Нерӯгоҳи барқи обии “Қайрақум”, ки аз куҳнатарин нерӯгоҳҳои кишвар ба ҳисоб меравад, пас аз таъмиру таҷдид ва бо иқтидори тавлиди бештари нерӯи барқ ба кор оғоз кард.
Дар ин бора хабаргузории “Ройтерз” 20-уми ноябр бо такя ба Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) хабар додааст.
“Дар Тоҷикистон бо дастгирии молии БАТР як лоиҳаи бузург дар соҳаи энергетикаи барқароршаванда анҷом ёфт. Шаш агрегати нави барқии НБО-и “Қайрақум” бо иқтидори умумии 174 мегаватт ба таври муваффақона ба истифода дода шуданд”, — гуфта мешавад дар иттилои намояндагии БАТР.
Ин нерӯгоҳ, ки дар рӯди Сирдарё – яке аз ду манбаъҳои асосии обии минтақа ҷойгир аст, беш аз 500 ҳазор сокини вилояти Суғди кишварро бо нерӯи барқ таъмин мекунад. Гуфта мешавад, то таъмиру навсозӣ, иқтидори умумии ин нерӯгоҳ 126 мегаваттро ташкил медод ва ҳамчунин технологияи он низ ҳама куҳна ва фарсуда шуда буданд.
Тибқи иттилои БАТР, корҳои навзосӣ дар НБО “Қайроқум” аз соли 2019 оғоз ёфта буданд. Ва лоиҳа бо сармоягузории Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва бо маблағи 196 миллион доллар анҷом ёфтааст.
Аммо то ҳанӯз мақомоти Тоҷикистон, аз ҷумла Вазири энергетика ва захираҳои оби кишвар расман хабар надодааст, ки ин нерӯгоҳ ба истифода дода шуд ва бо маблағи кадом ҷиҳат ин навсозӣ сурат гирифтааст.
Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон моҳи август хабар дода буд, ки вазири ин ниҳод аз НБО “Қайроқум” дар вилояти Суғд дидан кардааст ва интизор меравад, то моҳи сентябри соли 2025 дар нерӯгоҳи мазкур корҳои таъмир ва навсозӣ пурра анҷом ёбад.
Вале бо вуҷуди ду моҳи таъхир аз ваъдаи анҷоми лоиҳа, Вазорати энергетика нагуфта, ки сармоягузори асосӣ кадом тараф аст. Одатан дар чунин ҳолатҳо, мақомот ҳама корҳоро ба “ташаббус”-и Эмомалӣ Раҳмон ва “сиёсатҳои хирадмандона”-и ӯ рабт медиҳанд, вале намегӯянд маблағ аз куҷо омадааст.
