23.9 C
Dushanbe

НОМАРДӢ ВА ВАҲШОНИЯТ! ИН ҲУКУМАТ ОЁ ЯГОН СОҲИБ ДОРАД?

Мирзои Салимпур, рӯзноманигори шинохтаи тоҷик бо ношари як нома дар торнамои (Akhbor.com) аз мақомоти кишвар хостааст, ки даст аз фишору таъқиби хешовандонаш бардоранд. Ӯ номаро ба унвонии раиси Дастгоҳи Президент Озодаи Эмомалӣ ва Ёрдамчии Президенти Тоҷикистон Раҳмонзода Абдуҷаббор ирсол намудааст. Салимпур дар номаи худ изҳор доштааст, ки ҳамаи ин фишору таъқибҳои наздикони ӯ ба хотири фаолиятҳои журналистии ӯ буда, асоси қонунӣ надоранд.

Номаро дар зер бихонед:

Ба раиси Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ

Ба Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдуҷаббор Азиз

НОМАРДӢ ВА ВАҲШОНИЯТ! Тасвири ончӣ ки нисбат ба ман ва наздикони ман аз тарафи бархе мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон инак як сол боз анҷом дода мешавад, фақат дар ҳамин ду калима мегунҷад!

ИН ҲУКУМАТ ОЁ ЯГОН СОҲИБ ДОРАД? Ин суолест, ки баъди таҳаммули ин ҳама ваҳшоният ва номардӣ дар зеҳнам чарх мезанад.

Ман ба дуи Шумо ба унвони ду намояндаи нерӯи солимақл дар ҳукумати имрӯза муроҷиат мекунам ва умедворам, ки ба ин муроҷиат ба як шеваи мутамаддин ва инсонӣ бархӯрд ва расидагӣ хоҳад шуд ва дигар ниёзе барои чунин муроҷиат ва дигарбора матраҳ кардани масъалаи таъқиби ману наздиконам пеш нахоҳад омад…

Ин масъала дахолати фаврии Шуморо тақозо мекунад, чунки бебасаре чанд тамоми хешу табори маро рӯйхат карда, мехоҳанд ҳамаи онҳо, аз ҷумла духтари маро, ки ҳомилаи фарзанди нахустинаш аст, ҷамъ оварда, ба зидди ман, ба қавли худашон “кино” кунанд.

Таъқиботи ваҳшиёна ва ноҷавонмардона ба зидди ману наздикони ман як сол боз беист идома дорад. Дар аввал ин таъқибот тавассутиҳамлаҳои беисти “фермаи ҷавоб” ба зидди худи ман анҷом мешуд, вале бо ин қаноат ҳосил накарданд ва дарафтоданд ба наздиконам.

Ман ба Роҳбари Дастгоҳи Президент моҳи сентябри соли 2019 номаи расмӣ фиристода, шикоят карда будам, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо фишор бародари ман Тоҳир Салимовро аз ҷойи кораш ронданд. Вале муроҷиати ман аз ин идора ба он идора “футбол” шуд ва ҳал нашуд. Додари бечораам бекор монд ва дар ниҳоят маҷбур шуд, 5 кӯдакашро дар Тоҷикистон гузошта, ба Русия ба мардикорӣ биравад. Дар ин байн карантин шуду он бечора дар мулки ғурбат дур аз зану фарзандонаш дармонд.

Ва акнун рӯзи 3 июл ҳамсарони ду бародари ман, аз ҷумла ҳамсари ҳамон додари бечораам Тоҳирро ба Додситонии кулл оварда, бозпурсӣ кардаанд. Дар рафти бозпурсӣ ному суроғаи тамоми хоҳарону бародарон ва дигар хешу табори ман ва ҳамчунин ному суроғаи духтари маро, ки чанд моҳ пеш шавҳар карду ба Тоҷикистон баргашт, рӯйхат кардаанд.

Тавре ба назар мерасад, нақшаи ҳамаи онҳоро ба додситонӣ овардану бозпурсӣ карданро дар сар доранд, то маҷбур кунанд, ки дар видео ба зидди ман гап зананд.

