Нархи семент дар бозорҳои Тоҷикистон арзон шуд

Нархи семент дар бозорҳои Тоҷикистон пас аз болоравии бесобиқа дар рӯзҳои охир каме коҳиш ёфтааст. Дар ин бора Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, дар натиҷаи мониторинги гузаронидашуда рӯзи 29-уми май муайян шудааст, ки ҳоло нархи як халта семент дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз 54 то 60 сомонӣ буда, дар баъзе минтақаҳо бо назардошти хароҷоти ҳамлу нақл то 65 сомонӣ фурӯхта мешавад. Дар вилояти Суғд нархи семент аз 60 то 65 сомонӣ ва дар вилояти Хатлон аз 54 то 63 сомонӣ арзёбӣ шудааст.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ мегӯяд, баъди андешидани тадбирҳои муштарак бо корхонаҳои истеҳсолкунанда ва таъмини бозор бо маҳсулот, вазъ дар муддати як шабонарӯз ба эътидол омадааст.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи 28-уми май дар ҷаласаи Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз болоравии нархи семент ва камчинии он дар баъзе минтақаҳои ҷумҳурӣ интиқод карда буд. Гуфта мешавад, дар ин нишаст ба мақомоти масъул дастур дода шуда, ки пеши роҳи гароншавии нархи сементро бигиранд. Аммо бо кадом роҳ бояд пеши он гирифта шавад, маълум набуд.

Бар асоси иттилои расонаҳои давлатӣ, бо мақсади зиёд намудани истеҳсол ва таъмини бозори дохилӣ, Эмомалӣ дастур дода, ки то соли 2029 дар чанд минтақаи кишвар чор корхонаи нави истеҳсоли семент бо иқтидори умумии 6 миллион тонна сохта шавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Эмомалӣ Раҳмон дар Бишкек: аз мулоқот бо Пизишкиён то гуфтугӯ бо намояндагони ИМА

Раиcҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ ба Бишкек рафт.

Барои надоштани костюми хокистарранг хонандагонро аз дарси “Сулҳ” ронданд

Навори падаре, ки мегӯяд фарзандашро барои надоштани костюм ва...

Оғози ҳамлаҳои нав байни Амрико ва Эрон

Таниш миёни ИМА ва Эрон дубора авҷ гирифт. Нерӯҳои Амрико ду партобгари мушакии Сипоҳи посдорони Инқилоби исломиро дар ҷазираи Лорак ҳадаф қарор доданд.

Роғун: Сохтмон ё кӯлоҳбардории аср ва ояндаи норӯшани он

НОБ-и Роғун, бузургтарин сохтмони таърихи кишвар, ки аз худи...