Нигаронии наздикони Саидумар Ҳусайнӣ аз вазъи саломатии ӯ дар зиндон

Писари Саидумар Ҳусайнӣ, муовини зиндонии раиси Наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, вазъи саломатии падараш дар зиндон хуб нест. Дар ин бора Муҳаммадиқбол Ҳусайнӣ рӯзи 9-уми июл дар суҳбат бо Радиои Озодӣ хабар додааст.

Ба гуфтаи ӯ, Саидумар Ҳусайнӣ пас аз ҷарроҳии сутунмуҳра дубора аз дарди шадиди пойҳо ва фишори баланди хун ранҷ мебарад. Ӯ иддао дорад, ки шароити нигоҳдорӣ дар зиндон ва фишорҳои равонӣ сабаби бадтар шудани вазъи саломатии падараш шудаанд.

Муҳаммадиқбол Ҳусайнӣ мегӯяд, наздикон пайваста барои ӯ дору мерасонанд, аммо таъсири онҳо кӯтоҳмуддат буда, дард дубора бармегардад. Ба гуфтаи ӯ, шикоятҳо дар бораи бадрафторӣ бо Саидумар Ҳусайнӣ аз рӯзҳои аввали боздошт садо дода, то ҳол идома доранд.

Дар ҳамин ҳол, Абдусаттор Бобоев, раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон, ки қароргоҳаш дар Лаҳистон ҷойгир аст, гуфтааст, онҳо моҳи июн аз манобеи худ дар бораи фишорҳои ҷисмонӣ нисбат ба Саидумар Ҳусайнӣ маълумот гирифтаанд. Ба гуфтаи ӯ, чунин муносибат бо маҳбусон ғайриқонунӣ буда, ба меъёрҳои ҳуқуқи инсон мухолиф аст.

Масъулони Раёсати зиндонҳои Вазорати адлия ба дархости ин расона барои шарҳи вазъияти саломатии ин маҳбуси сиёсӣ посух надодааст.

Қаблан низ наздикони Маҳмадалӣ Ҳайит, узви аршади Наҳзати исломӣ ва ҳамкори Саидумар Ҳусайнӣ, аз шиканҷа ва бадрафторӣ нисбат ба ӯ дар зиндон хабар дода буданд. Наздикони ӯ низ ҳукми ҳабси абадро дорои ангезаҳои сиёсӣ медонанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Wildberries, қарзи бонк ва тоҷики ҳалолкор

Зарбаҳои Укроин ба амборҳои бузургтарин бозоргоҳи (маркетплейс) Русия идома...

Дороиҳои миллиардии як зодаи Тоҷикистон

Фарзандони вакили Думаи давлатии Русия аз ҳизби ҳокими “Единая Россия” ва зодаи Тоҷикистон Раҳим Азимов соҳиби амволи гаронарзише мебошанд, ки арзиши умумии онҳо тақрибан ба 2 миллиард рубл мерасад. 

Бедарак шудани се духтари афғон дар Варшава

Дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон (Полша) се хоҳар, ки узви як хонавода ва зодаи Афғонистон ҳастанд, як ҳафта боз нопадид шудаанд. 

Муҳоҷирати кории шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия 18% коҳиш ёфта аст

Дар шаш моҳи аввали соли 2026 шумори шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои кор ба Русия сафар кардаанд, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18 дарсад кам шудааст.