Оғози “рейд”-ҳои навбатӣ бар зидди муҳоҷирон дар Русия

Мақомоти Русия дар шаҳри Санкт-Петербург, вилоятҳои Ленинград ва Оренбург барои ошкор кардани қонуншиканиҳо дар соҳаи муҳоҷират “рейд”-ҳои нав оғоз карданд.

Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар сохтмонҳои ноҳияи Петрогради шаҳри Санкт-Петербург ва ноҳияи Ломоносови вилояти Ленинград 126 шаҳрванди хориҷиро санҷида, 24 нафарро барои надоштани ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба шуъбаҳои пулис бурдаанд ва пас анҷоми расмиёти ҳуҷҷатгузорӣ аз қаламрави Русия ихроҷ мешаванд.

Ҳамзамон, мақомот фаъолияти ширкатҳоеро, ки муҳоҷиронро бар хилофи қонун ба кор ҷалб кардаанд, мавриди тафтиш қарор додааст.

Гуфта мешавад, чунин тафтишу бозҷӯӣ дар вилояти Оренбург низ дар доираи амалиёти “Овощевод” дар бозорҳо, майдонҳои сохтмонӣ ва хоҷагиҳои кишоварзӣ баргузор гардидаанд.

Дар ҷараёни “рейд”-ҳо кормандони пулис 124 қонуншикании маъмуриро ошкор намуда, муайян кардаанд, ки 24 шаҳрванди хориҷӣ ғайриқонунӣ ба кор машғул будаанд ва корфармоёнеро, ки ба чунин қонуншиканӣ роҳ додаанд, ҷарима кардаанд.

Ҳамчунин 58 шаҳрванди хориҷӣ барои вайрон кардани қоидаҳои воридшавӣ ва иқомат дар Русия ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, ду нафар вазифадор шудаанд, ки мустақилона кишварро тарк кунанд ва панҷ нафари дигар бошанд, пас аз ҷойгиркунӣ дар Маркази нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ ба таври иҷборӣ ихроҷ хоҳанд шуд.

Илова бар ин, вобаста ба ду ҳолати бақайдгирии сохтаи шаҳрвандони хориҷӣ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз шудаанд.

Дар ноҳияи Красногвардейскии вилояти Оренбург низ дар натиҷаи санҷиш 9 ҳолати ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ сабт шуда, як сокини маҳаллӣ барои сари вақт хабар надодан дар бораи омадани шаҳрванди хориҷӣ ба ҷавобгарӣ кашида шудааст.

Ҳамчунин се сокини дигар барои ҷалби ғайриқонунии муҳоҷир ба кор бе патент ҷарима гардида, се шаҳрванди хориҷии дигар низ барои нақзи қонунгузорӣ ҷарима шудаанд.

Маълум нест, дар ин “рейд”-ҳо чанд зодаи Тоҷикистон, ки шумораашон дар Русия зиёд аст, боздошт нардидааст.

Гуфта мешавад, ҳоло дар тамоми минтақаҳои Русия тафтишу бозрасии муҳоҷирон аз сар гирифта шуда, ҳатто пулис ҳангоми гузарондани чунин тафтишҳо аз паҳподҳои дурбиндор истифода бурда истодаанд.

Бояд гуфт, солҳои ахир фазои муҳоҷирбадбинӣ дар Русия хеле афзоиш ёфта, дар баробари тафтишу бозҷӯиҳои сахт ва ба таври иҷборӣ фиристодани онҳо ба ҷанги зидди Украина, вакилони рус чандин қонунро қабулу баррасӣ карданд, ки будубош ва корро дар ин кишвар барои муҳоҷирон сахттар кардааст.

Ба назари коршиносон, ин тағйири ҷиддӣ дар сиёсатҳои муҳоҷиратии Русия дар ҳолест, ки иқтисоди Русия то ҳол ба қувваи кории муҳоҷирон, махсусан дар сохтмон, хоҷагии коммуналӣ, кишоварзӣ ва логистика, вобастагии зиёд дорад. Баъзе корфармоёни рус ҳам борҳо нигаронӣ карда буданд, ки сахттар шудани сиёсати муҳоҷиратӣ метавонад ҷалби қувваи кориро мушкилтар кунад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Поёни анъанаи сисолаи муҳоҷират

Сӣ сол аст тамоми системаҳои иқтисоди Тоҷикистон — аз буҷаи хонавода то иқтисоди миллӣ — дар асоси як фарзия сохта шудаанд: Муҳоҷир ҳамеша метавонад ба Русия биравад.

Баҳсбарангезтарин Ҷоми ҷаҳонии футбол оғоз шуд

Рӯзи 11-уми июн Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026, ки пеш аз оғозаш баъзе тимҳои миллӣ, доварон ва варзишгарон бо мушкилот рӯ ба рӯ шуданд расман оғоз гардид.

Боздошти як навраси муҳоҷир дар Русия бо гумони куштор ва сӯиқасд ба ҷони дигарон

Мақомоти тафтишотии Русия аз боздошти як шаҳрванди хориҷии 16-сола бо гумони куштор ва сӯиқасд ба ҷони ду нафар дар вилояти Маскав хабар доданд.

Олмон мехоҳад боз як паноҳҷӯйи дигари тоҷикро истирдод кунад

Мақомоти Олмон рӯзи 8-уми июн паноҳҷӯйи тоҷик, узви Ҷунбиши ислоҳот ва рушд Асадулло Бобоевро ҳамроҳ бо писараш Муҳаммад Бобоев дар шаҳри Крайс Клеве боздошт карданд.