26.9 C
Dushanbe

Нигаронии Мишел Бачелет аз вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон

Комиссари олии СММ дар умури ҳуқуқи башар Мишел Бачелет дар ҷаласаи 49-уми Шӯрои ҳуқуқи башар аз идомаи саркӯби мухолифони тоҷик аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кард.

Хонум Мишел бо нигаронӣ мегӯяд, мақомоти амниятии Тоҷикистон дар баробари фишору саркӯби хонаводаҳои мухолифон, инчунин дар байни сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тарсу ваҳшатро эҷод кардааст.  

Ӯ мегӯяд, “хушунат миёни нерӯҳои амниятӣ ва эътирозгарон дар моҳи ноябри соли 2021 дар ВМКБ вазъи ҳуқуқи башарро дар ин минтақа бад кард ва фазои тарсро эҷод намуд.”

Дар идома Комиссари олии СММ қатъи интернетро дар ВМКБ нақзи ошкори ҳуқуқи башар номид. Ӯ ҳамчунин аз саркӯби мухолифони сиёсӣ дар Тоҷикистон ва зиёд шудани шумораи мухолифоне, ки барои муддатҳои зиёд равонаи зиндон мешаванд, изҳори нигаронӣ кард.

Хонум Мишел дар охир қайд кард, ки мухолифон дар чаласаҳои додгоҳие маҳкум ба зиндон мешаванд, ки ба меъёрҳои қонунӣ мувофиқат намекунанд.

Мақомоти тоҷик то ҳол ба интиқодҳои комиссари олии СММ дар мавриди ҳуқуқи башар Мишел Бачелет посухи расмӣ надодааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мулоқоти Раҳмонов ва Пизишкиён дар Озарбойҷон

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот кард.

Гармои шадид дар Тоҷикистон сокинонро нигарон кардааст

Рӯзҳои ахир шиддати гармои тобистонӣ дар Тоҷикистон аксари сокинонро нигарон кардааст.

Имомуддин Сатторов сафири Тоҷикистон дар Лаҳистон шуд

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон ва Лаҳистон Имомуддин Сатторов эътимодномаи худро ба Президенти Лаҳистон Анджей Дуда супорид.

Толибонро аввалин кишвари дунё расман эътироф кард

Пас аз чор соли ба сари қудрат расидани Толибон дар Афғонистон Русия аввалин кишваре шуд, ки ҳукумати сарпарастро ба расмият шинохт.