29.9 C
Dushanbe

Нишасти изтирории ду ҳавопаймои масири Русия Тоҷикистон дар Тошкент

Ду ҳавопаймои ширкатҳои “Ural Airlines” ва ширкати “S7 Airlines”, ки мусофиронро аз Маскав ва Екатеренбург ба шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон меоварданд, масири худро иваз карда, дар фурӯдгоҳи Тошкент нишасти изтирорӣ анҷом доданд.

Акс аз “РИА Новости”

Ба гузориши “РИА Новости” ба нақл аз намояндаи Фурӯдгоҳи байналмилалии Узбекистон, субҳи рӯзи 1-уми феврал як ҳавопаймо соати 06:13 ва дуюмӣ соати 06:53 ба вақти маҳаллӣ дар фурӯдгоҳи Тошкент ба замин фурӯд омаданд.

Бино ба иттилои манбаъ, ҳавопаймои ширкати “Ural Airlines” бо хатсайри SVR-8955 Екатеренбург-Хуҷанд ҳамроҳаш 78 мусофир ва ҳавопаймои ширкати “S7 Airlines” бо хатсайри SBI-3241 Маскав-Хуҷанд 187 мусофир доштаанд.

Сабаби нишасти изтирории ҳавопаймоҳои масири Русия Тоҷикистон дар фурӯдгоҳи Тошкент номусоид будани ҳаво ва фаромадани туман дар шаҳри Хуҷанд гуфта мешавад. Дар сурати мусоид шудани боду ҳаво ҳавопаймоҳо масири худро идома медиҳанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мулоқоти Раҳмонов ва Пизишкиён дар Озарбойҷон

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот кард.

Гармои шадид дар Тоҷикистон сокинонро нигарон кардааст

Рӯзҳои ахир шиддати гармои тобистонӣ дар Тоҷикистон аксари сокинонро нигарон кардааст.

Имомуддин Сатторов сафири Тоҷикистон дар Лаҳистон шуд

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон ва Лаҳистон Имомуддин Сатторов эътимодномаи худро ба Президенти Лаҳистон Анджей Дуда супорид.

Толибонро аввалин кишвари дунё расман эътироф кард

Пас аз чор соли ба сари қудрат расидани Толибон дар Афғонистон Русия аввалин кишваре шуд, ки ҳукумати сарпарастро ба расмият шинохт.