16.9 C
Dushanbe

Ёдгор Файзов ҳам ба гурӯҳи чоплӯсҳо пайваст?

Дар Хорӯғ барои истиқбол аз сафари президент кӯдакону наврасон ва занони калонсолро ба маршировка ҷалб карда, масъулон бо онҳо муомилаи дурушт мекунанд.

Сокинони Хорӯғ аз бемасъулитии мақомот шикоят карда, мегӯянд, ки фарзандони онҳо рӯзона аз “маршировка” соти 21-22 шаб ба хона мерасанд. Модаре дар гурӯҳи фейсбукии

Ин модар аз он шикоят дорад, ки тақрибан як моҳ аст ба хотири омадани Президент дар Хоруғ “маршировка” баргузор карда истодаанд ва вақтҳои охир ин маршировкаҳо, бо вуҷуди набудани нақлиёти ҷамъиятӣ дар роҳҳо, то соати 9-10-и шаб идома мекунад.

Вай меафзояд, оилаи онҳо 20 км дуртар аз шаҳри Хоруғ ва хешовандонашон низ дар Хоруғ дуртар аз маҳалли маршировка зиндагӣ мекунанд.

Ин модар, ки номаш Саидмо аст, мегӯяд, шоми дирӯз, 23-юми сентябр вақте ки духтар ва дугонааш пиёда ба сӯи хонаи хешовандон мерафтанд, як мошин пур аз мардони маст, ки бо забонҳои помирӣ гап намезаданд ва зоҳиран мардуми таҳҷоӣ набуданд, дар назди онҳо истода, пешниҳоди ба мошин савор шуданро кардаанд.

Ин модар мепурсад: “Агар, Худо накунад, бо духтари ман ё дигар донишҷӯён чизе рух диҳад, кӣ ҷавобгар хоҳад буд? муассисаи таълимӣ ё ташкилотчиён? Дар куҷо гуфта шудааст, ки моҳҳо ба ҷои таҳсил маршировка бояд кард? Ва агар Президент ҳар ҳафта аз Хоруғ дидан кунад, пас онҳо умуман таҳсил намекунанд? Чаро шабона донишҷӯён бо нақлиёт таъмин нестанд ???”

Гуфта мешавад, нархи роҳкиро тавассути нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳри Хорӯғ 2 сомониро ташкил медиҳад ва барои рафту омад ба маршировка рӯзона дасти кам бояд 4 сомонӣ харч кард.

Навиштаи ин модар дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳо ва нигарониҳои зиёдеро ба бор овардааст. Аз ҷумла, корбаре бо номи Азамат Абдуллоев менависад, ҳатто ректори донишгоҳ дар фикри таъмини амнияти донишҷӯдухтарон нест, ки шабона чи гуна ба хонаҳои худ бираванд?

Ҳамзамон Алим Шерзамонов, фаъоли сиёсии тоҷик ва муовини Паймони Миллии Тоҷикистон дар ин бора мегӯяд, пештар раиси вилоят ҷаноби Ёдгор Файзов гуфта буд, ки сафарҳои президент сафарҳои хидматӣ буда, бидуни дабдаба баргузор мешаванд, аммо ин дафъа ба назар мерасад худи Эмомалӣ Раҳмон Ёдгор Файзовро маҷбур кардааст, ки бояд мисли дигарон дар Бадахшон ҳам бо дабдаба президентро пешвоз бигиранд.  

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Як соҳибкор ба хотири писараш боздоштгоҳи нав сохт

Як соҳибкори маҳаллӣ аз Истаравшан пас аз дидани вазъи фарзанди боздоштшудааш, як боздоштгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и наве сохта ба мақомот додааст.

Дар интихоботи Маҷористон ҳампаймони Амрико шикаст хӯрд

Виктор Орбан, "дӯст"-и Путин ва Трамп дар интихоботи парлумонии Маҷористон шикаст хӯрд.

Боздошти як зани овозхон бо итиҳоми ҷалби духтарон ба танфурӯшӣ

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо нашри иттилоияе аз боздошти як зани овозхон хабар дод, ки дар ҷиноятҳои шаҳвонӣ гумонбар дониста мешавад.

Ҷанги Амрико ва Эрон: Аз аҳдофи нотамом то музокироти ноком

Эъломи оташбаси дуҳафтаӣ дар миёни Амрико ҳамроҳ бо Исроил ва Эрон ва нокомии даври аввали музокирот байни ҷонибҳо абъоди тозаеро ба вуҷуд овардааст.