Наҳзати исломии Тоҷикистон (НИТ) ҷузъиёти тағйирот дар ном, рамзҳо ва сохтори дохилии худро дар як суҳбати хусусӣ шарҳ дод.
Исломиддин Саидов, муовини аввали НИТ рӯзи панҷшанбе, 27-уми август, дар суҳбат бо Azda TV гуфт, ки хориҷ кардани калимаи “ҳизб” аз номи созмон ва тағйир додани рамзи он бахше аз ислоҳоти дохилии ҳаракат буда, ба мавқеъ ва шуҳрати он таъсири манфӣ нахоҳад дошт.
Муовини аввали НИТ мегӯяд, тағйирот дар сохтор ва фаъолияти НИТ падидаи нав нест ва роҳбарияти ҳаракат дар тӯли фаъолияти чандинсолаи худ вобаста ба шароит ва воқеиятҳои нав ба чунин бознигариҳо даст задааст.
Ба гуфтаи ӯ, пас аз баҳсу баррасиҳои тӯлонӣ роҳбарияти НИТ моҳи майи соли 2026 тасмим гирифтааст, ки калимаи “ҳизб” аз номи созмон хориҷ карда шавад. Ба ин тартиб, созмон минбаъд бо номи “Наҳзати исломии Тоҷикистон” фаъолият хоҳад кард.
Саидов гуфт, тағйири ном ва рамзи ҳаракат ба мавқеи он таъсир намерасонад, зеро НИТ ин равандро мутобиқшавӣ ба шароити нав ва идомаи ислоҳоти дохилӣ медонад. Ба гуфтаи ӯ, вобаста ба зарурат дар оянда низ эҳтимоли ворид кардани тағйирот ба ном, сохтор ва тарзи фаъолияти ҳаракат вуҷуд дорад.
Дар мавриди рамзи нави НИТ Саидов гуфт, ки дар он аз чанд навъи хат истифода шудааст. Ба гуфтаи ӯ, дар дохили нишон навиштаҳо бо алифбои форсӣ ва англисӣ ҷой гирифта, дар қисми берунии он алифбои кириллӣ истифода шудааст.
Аммо, Шавкати Муҳаммад, сухангӯи НИТ, дар посух ба саволи Azda TV дар бораи набудани Ворух дар харитаи рамзи нави ҳаракат гуфт, ки НИТ Ворухро анклав намедонад.
“Мо Ворухро анклав қабул надорем ва Ворух ба Тоҷикистон пайваст аст”, — мегӯяд ӯ.
Ба гуфтаи Шавкати Муҳаммад, НИТ бо харитаҳое, ки Ворух ва атрофи онро ҳамчун анклав ва қаламрави Қирғизистон нишон медиҳанд, мувофиқ нест. Аз ин рӯ, дар харитаи истифодашуда дар рамзи нави ҳаракат Ворух ҳамчун анклав нишон дода нашудааст.
Сухангӯи НИТ ҳамчунин сабаби аз рамзи нави ҳаракат хориҷ шудани ояти Қуръонро шарҳ дод. Ба гуфтаи ӯ, дар рамзи қаблӣ ояте истифода мешуд, ки дар он калимаи “ҳизб” омада буд. Азбаски тибқи низомномаи нави НИТ созмон дигар ҳизб ҳисоб намешавад ва ҳамчун “ҳаракат” фаъолият хоҳад кард, ин оят низ аз рамзи нав хориҷ шудааст.
Қаблан НИТ аз қабули низомномаи нав ва рамзи нави худ хабар дода буд. Роҳбарияти ҳаракат мегӯянд, ки ин тағйирот дар доираи ислоҳоти дохилӣ сурат гирифта, ҳадафи он мутобиқ кардани сохтор ва фаъолияти созмон ба шароити нави сиёсӣ мебошад.
