Саидалӣ Каримов донишҷӯи бахши сеюми Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров дар саҳифаи фейсбукиаш аз маҷбуран обуна кардани донишҷӯён ба рӯзномаи ин донишгоҳӣ шикоят намудааст.
Ин донишҷӯ менависад, ки дар ду соли таҳсилаш дар баробари дигар падидаҳои “хубу бад”-и донишгоҳ ба пардохти маблағи обунаи рӯзномаи Донишгоҳ, ки ба таъбири ӯ аслан арзиши хонданро надорад, одат карда буд.
Бознашр аз саҳифаи фейсбукии муаллиф бидуни таҳрир:
ДДХ САРИ “БИЗНЕС”-И ГАЗЕТА КӢ НИШАСТААСТ?РЕКТОР Ё КАСИ ДИГАР?
Аслан маҷоли навиштаи ин матлабро надоштам. Чун дар ду соли донишҷӯиям дар баробари дигар падидаҳои “хубу бад”-и донишгоҳ ба пардохти маблағи обунаи рӯзномаи донишгоҳӣ, ки аслан арзиши хондан надорад, одат карда будам. Аммо имсол баъди маъракаи “обунаи маҷбурӣ” натавонистам, ин ҳолатро дида, мӯҳри хомӯшӣ бар лаб занам. Чун “косаи сабрам лабрез шуд”. Танҳо барои обунаи як рӯзнома пардохтани 35 сомонӣ маблағ барои донишҷӯ ки аз як тараф сар карда аз барномаи таълимӣ то китобу файлу папкаю корҳои курсию реферату ҷузвдон ва соири дигари маводи хониш, пули билет ба консерту намоишномаҳои хару хингил, аз тарафи дигару сару либосу хӯроку иҷорапулӣ, ки ба ҳамааш маблағ лозим аст, ҳаргиз сабук нест. Дар мисоли ман, ки падарам бинобар вазъи паҳншавии коронавирус ба Русия барои дарёфтани ризқу рӯзи рафта натавонистанду дар оилаамон бо вуҷуди он ки мо 4 фарзанд ҳама хонандагони мактабу донишгоҳ ҳастем, аммо аз ягон манбаъ даромад нест, албатта вазнинӣ мекунад. Чун ман мушкили молидоштаҳо лак-лак. Аммо вақте ки шумо бо ҳар баҳона барои дар баробари билети консерту, банеру овезаҳо ҳамчунин обунаи як рӯзномаи “камарзиш” аз донишҷӯ ба таври иҷборӣ маблағ меситонед, бояд ёдатон бошад, ки мо донишҷӯён ҳаргиз аз рӯи тавону имконият ин “маҷбуриятҳои молие”, ки Шумо сари мо бор мекунед, пардохт намекунем. Балки як буридаи нони имрӯзу фардоро барои шумо медиҳему худ гурусна мегардем. Шумо ки шикамҳоятон аз сери “пинак”-аш вайрон намешавад, азоби гурусна монданҳоро гумон аст, ки дарк кунед. Ҳатто дарк ҳам кунед, бовар дорам, ки ба “ҷайби донишҷӯ ҷашм ало кардан”-ро бас намекунед…Арифметикаи оддӣ ё пардакушодӣ аз рӯи асрори гумшавии 450 000 сомонӣСуханро ба дарозо намекашам. Пӯсткандаи гап! Дар донишгоҳ ҳамасола моро маҷбур мекунанд, ки ба газетаи “Нури маърифат” обуна шавем. Маблағи обуна дар ҳоли ҳозир 35 сомониро ташкил медиҳад. Имсол, азбаски дар вақти обуна мо чанд ҳамсабақон барои пардохти маблағи мазкур таъхир кардем, кор то ба ҷое расид, ки ҳатто бо роҳбари гурӯҳ ихтилоф доштем ва хоҳиш кардем, ки моро аз пардохти ин маблағ озод кунанд. Аммо, гӯши шунаво куҷо? Аз ҳамаи гурӯҳамон маҷбуран маблағи обунаро ҷамъ карданд. Бо вуҷуди он ки аслан на ҳамаи мо имкони пардохти ин маблағро доштем. Албатта аз мо донишҷӯён бо роҳҳои гуногуни таъсиррасонӣ маблағро ҷамъ карданд, аммо инҷо чанд норӯшание вуҷуд дорад, ки бояд рӯшани андохт ва “риштаро аз хамир ҷудо кард”. Дар ДДХ ҳудуди 22 ҳазору 600 нафар донишҷӯ таҳсил ва атрофи 800 устоди донишгоҳ дарс мегӯянд. Фаразан гуфтем, ки 2, ҳазору 600 нафар аз оилаҳои камбизоат ва ятимон ҳастанд ва шояд(агар инсонигарии масъулин бедор шавад) онҳоро аз пардохти маблағи обунаи рӯзнома озод кунанд. Аз байни 800 муаллим шояд бо сабабҳои узрнок агар ба ҳадди максималӣ гӯем 100 нафарро аз пардохти маблағи обуна озод кунанд(дар ҳоле ки донишгоҳ аз муаллимон барои обунаи рӯзномаҳо ҳамасола маблағи бештар ҷамъоварӣ мекунад). Дар умум 20 ҳазору 700 нафари обуначӣ ба газетаи “Нури маърифат” боқӣ мемонад. Биёед ҳамин 700 нафарро ҳам ҳисоб намекунем. 