Худи ин таъқиби хешу табори фаъолону журналистон, ки бӯи соли сиёҳи 1937 мекунад ва мутаассифона, сол ба сол рӯ ба афзоиш овардааст, ба сари худ як амали нангин, ноҷавонмардона ва сазовори маҳкумият аст ва обрӯи давлатро ба замин зада, ҳукуматро дар чашми ҷаҳониён як режими диктаторӣ намоиш медиҳад.

Муфаттишони додситонӣ бошад ҳангоми бозпурсӣ чунон аз ҳадди ваколати хидматии худ ва аз ҳадди одамгарӣ фаротар рафтаанд, ки ҳатто келинҳои хонаводаи моро таънаву маломат кардаанд, ки чаро шумо ба ин хона келин шудед, дар ҳоле ки медонистед ин оилаи Мирзои Салимпур аст? Яке аз онҳо 16 сол пеш издивоҷ кардаасту дуюмӣ -24 сол пеш! Яке 5 фарзанд дорад ва дуюмӣ – 3 фарзанд! Ва инҳо бо ин қадар соли зиндагӣ ва ин қадар фарзанд ҳоло бояд пеши кадом як додситонӣ бетамиз бояд ҳисобот диҳанд, ки чаро ба хонаводаи мо шавҳар кардаанд?

Ин чӣ ваҳшоният аст? Ин чӣ ҷаҳолат ва, ҳатто фаротар аз он, чӣ разолат аст?

Додситониро ба аҳволи хонаводагии ину он чӣ корест? Инҳо ба худ чаро ин корро иҷозат медиҳанд? Магар дар ҳукумат нирӯҳои солимақл дигар нуфузу таъсире надоранд, ки як бор ва бебозгашт ҷилави чунин лаҷомгусастаҳоро, ки бо обрӯи давлат бозӣ мекунанд ва шаъну эътибори Давлати Тоҷиконро дар ҷаҳон ба замин мезананд, бикашад ва ба ҷояшон шинонад?

Инҳо оё мефаҳманд, ки чӣ кор карда истодаанд? Оё медонанд, ки дар берун соли 2020 аст, соли 1937 бо ҳама сиёҳиаш дар асри пор монд ва ягон кас, аз ҷумла ин генералакҳои Бериямаоби мо, чархи таърихро ба қафо тоб дода наметавонад!

Ин “ястреб”-ҳои мо ҳеҷ намехоҳанд як воқеиятро дарк кунанд, ки Журналист момои Ятимов ё бибии Юсуф Раҳмон нест, ки барояшон фақат суруди “Алла” бихонаду пинаки инҳо вайрон нашавад, кайф карда, хоб раванд. Баракс, рисолати Журналист ин аст, ки мансабдорон дар хоби ғафлат намонанд, бояд пиромуни масоили доғ бонги изтиробро чунон баланд бинавозад, ки хоби мансабдорон вайрон шавад, сари по бихезанду аз пайи ҳалли масоил шаванд.

Худ бигӯед, мо фақат ба хотири ҳосили қаноати нафси инҳо “Ахбор”-ро бубандем ё ба суханони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон амал кунем, ки худаш аз журналистон даъват карда буд, то бештар мақолаҳои танқидӣ бинависанд ва аз таърифу тавсифи барзиёд худдорӣ кунанд, чунки таърифи аз ҳад зиёд ҷомиа ва мақомоти кишварро ба иштибоҳ мебаранд. “Афсӯс, ки аз телевизиони марказӣ сар карда, худтаърифкунӣ зиёд аст. Гӯиё дар ҷомеа дигар камбуд вуҷуд надорад. Ин хел нест, давлатдорӣ бе камбуд намешавад. Фақат таъриф кардан даркор нест. Вақте аз ҳад зиёд худтаърифкунӣ мешавад, мо ба хатоҳои ҷиддӣ роҳ медиҳем. Мо ба камбудҳо дидаву дониста чашм мепӯшем. Баръакс, камбудҳоро ошкор карда, роҳҳои ҳаллу фасли онро бояд ҷустуҷӯ кунем”, – гуфта буд президент хитоб ба журналистон.

Дар воқеъ, бо чунин таноқуз дар сухан ва амал ҷои суол аст ин ки дар Тоҷикистон гапи президент боло меистад ё нози Ятимов ё Юсуф Раҳмон?

