Нишасти НАТО дар Анқара: Трамп бо раҳбарони 32 кишвар мулоқот мекунад

Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп барои иштирок дар нишасти дурӯзаи сарони кишварҳои узви Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО), ки рӯзҳои 7-ум ва 8-уми июл дар шаҳри Анқараи Туркия баргузор мешавад, вориди ин кишвар шуд.

Дар нишаст раҳбарони 32 кишвари узви НАТО масъалаҳои муҳими амнияти байналмилалӣ, аз ҷумла ҷанги Русия ва Украина, афзоиши хароҷоти дифоӣ, рушди саноати ҳарбӣ ва таҳкими ҳамкориҳои низомиро баррасӣ мекунанд.

Яке аз мавзуъҳои асосии музокирот талаботи Вашингтон аз шарикони аврупоӣ барои зиёд кардани саҳми онҳо дар хароҷоти мудофиа мебошад. Доналд Трамп борҳо таъкид кардааст, ки кишварҳои аврупоӣ бояд масъулияти бештари таъмини амнияти худро ба дӯш гиранд. Дар остонаи нишаст мақомоти НАТО хабар доданд, ки кишварҳои аврупоӣ ва Канада соли гузашта хароҷоти дифоии худро ба таври назаррас афзоиш додаанд.

Интизор меравад, ки дар ҳошияи нишаст Доналд Трамп бо президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон ва инчунин бо чандин роҳбари дигари кишварҳои узви НАТО мулоқот анҷом диҳад. Аз ҷумла, масъалаҳои марбут ба идомаи кумакҳои низомӣ ба Украина, ҳамкориҳои мудофиавӣ ва вазъи амниятӣ дар Ховари Миёна низ дар маркази гуфтугӯҳо қарор хоҳанд гирифт.

НАТО инчунин тасмим дорад дар ин нишаст бастаи нави кумакҳои ҳарбӣ ба Украинаро баррасӣ намуда, бар идомаи пуштибонии худ аз Киев таъкид кунад. Ҳамзамон, сарони кишварҳо масъалаи сармоягузории бештар ба саноати мудофиа ва истеҳсоли таҷҳизоти низомиро низ муҳокима хоҳанд кард.

Ин нишаст дар ҳоле баргузор мешавад, ки таҳаввулоти ҷанги Украина, муносибатҳои кишварҳои узви НАТО ва масъалаи тақсими масъулияти дифоӣ ба яке аз мавзуъҳои калидии сиёсати байналмилалӣ табдил ёфтааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тифли дуздидашударо баъди панҷ рӯз пайдо карданд

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, навзоде, ки шаби 11-уми октябр аз як таваллудхона дар Душанбе ғайб зада буд, "сиҳату саломат" пайдо шудааст.

Мулоқот бо СБП: кадом хавфҳои иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ шуданд?

Ҳайати Тоҷикистон рӯзи 13-уми октябр дар Тайланд бо роҳбарияти СБП масъалаҳои сиёсати пулию қарзӣ, рушди низоми бонкӣ ва таҳкими суботи иқтисодиро баррасӣ кард.

Аз тиб то сартарошхона: муҳоҷирон дар Санкт-Петербург аз кор дар чанд соҳа маҳрум шуданд

Дар шаҳри Санкт-Петербург барои муҳоҷироне, ки бо патент фаъолият мекунанд, маҳдудиятҳои нави корӣ ҷорӣ шуд.

Тамдиди мораторияи санҷиши соҳибкорон то соли 2029

Эмомалӣ Раҳмон дастур додааст, ки санҷиши фаъолияти соҳибкорони хурду миёна то 1-уми январи соли 2029 маҳдуд карда шавад.