20 ҳазор обуначӣ. 20 000 нафар ҳар яке бо пардохти 35 сомонӣ ба газета обуна мешаванд. 20 000 * 35 = 700 000. Фаромӯш накунед ҲАФТСАД ҲАЗОР сомонӣ. Тиражи умумии газетаи “Нури маърифат” 10 000(то чанд соли ахир 12 000 нусха нашр мешуд) адад аст ва моҳе 2 маротиба дар умум дар як сол 24 шумора нашр мешавад. Тибқи маълумотҳо дар матбааҳо рӯзномаҳо вобаста ба ҳаҷму сифати қоғаз аз 45 то 65 дирам нашр мешудааст. Биёед мо барои газетаи “Нури маърифат”, ки дар формати А3 нашр мешавад, қариб ҳадди миёнаи нархи чоп дар матбаа – 55 дирам барои ҳар донаро мегирем. 1 адади газета 55 дирам. 10 000 * 0,55 = 5 500 сомонӣ. Дар умум 1 шумораи газетаи “Нури маърифат” ба маблағи ПАНҶ ҲАЗОРУ ПАНҶСАД сомонӣ нашр мешавад. Акнун шумораи яксолинаи гезета 240 000 дона аст. 240 000 * 0,55 = 132 000. Яъне давоми як сол 24 шумораи газетаи 10 000 ададии “Нури маърифат” ба маблағи ЯКСАДУ СИВУ ДУ ҳазор сомонӣ аз чоп мебарояд. Акнун хароҷоти дигар. Газета шояд 4 коргар дошта бошад. Муҳаррир ва 3 коргари дигар. Бигузор муҳаррир 2 000 ва 3 нафари боқимонда 1 000 сомонӣ маош гиранд(моҳе 5 000 сомонӣ). Барои пардохти маоши кормандон дар як сол 60 000 сомонӣ маблағ сарф мешавад. Фаромӯш накунед, ШАСТ ҲАЗОР сомонӣ. Бигузор барои харидории қоғазу ранг ва дигар маводи конселярӣ дар кори рӯзнома соле 10 000 сомонӣ маблағ сарф шавад. Фаромӯш накунед, ДАҲ ҲАЗОР сомонӣ. Фаразан гуфтем, ки рӯзнома барои муаллифони маводҳо ҳаққи қалам диҳад ва онро ҳам дар як сол 10 000 сомонӣ ҳисоб кунем. Фаромӯш накунед, ДАҲ ҲАЗОР сомонии дигар. Акнун ҷамъ мекунем: 132 000 сомонӣ барои чоп дар матбаа 60 000 сомонӣ барои маоши коргарони газета 10 000 сомонӣ барои харидории қоғазу дигар маводи конселярӣ 10 000 сомонӣ барои пардохти ҳаққи қалам ба муаллифони мақолаҳо Натиҷа: 132 000 + 60 000+ 10 000+ 10 000 = 212 ҳазор сомонӣ Бигузор 38 ҳазор сомонии дигарро барои хароҷотҳои иловагии газета , ки шояд мо дар бораи онҳо маълумот надорем, сарф кунанд. Дар умум харҷи умумии яксолаи газетаи “Нури маърифат” 250 000 сомониро ташкил медиҳад. Ҳамаи ин ҳисобҳоро мо ба ҳадди максималӣ ҳисоб кардем. Бовар дорем, ки дарвоқеъ харҷи яксолаи ин газета аз ин ҳам камтар аст. Чун тавре ки гуфтем мо ҳамаи хароҷотҳоро ба ҳадди болоӣ ҳисоб кардем ва ҳамчунин хароҷотҳои иловагиро дар назар гирифтем. Акнун барегардем, ба маблағи умумие ки донишҷӯён барои обуна пардохт мекунанд. 700 000 сомонӣ. Аз ин маблағ хароҷоти яксола барои нашри “газетаро кам мекунем. 700 000 – 250 000 = 450 000 сомонӣ. Дуруст аст? ЧОРСАДУ ПАНҶОҲ ҲАЗОР сомонӣ маблағи боқимонда аз обуна аслан куҷо меравад? Кӣ онро “обу лой” ва ё “обу хок” мекунад? Ин тиҷоратро дар ДДХ кӣ “крутить мекунад? Ректор? Ё кадом кас ё гурӯҳи дигар? Чаро масъулини донишгоҳ ба чашми мардум хок мепошанд? Ин миқдор маблағи зиёдро аз киссаи фарзандони мардум гирифта, ба куҷо сарф мекунанд? Шояд аз ҳисоби ин маблағ кадоме ба фарзандаш мошин ва ё хона харида дода истодааст?! Кӣ ҷавоби инро мегӯяд?“Шағоле бо ҳамҳамаю дабдабаи шер”Ё чаро тиражи як рӯзномаи донишгоҳӣ баробари рӯзномаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ бояд бошад?