Ман ба Шумо итминон медиҳам, ки ҳам парвандаҳои бофтаи Додситонии кул, ҳам ҳукми Додгоҳи олӣ роҷеъ ба масдуд кардани дастрасӣ ба сомонаи “Ахбор” ва ҳам он ҳама музахрафоте, ки дар ба ном филми “Хиёнат”-ашон дар бораи ман ҳама мабнӣ бар туҳмату дурӯғ буд ва бӯе аз ҳақиқат надорад!

Сомонаи “Ахбор” аз оғози фаъолияташ ягон рабте на ба Муҳиддин Кабирӣ дорад, на ба ҲНИТ ва на ба он “кишвари ба ҳамаи мо маълум”! Мирзои Салимпур барои сохтани ин сомона на аз Кабирӣ, на аз ҲНИТ, на аз Эрон ва на аз ягон гуруҳи дигар на ягон тин гирифтааст ва на ягон маслиҳат!

“Ахбор” ин як ташаббуси инфиродии сирф Мирзои Салимпур буд, ки аз сари номус сохта шуд. Ман мехостам исбот кунам, ки тасмими аз Радиои Озодӣ рондани ман бо фитнаву дасисаҳои Соҷидаи Мирзо ва Аббоси Ҷаводӣ дуруст набуд ва ба танҳоӣ сомонаи хабарие сохтам, ки хеле зуд ба як рақиби билқувваи Озодӣ ва дигар расонаҳои матраҳи Тоҷикистон табдил ёфт.

Як соли аввал ҳатто грант ҳам надоштам. Созмонҳои ҳомии озодии матбуот вақте ба “Ахбор” таваҷҷуҳ карданду грант доданд, ки мо алакай ба по хеста будем ва соҳиби ном шудем.

Ман воқеан хеле даҳшатам фаро мегирад, вақте мебинам, ки Додситонии куллу Додгоҳи олӣ бидуни ягон далел, бар пояи як парвандаи сохтаву бофта “Ахбор”-ро ба ҳамкорӣ бо ҲНИТ айбдор карданд ё генералакҳои беҳунари КДАМ дар “Хиёнат”-ашон бидуни ҳеҷ далел туҳматам мезананд, ки гӯё аз Эрону ҲНИТ пул мегирифту бо маслиҳати Кабирӣ кор мекард.

Канӣ ҳамон пул? Канӣ далел? Ин қадар осон шуд бар пояи дурӯғу газофи пойдарҳаво ҳар касеро, ки бо доираи инҳо нарақсад, ба хиёнат айбдор кардан? Пас аз манфиати як шаҳрванди Тоҷикистон ҳимоят кунанд ва бигзор рӯёнанду диҳанд аз Эрону Кабирӣ он ҳама пулеро, ки дар тасаввури инҳо, гӯё Кабирӣ ва Эрон ба “Ахбор” додаанд, вале мо дар “Ахбор” надидем…

Ман вақте он қадар дурӯғро дар бораи худам дар “Хиёнат”-и инҳо шунидам, ба бақияи он “Хиёнат” ҳам бовар накардам, чунки кӣ кафолат медиҳад, ки бақияаш дурӯғ нест?

Воқеан, асафбор аст, вақте маълумоти мақомоти амниятии Тоҷикистон, ки масъулияти амнияти 9 миллион мардум бар дӯшашон гузошта шудааст, бар пояи маълумоти сатҳи “занакҳои лаби об” бошаду бар асоси чунин маълумоти носанҷида ва бардурӯғ тасмимгирӣ бикунанд ва ба ҳар касе, ки дилашон хост, тамғаи “хоин” бизананд. Бовар кунед, хоин ҳамин генералакҳои ноуҳдабароянд, ки натавонистанд аз 4 ҳамлаи воқеии ДОИШ дар қаламрави кишвар ҷилавгирӣ кунанд (дар ҳоле ки ДОИШ то кунун дар ҳеҷ кишвари дигари минтақа ба анҷоми ҳамлаҳои хунине чун дар Тоҷикистон то ҳол муваффақ нашудааст!) ва бо чунин ҳамлаҳои ноҷавонмардона ва пур аз туҳмат ба зидди як хабарнигор мехоҳанд, ба қавле, “натиҷа” нишон бидиҳанд.

