Нигаронии Дидбони Ҳуқуқи Башар аз мақомоти Олмон барои ихроҷи Асадулло Бобоев

Созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон Human Rights Watch (Дидбони Ҳуқуқи Башар) мақомоти Олмонро барои ихроҷи мухолифи тоҷик Асадулло Бобоев ба Тоҷикистон интиқод кард. Ин ниҳоди ҳомии ҳуқуқи инсон гуфтааст, кишвари Омлон уҳдадориҳои байналмилалии худро дар ҳифзи афроде, ки бо хатари шиканҷа ва таъқиб рӯ ба рӯ ҳастанд, иҷро накардааст.

Дар изҳороте, ки рӯзи 7-уми июл нашр шуд, Ҳю Вилямсон, директори бахши Аврупо ва Осиёи Марказии созмон, изҳор дошта, ки Асадулло Бобоев ба далели интиқод аз ҳукумати Тоҷикистон мавриди ҳадаф қарор гирифтааст. Ба гуфтаи ӯ, мақомоти Олмон бояд сабабҳои ихроҷи Бобоевро бозбинӣ намуда, инчунин барои рӯшан шудани вазъи боздошти ӯ ба мақомоти Тоҷикистон фишор оваранд.

Тибқи иттилои Human Rights Watch, мақомоти Олмон моҳи июни соли ҷорӣ, сарфи назар аз нигарониҳои ҷиддӣ дар бораи эҳтимоли шиканҷа ва зиндонӣ шудани Асадулло Бобоев, ӯ ва писарашро ба Тоҷикистон бозпас фиристоданд.

Созмон таъкид мекунад, ки мувофиқи қонунҳои байналмилалӣ, бозгардондани шахс ба кишваре, ки дар он бо хатари воқеии шиканҷа ё муносибати ғайриинсонӣ рӯ ба рӯ мешавад, манъ аст. Ба гуфтаи Human Rights Watch, Олмон низ ба ин санадҳои байналмилалӣ ҳамроҳ шудааст ва бояд ба ин уҳдадориҳо пойбанд бошад.

Дидбони Ҳуқуқи Башар ҳамчунин аз мақомоти додгоҳӣ ва Хадамоти муҳоҷирати Олмон даъват кардааст, ки ҳангоми баррасии парвандаҳои шаҳрвандони Тоҷикистон, бахусус мухолифон ва мунтақидони ҳукумат, хатари эҳтимолии таъқиб ва нақзи ҳуқуқи онҳоро ҷиддӣ ба назар гиранд ва чунин ихроҷҳоро ба як амали маъмулӣ табдил надиҳанд.

Ёдовар мешавем, Асадулло Бобоев, паноҳҷӯи 54-солаи тоҷик, моҳи июни соли ҷорӣ ҳамроҳи писари 19-солааш аз Олмон ба Тоҷикистон ихроҷ шуд. Ба гуфтаи ҳамсараш, ӯ пас аз расидан ба Душанбе аз ҷониби мақомоти тоҷик боздошт гардида, писараш ба дасти модарбузургаш супурда шудааст. Бобоев, ки худро узви Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон муаррифӣ мекард, пештар изҳор дошта буд, ки дар Тоҷикистон бо иттиҳоми тундгароӣ таҳти пайгард қарор дорад ва дар сурати бозгашт бо хатари шиканҷа ва зиндон рӯ ба рӯ хоҳад шуд. Ҳоло сарнавишти ӯ нигаронии наздиконаш ва созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқи инсонро ба миён овардааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тифли дуздидашударо баъди панҷ рӯз пайдо карданд

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, навзоде, ки шаби 11-уми октябр аз як таваллудхона дар Душанбе ғайб зада буд, "сиҳату саломат" пайдо шудааст.

Мулоқот бо СБП: кадом хавфҳои иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ шуданд?

Ҳайати Тоҷикистон рӯзи 13-уми октябр дар Тайланд бо роҳбарияти СБП масъалаҳои сиёсати пулию қарзӣ, рушди низоми бонкӣ ва таҳкими суботи иқтисодиро баррасӣ кард.

Аз тиб то сартарошхона: муҳоҷирон дар Санкт-Петербург аз кор дар чанд соҳа маҳрум шуданд

Дар шаҳри Санкт-Петербург барои муҳоҷироне, ки бо патент фаъолият мекунанд, маҳдудиятҳои нави корӣ ҷорӣ шуд.

Тамдиди мораторияи санҷиши соҳибкорон то соли 2029

Эмомалӣ Раҳмон дастур додааст, ки санҷиши фаъолияти соҳибкорони хурду миёна то 1-уми январи соли 2029 маҳдуд карда шавад.