26.9 C
Dushanbe

Кабирӣ ба Путин: натиҷаи коратон дар Тоҷикистон шикасти сиёсист!

Муҳиддин раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон, эътилофи мухолифин дар хориҷи кишвар бо номаи саркушода ба раисҷумҳури Русия муроҷиъат кард.

Дар нома Кабирӣ аз Путин даъват кардааст ба террористӣ шинохта шудани ҲНИТ дар Русия иҷоза надиҳад ва “ҳизби мухолифи тоҷикеро, ки умдатан бетараф ва ҳатто дӯст аст” душман эълон накунад.

Ӯ ин тасмимро аҷулона номида, гуфтааст, “дар сурати қабул гардидани ин қарор, даҳҳо ва садҳо ҳазор тарафдорон ва собиқ аъзоёни ҳизб ва шаҳрвандони оддии Тоҷикистон бори дигар қурбонии таъқибҳо ва фишорҳои сиёсиву равонӣ дар Тоҷикистон ва Русия мегарданд”.

Раҳбари мухолифини тоҷик сиёсатеро, ки вақтҳои охир Русия дар Тоҷикистон пеш гирифтааст маҳкум ба шикаст номида навиштааст, ки “солҳои охир шарикони русиягии Раҳмон барои розӣ кардани ӯ қадам ба қадам дастовардҳои сиёсиеро, ки Русия дар сад соли охир бо дипломатия, қувваи нарм ва фарҳанг ба онҳо ноил шуда буд, аз даст доданд”.

Дар нома зикр шудааст, ки “сиёсати дастгирии саркӯбҳои саросарӣ, ки Раҳмон нисбати мардуми ВМКБ анҷом медиҳад, аллакай ҳазорҳо бадахшониро дар ин минтақаи аз нигоҳи таърихиву суннатӣ ҷонибдори Русия, рӯйгардон ва ноумед кард. Он чи шумо дар Тоҷикистон анҷом медиҳед, шикасти сиёсист, Владимир Владимирович”.

Манбаъ: payom.net

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мулоқоти Раҳмонов ва Пизишкиён дар Озарбойҷон

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот кард.

Гармои шадид дар Тоҷикистон сокинонро нигарон кардааст

Рӯзҳои ахир шиддати гармои тобистонӣ дар Тоҷикистон аксари сокинонро нигарон кардааст.

Имомуддин Сатторов сафири Тоҷикистон дар Лаҳистон шуд

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон ва Лаҳистон Имомуддин Сатторов эътимодномаи худро ба Президенти Лаҳистон Анджей Дуда супорид.

Толибонро аввалин кишвари дунё расман эътироф кард

Пас аз чор соли ба сари қудрат расидани Толибон дар Афғонистон Русия аввалин кишваре шуд, ки ҳукумати сарпарастро ба расмият шинохт.