Хоки хунук аст ин ҳама натиҷаашон! Ва воқеан кор агар ин асту натиҷа – ин, бояд хеле нигарони ояндаи амнияти кишвар буд.

Ман дар воқеъ ҳеҷ намефаҳмам, ки наход нишону аҳдофи мақомоти мо ин қадар хурду ночиз шуда бошад, ки тамоми иқтидори мошини таблиғотиву таъқиботии худро ба зидди як Журналист равона кунанд? Наход як давлат бо он ҳама дору дастгаҳаш аз як хабарнигор ин қадар битарсад? Наход аз ҷониби як Журналист ин қадар эҳсоси таҳдиду хатар кунад? Наход давлати мо ба ин андоза заифу нотавон бошад, ки як сомонаи хабарӣ ба бақои он тавонад таҳдид кунад ё, тавре ин генералакҳо вонамуд мекунанд, давлатро барандозад ваё ба қавли роиҷ дар забони инҳо, “сохти конститутсиониро тағйир диҳад”?

Мутмаин бошанд! “Ахбор” оппозитсия нест, ки дар фикри барандохтани давлат бошад. Рисолати мо хеле хурдтар аст – фақат расондани хабар! Хабари дурусту воқеӣ ва бидуни сонсур! Ҳадафи мо ҳам танҳо ислоҳи ҷомеа аст, на “тағйири сохти конститутсионӣ”.

“Ахбор” мухолифи сенарияи таҳвили қудрат аз Эмомалӣ Раҳмон ба Рустами Эмомалӣ ҳам нест ва ба ҳамин далел, ба ин маъракаи дар ҳоли авҷи ҳамла ба аъзои оилаи президент, аз ҷумла ба Рустами Эмомалӣ, ки бо кумак ва мусоидати бархе гуруҳҳо аз дохили худи ҳукумати Тоҷикистон ба роҳ андохта шудааст, ҳамроҳ нашуд. УСУЛАН ҳамроҳ нашуд! Чунки ба назари ман, дар шароити Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир танҳо ҳамин шеваи интиқоли қудрат имконпазир аст ва ба навъе “преемственность” ва тавозуни байни нирӯҳоро ҳифз мекунад.

Фикр мекунам, дар пушти ин маъракаи таъқиботи ман ва хешу таборам низ ҳамин гуруҳҳои мухолифи президентшавии Рустами Эмомалӣ дар дохили ҳукумат истодаанд, ки хеле мехостанд сомонаи “Ахбор” низ ба маъракаи зидди аъзои оилаи президент ҳамроҳ шавад. Инҳо бо итминон мегуфтанд, ки ҳамроҳ шавем, чунки масъала хеле ҷиддист ва агар даркор шавад, онҳо даст ба табаддулоти давлатӣ мезананд, вале иҷозат намедиҳанд, ки Эмомалӣ Раҳмон ягон фарзандашро ба ҷои худ президент кунад. Вале чун диданд, ки “Ахбор” ба ин дасиса напайваст, аз пайи ҷазо додан шуданд.

Дар ҳар сурат, ман мехоҳам ин паёмро ба Шумо бирасонам, ки сомонаи “Ахбор” ягон душмании усулие бо ҳукумат ва низоми давлатии ҳоким дар Тоҷикистон надошту надорад. Онки мо камбудиҳоро мегӯем, рисолати мост. Набояд дар ин нишонаи кадом душманиро ҷусту аз мо “хоин”-у “душман” тарошанд.

Муроҷиати ман фақат барои худам нест. Ман умедворам, ки дар дохили ҳукумат нирӯҳои солимфикр ҳастанд, нуфуз доранд, гапашон мегузарад ва онҳо мефаҳманд, ки ин сиёсати душмантарошӣ бояд билохира қатъ шавад. Вазифаи давлат эҷоди лифтҳои иҷтимоӣ ва маҳор кардани манбаъҳои душманиву норозигӣ дар ҷомиа аст, на рехтани равғани бештар ба ин оташи душмантарошиву хоинтарошие, ки мутаассифона, имрӯз, бархе мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мо вазифаи худро иштибоҳан дар он мебинанд.

