Баррасии парвандаи Муҳаммади Султон дар Душанбе

Имрӯз, 7-уми сентябр мурофиаи аввали  рӯзноманигор Мамадсултон Мавлоназаров маъруф ба Муҳаммади Султон дар Додгоҳи ноҳияи Синои Душанбе баргузор шуд.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ ба хабарнигорон иҷозаи вуруд ба толори додгоҳро надодаанд. Ин дар ҳолест, ки намояндагони додгоҳ ба пайвандони Мамадсултон Мавлоназаров гуфта буданд, ки мурофиа ба таври боз баргузор мегардад.

Гуфта мешавад, мақомот ин рӯзноманигорро ба “Даъвати оммавӣ барои амалӣ кардани фаъолияти экстремистӣ тариқи интернет (қисми дуи моддаи 307-и Кодекси ҷиноӣ) ва Таҳқири ҳокимияти давлатӣ тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ (қисми дуи моддаи 330-и Кодекси ҷиноӣ)” муттаҳам кардаанд.

Худи Муҳаммади Султон як ҳафта пеш ҳангоми мулоқот бо бародараш дар Боздоштгоҳи муваққатӣ, айбномаи мақомотро рад кардааст.

“Аз саломатӣ шикоят накардааст. Гуфтааст, гуноҳ надорад ва ҳар чизе дар Фейсбук навишт, ҳанӯз ҳаст ва ҳар кас метавонад ба он баҳо диҳад. Хулоса, тундгароӣ накарда, намояндаи ҳокимияти давлатиро низ таҳқир накардааст,”- гуфтааст яке аз пайвандони Муҳаммади Султон ба Радиои Озодӣ.

Рустами Ҷонӣ рӯзноманигори тоҷик навишта буд, ки Мамадсултон Мавлоназаров дар паёмаш аз зиндон гуфтааст, ки  “Ҳарчи навишта ва гуфтааст воқеият буда, ҳарфе аз каломашро пас намегирад.” Ӯ ба кормандони амният ҳангоми бозпурсӣ гуфтааст, ки аз онҳо наметарсад ва ба ҳар чӣ бо ӯ карданианд омодааст.

Мамадсултон Мавлоназаров, зодаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон буда, рӯзи 16-уми июн аз ҷониби маъмурони интизомӣ боздошт шуд.

Ин рӯзноманигор дар солҳои 70-ум асри гузашта дар рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” кор кардаааст. Сипас ба кор дар Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҷалб шуда, онҷо 25 сол адои вазифа карда, рутбаи полковникро дарёфт кардааст.

Мамадсултон Мавлоназаров бо вуҷуди он ки дар ҳоли бознишастагӣ қарор дошт, яке аз корбарони фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ буд ва пайваста хеле аз рафторҳои ноҷои мақомотро танқид мекард ва дар бораи ҳодисаҳои Бадахшон низ менавишт.

Вай чанд бор эълон карда буд, ки мавриди фишор ва бозҷӯӣ қарор гирифтааст. Ӯ яке аз касоне, ки буд дар дохили кишвар ошкоро аз Саймуъмин Ятимов, раиси КДАМ низ танқид мекард.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Амрико ва Эрон дар остонаи имзои созишнома 14-бандӣ

Қарор аст Амриок ва Эрон 19-уми июни соли ҷорӣ дар Швейтсария як ёддошти тафоҳуми 14-бандиро имзо кунанд.

Муҳимтарин рӯйдодҳои рӯзҳои аввали Ҷоми ҷаҳонии 2026

Бозиҳои даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 идома доранд ва аллакай чанд натиҷаи ҷолибу ғайричашмдошт сабт шудааст.

ФАВРӢ! Алишер Мирзонаботов ба дарё сарозер шуду ҷон бохт

Раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот ҳамроҳ бо аъзои хонавода ва ронандааш дар ноҳияи Дарвоз ба садама дучор шуда, мошин ба дарё сарозер шудааст.

Олмон гурӯҳе аз муҳоҷирони афғонро ба Афғонистон ихроҷ кард

Мақомоти Олмон гурӯҳе аз шаҳрвандони Афғонистонро, ки барои ҷиноятҳои гуногун маҳкум шуда буданд, ба кишварашон ихроҷ карданд.