13.9 C
Dushanbe

Нархи билетҳои чартерӣ байни Русия ва Тоҷикистон арзон шуд

Баъд аз чанд рӯзи талаби Икром Субҳонзода барои поин овардани қиммати билетҳо, чаҳор ширкати русӣ “Уралские авиалинии”, “Ютэйр”, “Сибир” ва “Северний ветер”, ки ҳамарӯза ба шаҳрҳои гуногуни Русия парвозҳои чартерӣ анҷом медиҳанд, нархномаи худро ба Агентии авиатсияи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод намуданд.

Дар ин бора Икром Субҳонзода, директори Агентӣ ба “Sputnik” Тоҷикистон хабар дод.

“Бино ба асноде, ки онҳо пешниҳод кардаанд, нархи як чипта аз 3 то 8, 5 ҳазор сомонӣ арзиш дошта, нархи миёнаи арзиши чипта барои парвоз ба самти Русия 6 – 6,5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ин нархҳо аз дуриву наздикии манотиқе вобаста аст, ки ба онҳо парвоз анҷом дода мешавад. Ширкатҳо ҳуқуқ надоранд, ки чиптаро аз ин зиёд бифрӯшанд”, – гуфт Икром Субҳонзода.

Дар идома Икром Субҳонзода қайд намуд, “Аз сохторҳои қудратӣ хоҳиш намудем, ки барои беасос баланд фурӯхтани нархи чипта ва зиёд нафурӯхтан аз он нархномае, ки худи ширкатҳо муайян кардаанд, чораандешӣ карда шавад”.

Рӯзи 22 апрел Агентии авиатсияи гражданӣ дар пайи интиқоду сарусадоҳо дар бораи ба нархҳои баланд фурӯхта шудани чиптаҳо ба Русия ҷаласаи баргузор кард, ки дар он ширкатҳои ҳавопаймоии Русия: «Уральские авиалинии», UTair, «Сибирь» ва «Северный Ветер» иштирок карданд.

Субҳонзода дар ин нишаст иброз дошта буд, ки аҳолӣ барои харидани билетҳои гарон пул наёфта дар ин шароити вазнини иқтисодӣ маҷбур шудаанд аз бонкҳо қарз гирифта билет бихаранд.

Дар ин ҷаласа Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон ширкатҳои ҳавопаймоии Русияро барои поин овардани нархи билетҳои парвозҳои чартерӣ ду рӯз муҳлат дода буд. Ӯ ҳамчунин қайд намуда буд, ки Дар ҳоли иҷро нашудани талаб, барои манъ намудани парвозҳо чораҳои дахлдор андешида мешавад.

Бино ба иттилои ғайрирасмӣ, он шабу рӯз қимати як чипта дар чиптафурӯшиҳои ин ширкатҳо то 10 ва дар “бозори сиёҳ” ё тариқи миёнаравҳо то 12 – 13 ҳазор сомонӣ фурӯхта мешуд.

Чанде пеш як сокин аз вилояти Хатлон дар суҳбат ба “Аздо тв” гаронии билетҳоро тасдиқ карда гуфта буд, ки дар маркази вилоят, шаҳри Бохтар билет пайдо карда натавониста, билетфурӯшон гуфтаанд, система фаъол нест ба Душанбе раванд. Ӯ мегӯяд, 4 рӯз дар Душанбе навбатпоӣ карда ва талош намуда, ки билет харад, вале натавонист.

Ӯ гуфт: “Баъзе шиносҳоям то 10 ҳазор сомонӣ билет хариданд, ҳатто медонам онҳоеро, ки то 12 ҳазор ҳам хариданд. Аз Шумо хоҳиш, расонед ба гӯши мақомдорон, ки билетро арзон кунанд”.

Тибқи иттилои Агентии авиатсияи гражданӣ, ҳоло ҳамарӯза 8 то 10 парвози чартерӣ ба шаҳрҳои гуногуни Русия, аз ҷумла Маскав, Санкт-Петербург, Қазон, Уфа, Сочи, Екатеринбург, Новосибирск, Самара, Красноярск, Краснодар ва ғайра, парвозҳои чартерӣ анҷом дода мешаванд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оғози сафари Раҳмонов ба Италия

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон имрӯз, 22-уми апрел ба Италия ва Ватикан сафар кард.

Тоҷикистону Британия муҳоҷирати корӣ ва парвозҳои мустақимро баррасӣ каданд

Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Дэвид Кэмерон 22-уми апрели соли ҷорӣ дар Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Замон ва макони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо маълум шуд

Сомонаи расмии Ҳукумати Италия бо нашри хабари кӯтоҳе аз мулоқоти сарвазири Итолиё бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рум иттилоъ додааст.

Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ беш аз $7млн барқ фурӯхт

Тоҷикистон дар давоми се моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 7,2 миллион доллар ба кишварҳои ҳамсоя барқ фурӯхтааст.