Ниҳоли дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад,

Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад, – гуфтааст шоир.

Ман умедворам, ки ин мақомоти душмантарош баъди ин муроҷиат даст аз таъқиби ману наздикони ман мебардоранд.

Хеле умед дорам, ки ин ду келини мо, ки болояшон дар додситонӣ ин қадар дӯғу пӯписа карданду тарсонданд, охирин нафарон аз наздикони мананд, ки барои фаъолиятҳои журналистии ман шуда, бозпурсӣ шуданд.

Ман ҳамин тавр, умедворам, ки полковник Ҷӯрахон Назаров аз КДАМ (ДАР АКС) ва гуруҳи ӯ сӯиистифода аз бародари дигари ман Илҳом Салимов ба зидди маро бас мекунад. Дар воқеъ хеле бад аст, вақет инҳо медонанд, ки он бечора нуқси равонӣ дорад ва аз ин ҳолати оҷизии вай сӯистифода бурда, ӯро тарсондаанд ва маҷбур кардаанд, ки ба зидди ман баёния диҳад ва ҳатто ба додситонӣ шикоят нависад, ки акаи маро ҷазо диҳед. Кӯтоҳи гап, соли 1937…

Ин полковник Назаров шояд фардо генерал ҳам шавад, вале барои ман як афсари бешараф боқӣ мемонад, ки китфонаш зеби ягон погон надоранд. Погон ба китфи мард мезебад!

Умедворам, ки Д., нафаре, ки полковник Назаровро дар сафорати Тоҷикистон дар Маскав иваз кард, роҳи бешарафонаи ӯро такрор нахоҳад кард ва шарафи афсарӣ барояш арзише дорад.

Ман хеле умед дорам, ки ягон бебасаре аз ягон мақомот тарафи духтари ман, ки ҳомила аст, наздик нахоҳад шуд. Агар бо ӯ, ки ҷавон асту бехабар аз ин шӯру шарри генералакҳои мо барои сохтани зиндагии мустақилонааш ба Ватан баргашт, чизе шавад, инҳоро (ман-ку як тараф) ҳатто Худованд ҳам ҳеҷ гоҳ намебахшад!

Агар эроде ба кори ман доранд, ҳарфе доранд, мустақиман бо худам гап зананд, пои хешу табори маро, ки бечораҳо ҳеҷ рабте на ба матбуот доранд ва на ба масоили сиёсӣ, дар ин байн накашанд. Шумора ман ин аст: +420777404854 (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram). Телефони ман ҳамеша рӯшан аст ва ман омодаам ба ҳамаи саволҳое, ки доранд, посух диҳам.

Вале боз ҳам мехоҳам хоҳиш кунам аз инҳо, ки бас кунед НОМАРДИро!

Ба ҷои сарфи ин қадар нирӯву вақт ба таъқиби як журналист, ба иҷрои вазифаҳои аслиатон машғул шавед!

Барои мисол, додситонӣ як бор ҳисоб кунад, ки чаро аз соли 2018 ба ин тараф ягон мансабдор барои порахӯрӣ ба ҷавобгарӣ кашида нашудааст? Чаро парвандаҳои мансабдорони порахӯр мисли бозии “алик-малик” ба қаллобӣ табдил дода мешаванд ва садҳо мансабдорро дар солҳои охир бо пардохти ягон ҷаримаи ночизе, ки гоҳо ҳатто аз ҳаҷми пораи гирифтааш камтар аст, аз сари суд ҷавоб медиҳанд? Агар дар ин байн фасод нест, пас чист?

Ё чаро мақомотиВКД чанд моҳ барои истирдоди Хӯҷа-командир аз Дубай талош меварзиду бархе нафарон дар додситонии кул баракс талош мекарданд, ки ин кор сурат нагирад? Агар чуқур бикобанд, хиёнатро дар ин ҷо хоҳанд ёфт, на дар мақолаҳои Мирзои Салимпур!

