Паноҳҷӯи 54-солаи тоҷик Асадулло Бобоев, ки аз эҳтимоли шиканҷа ва зиндонӣ шудан дар Тоҷикистон нигарон буд, аз ҷониби мақомоти Олмон ҳамроҳи писараш ба Душанбе ихроҷ шудааст. Ба гуфтаи наздиконаш, пас аз расидан ба Тоҷикистон ӯро боздошт кардаанд.
Ҳамсари ӯ, Мастона Файзуллоева, рӯзи 23-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфта, ки мақомоти тоҷик шавҳарашро ба боздоштгоҳ бурда, писари 19-солааш Муҳаммадро ба дасти модарбузургаш супурдаанд. Ӯ мегӯяд, ҳоло аз сарнавишти шавҳару писараш сахт нигарон аст.
Ба гуфтаи Файзуллоева, Асадулло Бобоев рӯзи 20-уми июн аз тариқи телефон хабар додааст, ки ӯро ба тарафи шаҳри Мюнхен мебаранд, то бо ҳавопаймо ба Тоҷикистон фиристанд. Ба нақли ҳамсараш, Бобоев дар суҳбати кӯтоҳ танҳо гуфтааст, ки дастонаш баста буданд ва дигар имкони ҳарф задан надошт.
Асадулло Бобоев пештар гуфта буд, ки узви Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон — як созмони мухолифи ҳукумат аст. Ӯ иддао дошт, ки дар Тоҷикистон нисбат ба ӯ бо гумони тундгароӣ парванда боз шудааст ва дар сурати бозгашт эҳтимоли азияту шиканҷа вуҷуд дорад.
Шарофиддин Гадоев, раиси Ҷунбиши ислоҳот ва рушд, низ ихроҷи Бобоевро тасдиқ кардааст. Ба гуфтаи ӯ, барои ҳимоят аз Бобоев ба додгоҳи Олмон даҳҳо саҳифа санаду далел пешниҳод шуда буд, ки хатари шиканҷа ва муҷозоти эҳтимолии ӯро дар Тоҷикистон нишон медоданд. Аммо, ба гуфтаи Гадоев, мақомоти Олмон ба ин далелҳо таваҷҷуҳ накарданд.
Асадулло Бобоев ва писараш рӯзи 8-уми июн дар ноҳияи Клевеи Олмон боздошт шуда буданд. Худи ӯ пеш аз ихроҷ гуфта буд, ки мақомоти Олмон боздошташро ба мушкил дар санади иқомат ва ба поён расидани муҳлати зист рабт медиҳанд, аммо фиристодани ӯ ба Тоҷикистонро нодуруст медонад.
То ҳол мақомоти Олмон ва Тоҷикистон дар бораи ин қазия шарҳи расмӣ надодаанд.
Ёдовар мешавем, ки ихроҷи паноҳҷӯёну муҳоҷирон аз Олмон дар моҳҳои охир суръат гирифтааст. Пеш аз ин низ чанд шаҳрванди тоҷик аз ин кишвар ба Тоҷикистон ихроҷ шуда буданд. Бархе аз онҳо баъди бозгашт дар Тоҷикистон боздошт ва ба муҳлатҳои тӯлонии зиндон маҳкум шуданд. Аз ҷумла, Дилмурод Эргашов ва Абдуллоҳи Шамсиддин аз шахсоне ҳастанд, ки пас аз ихроҷ аз Олмон дар Тоҷикистон барои солҳои тӯлонӣ ба зиндон маҳкум шуданд.
