19.9 C
Dushanbe

ҲНИТ калимаи “ҳизб”-ро аз номаш гирифт

Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) бо нашри баёнияе эълон кард, ки аз номаш калимаи “ҳизб”-ро бардоштааст.

Дар баёния омадааст, ки Рёсати олии ҲНИТ ба ин хулоса расида, ки вобаста ба шароити муҳоҷират шакли фаъолият ва номи худро тағйир медиҳад. Бар асоси қарори Раёсати олии созмон, минбаъд калимаи “ҳизб” аз номи он бардошта шуда, созмон таҳти номи “Наҳзати Исломии Тоҷикистон” (НИТ) фаъолияти худро идома хоҳад дод.

Ҳамчунин дар баёнияи расмии ҲНИТ (минбаъд НИТ) омадааст, ки ин тасмим рӯзи 20-уми майи соли ҷорӣ пас аз раъйгирии Раёсати олӣ ва дар такя ба хулосаҳои гурӯҳи корӣ қабул шудааст. Гуфта мешавад, гурӯҳи кории мазкур моҳи декабри соли 2025 барои арзёбии шароити нави муҳоҷират ва воқеиятҳои сиёсии минтақаву ҷаҳон таъсис ёфта буд.

Руҳбарияти НИТ ин тағйиротро як “ислоҳоти роҳбурдӣ, фикрӣ ва сохторӣ” унвон карда, заминаҳои асосии онро мутобиқшавӣ ба шароити ҳиҷрат, тағйироти глобалӣ ва минтақавӣ нисбат ба ҳизбу ҳаракатҳои сиёсии динӣ, эҷоди тавозун байни дину сиёсат ва коҳиши танишҳо байни арзишҳои миллӣ ва мазҳабӣ дар ҷомеа арзёбӣ кардааст.

Нашри ин баёния вокунишҳои зиёдеро байни корбарон ба вуҷуд овард. Бархе аз аъзои ин ҳизб эътироз карданд, ки тағйири номи ҳизб дар салоҳияти Анҷуман аст на дар салоҳияти Раёсати олӣ. Ва ҳамчунин баъзе солҳо матраҳ карданд, ки бо тағйири ном шакли фаъолияти ин ҳаракати сиёсӣ чӣ гуна ва дар кадом чорчӯб сурат мегирад.

Барои пайдо кардани посухи ин ва дигар суолҳо Azda tv ба масъулони НИТ муроҷиат кард. Сухангӯи НИТ Шавкати Муҳаммад дар посух ба ин суолҳо гуфт: “Дар шароити муқаррарӣ ва фаъолияти озоди ҳизбӣ, албатта, тағйири ном, барнома ва оиннома аз ҷумлаи масъалаҳое мебошанд, ки одатан дар Анҷуман баррасӣ ва қабул мешаванд. Дар ин масъала баҳсе вуҷуд надорад. Аммо баҳси имрӯз дар бораи шароити муқаррарӣ нест.”

Сухангӯи НИТ дар идома афзуд, ки ҲНИТ беш аз даҳ сол аст, ки дар шароити ҳиҷрат ва маҳдудиятҳои ҷиддӣ фаъолият мекунад. “Дар чунин вазъият баргузории Анҷумани умумӣ бо иштироки намояндагони тамоми сохторҳо амалан ғайриимкон гардидааст.”

Ӯ таъкид кард, ки “Маҳз барои пешгирӣ аз фалаҷ шудани фаъолияти ташкилот, дар гузашта аз ҷониби Раёсати Олии ҲНИТ қарори махсусе қабул гардида буд, ки тибқи он, то замони фароҳам омадани имкони баргузории анҷуман, тамоми ваколатҳои Анҷуман ба Раёсати Олӣ вогузор карда шуданд.”

Дар робита ба шакли фаъолияти НИТ пас аз тағйири ном, Шавкати Муҳаммад мегӯяд, фаъолияти сиёсии ин ҳаракат қатъ намешавад. “Наҳзати исломии Тоҷикистон бо ин қарор намегӯяд, ки аз саҳнаи сиёсат хориҷ мешавад, баракс мегӯяд, ки барои муассиртар, фарогиртар ва мутобиқтар шудани фаъолити худ ба воқеиятҳои нав аз қолаби танги ҳизбӣ ба шакли ҳаракати миллӣ, фикрӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ мегузарад.”, мегӯяд сухангӯи НИТ.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Курсҳои ройгони омодагӣ ба имтиҳони забони русӣ барои муҳоҷирони корӣ

Дар Душанбе барои шаҳрвандоне, ки барои кор ба Русия...

Додситони ноҳияи Балҷувон пас аз тафтиши дохилӣ аз мақом барканор шуд

Мурод Муқимзода, додситони ноҳияи Балҷувон, пас аз тақрибан як соли фаъолият аз вазифааш барканор шудааст.

Шаҳрванди Афғонистон дар Ваҳдат бо гумони куштани падараш боздошт шуд

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти як шаҳрванди 25-солаи Афғонистон бо гумони куштани падараш дар шаҳри Ваҳдат хабар дод.

Трамп дар хитоб ба Натанёҳу: “Ту девона шудаӣ”

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар як тамоси телефонӣ Бинёмин Натанҳоё, нахуствазири Исроилро бо лаҳни тунд сарзаниш кардааст.