26.9 C
Dushanbe

Оё шоҳроҳҳо дар вилояти Сӯғд низ пулакӣ мешавад?

Сурат: Asia-Plus

Сокинони ноҳияҳи Конибодом, Исфара аз он нигаронанд, ки  дар роҳи Хуҷанд – Конибодом – Исфра сохтумони тарозу идома дорад, вале мақомот бунёди тарозуро ба хотири  эмин нигоҳ доштани роҳ ва аз меъёр зиёд нагирифтани бор аз ҷониби ронандагон арзёбӣ кардаанд.

Олим Очилзода, мудири шуъбаи нақлиёт ва комуникатисияи ҳукумати вилояти Суғд, дар мавриди бунёд гардидани тарозу    роҳи миёни Конибодом – Хуҷанд ба “Спутник” гуфтааст:

“Ин тарозу, барои назорати мошинҳои боркаш сохта мешавад, ки минбаъд ҳангоми убури роҳ меъёри боринтиқолдиҳӣ риоя шавад. Аз меъёр барзиёд интиқолдиҳии бор, боиси зуд фарсудашавии роҳҳо мегардад. Тарозуи назоратӣ бо мақсади нигоҳдории ҳолати роҳ сохта мешавад”.

Очилзода дар идома гуфтааст, ки мошинҳое, ки аз меъёр зиёд бор мегиранд дар сурати ошкор кардан дар тарозу боздошт мешаванд ва маҳмулаи он мошинҳо ба андозаи зарурӣ холӣ карда мешавад. Меъёри интиқоли бор тавассути нақлиёт дар Тоҷикистон муқарар карда шудааст, ки ҳар як мошини боркаш вобаста ба баллонаш  бор гирифта метавонад.

Тибқи меъёри муқараргардида ҳар як мошини  боркаш аз руйи ҳаҷми чархаш, ки ғунҷоиши то 8 тон гуфта шудааст, иҷозаи бор гирифтан дорад, дар сурати ошкор шудани  бори зиёд тибқи қарори ҳукумат то 4 ҳазору 60 сомонӣ ҷарима пардохт хоҳад кард.

Таҷдид ва азнавсозии роҳи мошингарди Исфара – Конибодом – Хуҷанд – Ҷаббор Расулов дар соли 2016 оғоз гардида буд, ки аз ҷонби Бонки ҷаҳонӣ дар умум барои сохтани он 45 милион доллар ҷудо шуда буд. 38 миллиону 250 ҳазор доллар қарз ва 6 миллиону 70 ҳазори дигар ба унвони грант ё қарзи бебозгашт гуфта шуда буд.

Фармоишгари лоиҳа Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пудратчӣ ширкати чинии “Чайна рейлвей групп корпорейшн” мебошад. Роҳи таҷдидшавандаи Исфара – Конибодом – Хуҷанд – Ҷаббор Расулов аз шаш қитъа иборат буда, дарозии умумии он 68 километр ва паҳноияш 12, дар баъзе ҷойҳо то ба 22 метрро ташкил медиҳад.

Бояд дар соли 2019 ин роҳ ба истифода дода мешуд, вале дар пайи мухолифати ҷониби қирғизҳо, баъзе аз қитъаҳои ин роҳ, ки аз ҳудуди деҳоти Қирғизистон убур мешавад, то ҳол таҷдид ношуда боқӣ мондааст. Гузоштани тарозу дар роҳҳои Тоҷикистон таҷрибаи нав нест, тӯли чанд сол аст, ки дар шоҳрои Душанбе – Чаноқ ва Айнӣ – Панҷакент   тарозуҳо фаъолият доранд, ки мошинҳои боркаш дар сурати зиёд будани ҳаҷми борашон ҷарима пардохт мекунанд.

Ҳамчунин тӯли чанд сол аст, ки шоҳрои Душанбе – Чаноқ ба таври пулакӣ идома дорад, ки маблағи он ба гуфтаи таҳлилгарон ба фонди ширкати нигоҳдории роҳ IRS рехта мешавад. Аз руйи баъзе маълумотҳои то ҳол тасдиқ нагардида, ширкати нигоҳдории роҳи Душанбе – Чаноқ ба Ҷамолиддин Нуралиев, муовини Раиси бонки миллӣ, шаҳвари Озодаи Эмомалӣ роҳбари Дастгоҳи Президенти Тоҷикистон тааллуқ дорад ва аз ҳисоби ин роҳ солона миллилнҳо доллар фоида ба даст меоранд, ки аз ҳама андозҳо озод карда шудааст.

Ин дар ҳолест, ки чанд сол қабл Сандуқи байналмиллалии пул, Бонки Ҷаҳонӣ ва Tax Justice Network сармояҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар минтақаҳои оффшорро аз 2,5 то 3,5 миллаирд доллиард тахмин зда буданд, вале соҳибони ин сармояҳо ошкор нагардида буд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Корҳои фаҳмондадиҳӣ барои бартараф намудани ифлосии Душанбе

Масъулони шаҳри Душанбе мехоҳанд бо гузарондани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни мардум мушкилии партовҳои пойтахтро бартараф кунанд.

Даргузашти Муҳаммадалии Файзмуҳаммад дар зиндон

Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, зиндонии сиёсӣ ва узви Раёсати олии ҲНИТ дар умри 65-солагӣ дар зиндон даргузашт.

Наздики ним миллард қарзи “ТАЛКО” аз барқ

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар ҳузури хабарнигорон номи қарздорон аз барқро эълон кард.

Норасоии омӯзгор мушкили ҳалнашавандаи Вазорати маорифи Тоҷикистон

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон имрӯз, 26-уми июл зимни нишасти матбуотии ниҳодаш аз мушкили норасоии омӯзгорон дар мактабҳои миёна шикоят кард.