Барои он ки бо зиёд намудани тираж аз фарзанди мардум имкони ҷамъоварии маблағи ҳангуфти бедардимиён мавҷуд ҳасту онро баъдан “обу лой” кардан осон аст? Шумо боре андеша кардаед, ки шумораи газетаи донишгоҳии “Нури маърифат”-и ДДХ аз тиражи газетаи сатҳи вилоятӣ бештар аст? Не?! Ба маълумоти Шумо мерасонам, ки Газетаи МИҲД вилояти Суғд “Ҳақиқати Суғд” бо ин қадар муҳимият ва мӯҳтаво ҳамагӣ бо тиражи 8 000 нусха чоп мешавад. Дар ҳоле ки “Нури маърифат” бо вуҷуди як газетаи сатҳи донишгоҳӣ будан, бо обунаи маҷбурӣ бо тиражи 10 000 нусха чоп мешавад. Яъне агар мантиқан фикр кунем, ин аз як газетаи сатҳи вилоятӣ баландтар ҳисоб кардани як газетаи сатҳи донишгоҳӣ нест? Ва ё бо ин қадар шумора дар ҳисоботҳо ҳамҳамаю дабдабаи зиёдати кардан нест? Ҳам ину ҳам он. Иловатан зиёд кардани шуморо ва ба гардани донишҷӯю муаллими донишгоҳ бор кардани пули обуна як роҳои ҷамъоварии маблағи зиёди бедардимиён баъдан бе мушкил “обу лой” кардани ҳамин миқдор маблағ.ХулосаАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамавора мардуми кишварро барои сарфакорӣ ва истифодаи дурусти захираҳои молӣ ҳидоят мекунанд. Ҳангоми таъини кадрҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда низ аз ҳар як роҳбар талаб мекунанд, ки барои ободии ин диёри ҷаннатмакон – Тоҷикистони ояндамеҳвар софдилона, поквиҷдонона ва аз таҳти дил кор кунанд. Судури ҳама гуна амру қарор ва қонунҳо дар кишвар барои беҳбудии сатҳи накӯҳволии мардум равона шуда, аз ҷумла ғояи асосии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” маҳз барои сарфакорӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум аст. Албатта “обу лой” кардани маблағи обуна дар донишгоҳ чандон ба Қонуни танзим рабт надорад. Вале дар ҷавҳари он ҳам сарфакорӣ қарор дорад. Агар дар сухан ҳарчанд аз сарфакорӣ гӯему дар амал алорағми қонунҳои амалкунандаи кишвар ва гуфтаҳои Пешвои муаззами миллат кор карда, бо ҳар роҳу восита ва усулу шева аз мардум маблағ ҷамъ кунему ба ҷайби шаҳрвандон ҷабр кунем, ин хокпошие ба чашми роҳбари давлат ва боварии халқ беш нест. Ба таваҷҷӯҳи масъулини мақомоти прокуратура, палатаи ҳисоб, ва дигар мақомотҳои ваколатдорӣ давлатӣ, ки салоҳияти назоратӣ дар самти истифода ва сарфаи маблағҳо буҷетӣ, маблағҳои ғайрибуҷетӣ ва махсус доранд, расонида мешавад, ки ин масъаларо мавриди санҷиш қарор диҳанд ва то куҷо шаффоф истифода шудани маблағҳои обунаи донишҷӯёну устодони ДДХ ба рӯзномаи “Нури маърифат” таҳқиқ намоянд.P.S. Бовар дорам, ки баъди нашри ин мақола ва фош шудани асрори “бизнеси газета” дар ин муассисаи давлатӣ, донишгоҳ бо ташкили гурӯҳҳои вижа ва маъракаи васеъи вокуниншнависӣ ба ин навиштаро пиёда мекунад ва мо донишҷӯёро шояд ба дурӯғгӯи муттаҳам ҳам кунад. Аммо… Мо ба таври ошкор ҳисобу китоби ин масъаларо кардем ва ҳеҷ пӯшидагӯиву “дурӯғбофӣ”-е дар ин ҷо аслан, ки вуҷуд надорад. Ҳатто ҳафтафаҳм ҳам мефаҳмад, ки инҷо маблағи зиёдеро “калонмушҳо” ба куҷое пинҳон мекунанд. Хулоса як: дар донишгоҳ обунаи иҷборӣ ба газетаи кӯчаку камарзиш хусусияти “тиҷоратӣ” барои гурӯҳҳои махсус ва шахсиятҳои муайян дораду бас!
Аз Идораи сомона: Матолибе, ки дар гӯшаи “Блоги Шумо” ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва ё таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Аздо тв” нестанд.