31.9 C
Dushanbe

НБО “Норак”: Агрегати №1 аз нав ба кор оғоз кард

Дар Нерӯгоҳи Барқӣ-Обии “Норак”-и шаҳри Норак агрегати №1 баъди таҷдид ва бозсозӣ аз нав мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Бино ба иттилои сомонаи Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 24-уми октябри соли 2022  дар шаҳри Норак “агрегати №1-и НБО “Норак” ба номи Турсун Улҷабоев баъд аз таҷдиду навсозӣ ба истифода дода” шуд.

Ба қавли манбаъ, ин агрегат бо тавоноии 375 МВт мавриди истифода қарор дода шуда, “истеҳсоли миëнаи солонаи нерӯи барқ 1,4 миллиард кВт соат” афзоиш меёбад.

Гуфта мешавад, лоиҳаи таҷдид ва барқарорсозии НБО “Норак” аз моҳи марти соли 2019 оғоз гардида, он ду марҳиларо дар бар мегирад. “Дар марҳилаи аввал се агрегат ва дар марҳилаи дуюм 6 агрегат бо таҷҳизоти асосӣ ва ëрирасон таҷдид карда мешавад”, омадааст дар хабар.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошти ду тоҷикистонӣ бо гумони ба асорат гирифтани ҳамватани худ

Мақомоти Русия хабар доданд, ки ду шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гумони ба асорат гирифтан ва латтукӯби як ҳамватани худ боздошт шудаанд.

Русия мехоҳад бештар хориҷиёнро ба ҷанги зидди Украина барад

Дар наздиктарин фурсат дар Русия қонуни наве қабул мешавад,...

Оё низоми таҳсили 12-сола метавонад сифати таҳсилро беҳтар кунад?

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи гузариш ба низоми таҳсили 12-соларо ҷорӣ карданӣ аст.

Чаро кишварҳои ҳамсоя афғонҳоро ихроҷ мекунанд?

Ба иттилои мақомоти Толибон, Эрон зарфи як моҳ беш аз 500 ҳазор муҳоҷири афғонистониро ихроҷ кардааст.