20.9 C
Dushanbe

Офатҳои табии дар Тоҷикистон ҷони 7 нафарро рабуду ба аҳолӣ хасорати бузург ворид кард

Рӯзи 11 май дар натиҷаи боронҳои шадид дар ҳудуди як қатор ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ селу обхезӣ ба вуҷуд омад, ки дар натиҷа боиси марги одамон гардид.

Ҳамчунин Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  вайроншавии манзили истиқоматӣ ва шусташавии роҳҳои автомобилгард хабар дод.

Тибқи маълумоти пешакӣ, дар натиҷаи офати табиӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон 3 нафар аъзои як оила, ки дар дохили мошин буданд, ба ҳалокат расидаанд.

Дар шаҳри Кулоб 3 нафар фавтид, ки аз инҳо 2 нафар дар дохили автомашина будаанд ва 1 нафари дигар аз дохили маҷрои сел дарёфт карда шуд.

Ҳамчунин навбатдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар минтақаи Кӯлоб ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки вазъият дар шаҳр вазнин аст ва наздики 80 макони зарардидаро ба қайд гирифтанд.

Қумитаи ҳолатҳои фавқуллода мегӯяд, дар шаҳри Ҳисор як сокини маҳаллӣ бар асари сел ҳангоми чаронидани чорво ба ҳалокат расидааст.

Гуфта мешавад, дар пайи ин ҳодиса Сарвазир Коҳир Расулзода, Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ва раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ Рустам Назарзода ба минтақаҳои аз офатҳои табиӣ зарардидаи Шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин ва Мӯъмин вилояти Хатлон рафтанд.

Инчунин, бо супориши Раҳмон, як гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазир Коҳир Расулзода ба манотиқи офатзадаи Абдураҳмони Ҷомӣ ва Ёвон рафтанд.

Гурӯҳи корӣ зарари пешакии ба иқтисодиёти ин шаҳру ноҳияҳо расидаро муайян намуда, барои рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ чораҳои таъҷилӣ меандешанд.

Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ замин фурӯ рафта чандин хона ба куллӣ аз байн рафтааст, ки соҳибонашон мегӯянд, танҳо ҷони худро бадар карданд ва чизе аз хонаҳояшон гирифта натавонистанд. Вале то ҳол сабаби фурӯ рафтани замин муайян нашудааст, вале як сокини ин ноҳия дар тамос бо “Аздо тв” гуфт, ба эҳтимоли зиёд заминҳои ин деҳа аз сабаби он ки дар паси кӯҳе ҷойгир аст, ки он тарафи обанбори Сангтӯда 1 ва 2 ҷойгир ҳастанд, шояд намнокии заминҳои ин деҳа ва фурӯ рафтани хонаҳо ба наздикияшон ба ин онборҳо рабт дошта бошад”.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Барои муҳоҷирон дар Русия боз як имтиҳони дигар изофа шуд 

Муҳоҷирони корӣ дар Русия барои гирифтани патент бояд ба таври шифоҳӣ имтиҳони забони русӣ супоранд.

Ҷузъиёти тоза дар бораи ҳодисаи дастгоҳҳои паёмрасони “Ҳизбуллоҳ”

Гурӯҳи "Ҳизбуллоҳ" мегӯяд, Исроил то кунун 5 ҳазор дастгоҳи паёмрасони "Пейҷер"-ро, ки аъзои ин гурӯҳ истифода мекарданд, тарконидааст.

Маълум шуд чаро табибони тоҷик тарки Ватан мекунанд

Баъзе аз тпбибони тоҷик аз он шикоят доранд, ки бемористонҳои кишвар барои ба кор қабул кардан аз онҳо пули зиёд талаб мекунанд.

Захмӣ шудани сафири Эрон ва садҳо нафари дигар дар Лубнон

Дар ҷануби Лубнон садҳо нафар бар асари таркиши дастгоҳҳои иртиботии "Пейҷер" захмӣ шудаанд. Аксари захмиён аъзоёни гурӯҳи “Ҳизбуллоҳ” гуфта мешаванд.