Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико пас аз танаффуси чаҳорсола даври даҳуми машваратҳои солонаи сиёсиро дар шаҳри Вашингтон баргузор карданд. Дар мулоқот намояндагони ду кишвар масъалаҳои амниятӣ, иқтисодӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд.
Ҳайати Тоҷикистонро вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин ва ҷониби Амрикоро ёвари котиби давлатии ин кишвар оид ба Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Пол Капур раҳбарӣ карданд.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ҷонибҳо дар ҷараёни нишаст рушди муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ намуда, барои густариши ҳамкориҳо дар заминаи эҳтироми мутақобила ва манфиатҳои муштарак изҳори омодагӣ карданд.
Ба иттилои вазорат, дар музокирот масъалаҳои марбут ба амнияти минтақа, мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва ҷинояткории фаромиллӣ низ баррасӣ шуд. Ҷонибҳо ҳамчунин зарурати идомаи ҳамоҳангии фаъолиятро дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ барои ҳифзи субот ва рушди Осиёи Марказӣ таъкид карданд.
Вазорати корҳои хориҷии Амрико низ бо нашри баёнияе ин машваратҳоро «бомуваффақият» арзёбӣ кард. Дар он гуфта мешавад, ки ин аввалин даври машваратҳои сиёсӣ миёни Душанбе ва Вашингтон пас аз таваққуфи чаҳорсола ва нахустин мулоқот дар ин сатҳ дар давраи маъмурияти президенти Амрико Доналд Трамп мебошад.
Ба гуфтаи Пол Капур, Тоҷикистон дар пешгирии таҳдидҳои марбут ба терроризм ва ҷинояткории фаромиллӣ, ки аз Афғонистон сарчашма мегиранд, нақши муҳим дорад. Ӯ ҳамчунин ба рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ ишора карда, гуфт, ки созишномаҳои тиҷоратӣ ба маблағи беш аз се миллиард доллар, ки моҳи ноябри соли 2025 миёни ширкатҳои амрикоӣ ва тоҷикистонӣ ба имзо расиданд, имкониятҳои нави ҳамкориро барои ду кишвар фароҳам овардааст.
Масъалаи ҷалби сармоягузории ширкатҳои амрикоӣ ба бахши истихроҷи захираҳои табиии Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ низ аз ҷумлаи мавзуъҳое буд, ки моҳи ноябри соли гузашта дар Вашингтон мавриди баррасӣ қарор гирифта буд.
Машваратҳои сиёсӣ миёни Тоҷикистон ва Амрико аз соли 2010 баргузор мешаванд ва яке аз муҳимтарин қолабҳои муколамаи дипломатии ду кишвар ба шумор мераванд. Ба гуфтаи мақомоти амрикоӣ, Вашингтон дар тӯли беш аз сӣ соли истиқлолияти Тоҷикистон тавассути барномаҳои гуногуни рушд ба ин кишвар беш аз ду миллиард доллар кумак кардааст.
