Ҷойивазкунии мақомдорон дар Тоҷикистон

Бо фармон ва қарорҳои нави Эмомалӣ Раҳмон чанд нафар аз як вазифа озод ва ба вазифа дигар таъйин шуданд.

Бино ба иттилои расонаҳо, раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 15-уми апрел Қосим Роҳбарро аз мақоми раиси шаҳри Ҳисор озод ва Носирзода Ҷаббор, собиқ муовини вазири кишоварзиро иҷрокунандаи вазифаи раиси ин шаҳр таъйин кардааст.

Сабаби барканори Косим Роҳбари 60-сола, ки ду соли пеш раиси шаҳри Ҳисор таъйин шуда буд ва аз ҳампаймони президент Эмомалӣ Раҳмон гуфта мешуд, маълум нест. Аммо ду сол пеш муҳаққиқони OCCRP ҳисоби бонкии ӯро дар Швейтсария ёфта буданд, ки ин ҳисоб соли 2004 боз шуда, то соли 2011 фаъол буд ва дар он зиёда аз 9 миллион долларро нигоҳ доштаанд.

Инчунин бо фармони дигари Раҳмонов, Билол Иброҳим бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе озод ва ба ҷои ӯ Олимзода Сафар Маҳмадшо иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи таъйин шудааст.

Ҳамзамон Наимӣ Аъламхон Қодириён бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда, Ҷалолзода Фирдавс Маҳмадмурод ба ин мақом таъйин гардид. 

Пештар аз ин низ дар дигар ниҳодҳо, шаҳру ноҳияҳо ва сохторҳои қудратии кишвар ҷойивазкуниҳо сурат гирифта буд.  

Тибқи маъмул дар Тоҷикистон ҳамасола тағйироти кадрӣ сурат мегирад, аммо аксари коршиносон ин тағйиротро шаклӣ медонанд. Зеро ба гуфтаи онҳо, одатан Эмомалӣ Раҳмон дар тақсимоти мансабҳо ихтисосу донишу маҳоратро меъёр қарор намедиҳад, балки меъёр дар интихоби кадрҳо бештар шинос будану наздик будан ба хонавода аст.

Ҳамчунин коршиносон тағйироти кадрӣ дар вазорату кумитаҳои Тоҷикистонро танҳо ҷойивазкунӣ меноманд, чун аксар мақомдорон аз як вазифа барканор шуда, бидуни дар назар гирифтани дастовардҳои шахсӣ ва донишу маҳорат ба вазифаи дигар таъйин мегарданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Интихоботи Исроил: коҳиши курсиҳои эътилофи Натанёҳу ва рекорди ҳизбҳои арабӣ

Рӯзи 27-уми октябр дар Исроил интихоботи парлумонӣ баргузор шуд. То лаҳзаи нашри хабар, ки беш аз 85% овозҳо шумурда шудаанд, эътилофи Натанёҳу бо 53 курсӣ пешсаф аст.

Умар Кремлёв ва писари Трамп: аз туҳфаи арӯсӣ то шикори муштарак

Писари президенти ИМА Доналд Трамп, моҳи августи соли 2026 зимни сафар ба Муғулистон ду рӯзро бо Умар Кремлёв, раиси IBA ва соҳибкори тоҷиктабори наздик ба Кремл, сипарӣ кардааст.

Русия ва Украина барои расонидани кумак ба Олешки оташбаст эълон карданд

Дар шаҳри Олешкии ҷануби Украина рӯзи 27-уми октябр оташбаси маҳдуди башардӯстона ба иҷро даромад.

Тоҷикистон санҷиши соҳибкоронро муваққатан қатъ кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 28-уми октябр фармоне имзо кард, ки тибқи он то 1-уми январи соли 2029 ба ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна мораторий эълон мешавад.