин ширкатро маоф кард. Кас намедонад, ки чи қадар аз ин “списат” карданҳо даромад гирифтааст.

Ин воқеиятро наметавон пинҳон дошт, ки низоми энергетикии Тоҷикистон яке аз фосидтарин арсаҳои фаъолияти давлати Тоҷикистон аст. Амонуллои Асадулло, бародарзани Эмомалӣ Раҳмон солҳост, ки дар ин ширкат ҳарфи аввалу охирро мезанад ва ӯст, ки арсаи фурӯшу таъминоти ин ширкатро бар ӯҳда дорад.

Ахиран Бонки Осиёии Рушд барои арсаи энержии Тоҷикистон 150 миллион доллар грант тахсис дод ва ин маблағ қарор аст барои насби ҳисобкунакҳо ва навсозии бархе аз таҷҳизоти ин ширкат масраф бишавад. Ва шарти вогузории ин маблағ ҳам ин аст, ки арзиши фурӯши нерӯи барқ ба аҳолӣ боло бурда шавад.

Дар ҳоле, ки ҳамин ҳоло маълум шуд, ки тоҷикҳо дар қиёс бо бақия мардуми Осиёи Марказӣ барои қувваи барқ бештар пардохт мекардаанд ва инки Раҳмон борҳо мегуфт арзонтарин қувваи барқ дар Тоҷикистон аст, як дурӯғе беш набудааст. Барои мисол, туркманҳо 0.7, қирғизҳо аз 0.9 сент то 2.5, узбекҳо аз 1.4 то 3, қазоқҳо аз 1.5 то 6.5 сент, вале тоҷикҳо бошанд аз 2(!!) сент то 6.5 сент пардохт хоҳанд кард.

Бубинед, дар солҳои шӯравӣ, ки як давлати атеистӣ буд масҷид ва умуман ибодатхонаҳо барқи ройгон истифода мекарданд. Аммо ҳоло масҷидҳои Тоҷикистон 65 дирам, баробари корхонаҳои саноатӣ ҳаққи нерӯи барқ пардохт мекунанд. Ва нуктаи дигар, ки барои тасбит ва тақвияти ин гуфта, ки арсаи энержии кишвар як манбаи даромад ва “кормушка”-и оилаи Раҳмон бадал шудааст, ин аст, ки шарики кории Бонки Осиёии Рушд барои масрафи 150 миллион доллар гранти ҷудошуда, ҳатто на худи ширкати “Барқи тоҷик”, балки фирмаи “Авестогрупп” мебошад ва молики асосии он Рустами Эмомалӣ, писари Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ҳам шаҳрдор ва ҳам раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон мебошад.

Тардид надошта бошед, ки қисмати аъзами ин грант ҳам обулой хоҳад шуд, аммо пардохти он ва пардохти баҳраҳои он бар дӯши мардуми тоҷик аст.

Ҳоло акнун ин савол пеш меояд, ки бо чи рӯйе Раҳмон ва ҳукумати вай ба мардум гуфт, ки оби ҳавзи “Норак” кам шудааст ва барои ҳамин ногузир ҳастем, ки лимит ҷорӣ намоем. Агар оби ҳавзи “Норак” кам шуда бошад, пас аз куҷо моҳбамоҳ шумо ҳаҷми содирот, яъне фурӯши барқ ба хориҷаро зиёд кардед?

Барои фурӯш ба хориҷа ва гирифтани “наличка” об дар ҳавзи “Норак” кифоят кардааст ва боз ҳам “гарантия” додаед, ки бидуни вақфа барои чаҳор моҳи дигар ба Афғонгистон барқ содир мекунед, аммо мардуми худро дар бебарқӣ нигоҳ медоред, чаро? Бинобар навиштаи хабаргузориҳои маҳаллӣ

Тайи чор моҳи охири соли 2020 Тоҷикистон давра ба давра интиқоли нерӯи барқ ба кишварҳои ҳамсояро қариб ба андозаи 80% зиёд кардааст. Моҳи сентябри соли гузашта барқи Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи зиёда аз 1,9 млн, моҳи октябр – ҳудуди 2 млн, моҳи ноябр – беш аз 2,7 млн ва моҳи декабр – қариб 3,4 млн доллар интиқол дода шуд.

Ин кори шумо мақоли мардумии “гӯр сӯзаду дег ҷӯшад”-ро мемонад. Ҳам барқи мардумро мефурӯшед ва ҳам ба мардум таҳдид мекунед, ки зиёд истеъмол менамоед ва сабаби қатъи барқ ҳамин масрафи беш аз андозаи шумост. Воқеан ҳам бояд гиребонро дудаста гирифту лоҳавла ва лоқуввата гуфт.

Ин ҳама хонабахона гаштанҳо, ин ҳама ҷаримасозиҳо ин ҳама мардумро муттаҳам карданҳо ва ин ҳама сохторҳои давлатб: милисаву прокурору ҷамоатҳоро “светҷамъкунак” сохтанҳо, комиссия ташкил карданҳо ба хотири чӣ аст? Бале, бори дигар исбот шуд, ки   Раҳмон барқро фурӯхта истодааст. Ширкати “Da Afghanistan Breshna Shirkat”-и Афғонистон дасти дуздро рӯ кард.

Сорбон Азимӣ, таҳлилгар

Аз Идораи сомона: Матолибе, ки дар гӯшаи “Блоги Шумо” ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва ё таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Аздо тв” нестанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оғози сафари Раҳмонов ба Италия

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон имрӯз, 22-уми апрел ба Италия ва Ватикан сафар кард.

Тоҷикистону Британия муҳоҷирати корӣ ва парвозҳои мустақимро баррасӣ каданд

Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Дэвид Кэмерон 22-уми апрели соли ҷорӣ дар Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Замон ва макони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо маълум шуд

Сомонаи расмии Ҳукумати Италия бо нашри хабари кӯтоҳе аз мулоқоти сарвазири Итолиё бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рум иттилоъ додааст.

Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ беш аз $7млн барқ фурӯхт

Тоҷикистон дар давоми се моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 7,2 миллион доллар ба кишварҳои ҳамсоя барқ фурӯхтааст.