26.9 C
Dushanbe

Оё вазъи занҳои мардикорбозор дар Хатлон тағйир меёбад?

Ширин Амонзода, вазири нави меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бо интишори чанд аксе дар саҳфаи фейсбукияш, ки аз мардикорбозори вилояти Хатлон гирифта шудааст, менависад, ки “Рӯзе дар “мардикорбозор” миёни занон-корҷӯён… танҳо вақтро метавон довар гирифт…”

Вазир танҳо бо интишори акс ва ин навиштаҷот иктифо намуда дар мавриди вохурӣ ё иқдомҳое, ки дар пеш дорад, чизе нагуфтааст, вале маълум нест, ки оё вазъи занҳои мардикор беҳбуд меёбад ё на?

Сурат: Фейсбук

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ин иқдоми вазирро истиқбол намуда аз ӯ таҳсин намуданд, ки дар кабинаи Эмомалӣ Раҳмон ягона нафарест, ки бо мардум наздик аст ва ин иқдомест, ки то ба имрӯз аз ҷониби ягон мансабдор амалӣ нагардида буд.

Мардикорбозори занонаи маркази вилояти Хатлон шаҳри Бохтар аз замоне, ки расонаӣ шуд, сарусадоҳои зиёдеро дар расонаҳо ва ҷомеаи Тоҷикистон дар пай дошт. Дар ин бора филми мустанад ва матолиби зиёдеро расонаҳо нашр карданд, ки ҳукумати маҳаллӣ ҳам ба он таваҷҷуҳ кард.

Ҳарчанд аз замони расонаӣ шудани ин мавзӯъ мақомҳои маҳаллӣ мегуфтанд, ки барои ин занҳо ҷойи кор меёбанд, аммо нашри аксҳои бозор аз сӯйи вазири меҳнат нишон медиҳад, ки ин бозор мисли пешин то ҳол гарм аст.

Сурат: Фейсбук

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мулоқоти Раҳмонов ва Пизишкиён дар Озарбойҷон

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот кард.

Гармои шадид дар Тоҷикистон сокинонро нигарон кардааст

Рӯзҳои ахир шиддати гармои тобистонӣ дар Тоҷикистон аксари сокинонро нигарон кардааст.

Имомуддин Сатторов сафири Тоҷикистон дар Лаҳистон шуд

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон ва Лаҳистон Имомуддин Сатторов эътимодномаи худро ба Президенти Лаҳистон Анджей Дуда супорид.

Толибонро аввалин кишвари дунё расман эътироф кард

Пас аз чор соли ба сари қудрат расидани Толибон дар Афғонистон Русия аввалин кишваре шуд, ки ҳукумати сарпарастро ба расмият шинохт.