Ваё КДАМ як муддат аз таъқиботи сиёсӣ танаффус бигирад ва як бор ҷиддан бар ин бияндешад, ки чаро ДОИШ ва гуруҳҳои дигари тундрав маҳз низоми амниятии Тоҷикистон, яъне ҳамин КДАМ-ро заифтарин дар тамоми Осиёи Марказӣ медонанд, ки дар меҳвари ҳамлаҳои худ Ватани моро қарор додаанд?

Дар ин муддате ки бо кормандони КДАМ сарбасар шудам, фаҳмидам, ки ривояти гӯё дар ин идора кор кардани одамони тозаву пок ва босавод афсонае беш нест ва сатҳу савияи ходимони КДАМ дар солҳои охир ба ҳадде пойин рафтааст, ки бояд бонги изтироб зад.

КДАМ бояд ба таркиб ва сифати кадрҳои худ як бор бияндешанд, чунки бар пояи ин маълумоти амниятии дар сатҳи “занакҳои лаби об”, ки як намунаи барҷастааш ҳамин бардоштҳои ғалат бар пояи маълумоти ғалат дар бораи “Ахбор” аст, мо дур намеравем!

Ҷустуҷӯи иртиботи Мирзои Салимпур бо ҲНИТ ё Эрон, бовар кунед, мисли ҷустуҷӯи гурбаи сиёҳ дар хонаи торик аст. Ва он ҳам дар ҳоле ки дар он хонаи торик ягон гурба набошад…

Ман як чизро ҳеҷ намефаҳмам: Магар ин мақомоти мо – аз КДАМ то Додситонии кул – кори дигаре надоранд, ки тамоми мошини таъқиботиашонро болои сари як ЖУРНАЛИСТ фурӯ рехтаанд? Хуб, ина муваффақ шудеду ман “Ахбор”-ро бастам. Чӣ чиз тағйир меёбад? Боз даҳҳо “Ахбор”-и нав сар хоҳанд баровард, чунки ҷомиа ба ахбори воқеӣ ниёз дорад. Иттилоот дар асри 21 дигар мисли сел аст, ки касе бо белу каланди бобоӣ пеши роҳашро баста наметавонад. Зӯри касе намерасад – на Ятимов бо ҳама “ферма”-аш, на Юсуф Раҳмон, на…

Ба ҳар сурат, умеди ман ин аст, ки бо вуҷуди ин ҳама НОМАРДӢ ва ВАҲШОНИЯТ, ки чанд генералак обрӯи давлатро ба бозӣ гузошта, намоиш медиҳанд, ИН ҲУКУМАТ СОҲИБ ДОРАД! Бовар дорам, ки АҚЛИ СОЛИМ бар ин НОМАРДӢ ва ВАҲШОНИЯТ боло мегирад ва ба ин маъракаи нангини ба зидди як ЖУРНАЛИСТ ба роҳ андохтаи мошини таъқиботии генералакҳо дар ҳамин ҷо нуқта гузошта мешавад.

Боз ҳам ба гуфтаи шоир,

Душманонам заифу номарданд,

Душмани мард орзу дорам…

Дар воқеъ, хаста шудам аз ин номардиҳо. Як ман не, мардум хаста шуд ҳама…

Бо камоли эҳтиром,

Мирзои Салимпур,

Сардабири сомонаи “Ахбор”

Ин нома рӯзи 4 июл расман тавассути сомонаи президент – http://president.tj/ – ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол шуд. Мунтазири посух хоҳем нишаст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ихроҷи 600 муҳоҷири кории тоҷик аз Корея

Дар давоми камтар аз як моҳи ахир мақомоти Кореяи Ҷанубӣ беш аз 600 муҳоҷири кории шаҳрвнадони Тоҷикистонро аз ин кишвар ихроҷ кардаанд.

Сафари Шавкат Мирзиёев ба Душанбе

Раисҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 18-уми апрели соли ҷорӣ бо сафари расмӣ вориди пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе шуд.

Тахриби масҷид дар Маскав

Мақомоти дахлдлори Русия дар шаҳри Троитски вилояти Маскав масҷиди Абӯбакрро пурра тахриб карданд.

Боздошти боз як тоҷик дар Русия

Дар шаҳри Твери Русия як гумонбари дигар дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар "Крокус Сити Ҳолл"-и Красногорск боздошт шуд.