10.9 C
Dushanbe

Олмон як ҷавони тоҷикро ба Душанбе ихроҷ кард

Як шаҳрванди 21-солаи Тоҷикистон, ки дар шаҳри Магдебурги Олмон бо гумони тарҳрезии ҳамла боздошт шуда буд, ба Тоҷикистон фиристода шуд.

Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии шаҳри Магдебург, ҷавони тоҷик рӯзи шанбе таҳти назорати мақомоти дахлдор Олмонро тарк кардааст. Гуфта мешавад бозпас фиристодани шаҳрванди Тоҷикистон бо ҳамкории мақомоти федералӣ ва иёлатӣ сурат гирифтааст.

Дар ин бора хабаргузории олмонии DPA рӯзи 4-уми январ бо истинод ба маълумоти мақомоти амниятӣ, хабар дода, навиштааст, ки ин ҷавон қасд дошт як амали шадиди хушунатомезро бо ангезаҳои исломгароёна анҷом диҳад. Ӯ моҳи декабри соли гузашта дар Магдебург боздошт ва барои пешгирӣ аз эҳтимоли таҳдиди амнияти ҷамъӣ муваққатан зиндонӣ шуд.

Мақомот гуфтаанд, ки ин ҷавон рӯ ба ифрогароӣ оварда, ба омӯзиши аслиҳа ва тирандозӣ таваҷҷуҳ дошт. Ҷузъиёти мушаххаси нақшаи эҳтимолии ҳамлаи ӯ ошкор нагардидааст.

Дар хабар омадааст, ки ин шаҳрванди Тоҷикистон моҳи июни соли 2024 бо раводид вориди Олмон шудааст. Дар номаи дархости худ барои барномаи «Au pair» ӯ изҳор доштааст, ки ба забон ва фарҳанги олмонӣ таваҷҷуҳ дорад ва мехоҳад баъдан ба Тоҷикистон баргашта, дар соҳаи мудирияти сайёҳӣ таҳсил кунад. Ӯ таҳсилоти касбиро дар соҳаи парасторӣ дар шаҳри Магдебург оғоз намуда будааст.

Вазорати корҳои дохилии Олмон эълон кард, ки “Бар асоси қарорҳои мақомоти Олмон, барои ин ҷавон вуруд ба кишвар ва иқомат дар ин кишвар манъ карда шудааст.”

Олмон дар солҳои охир сиёсати худро нисбат ба муҳоҷирон сахттар кардааст ва чораҳои шадидро татбиқ мекунад. Муҳоҷироне, ки ҷиноят содир мекунанд, дар муддати кӯтоҳ аз кишвар ихроҷ мешаванд.

Чаде пеш Александр Добриндт, вазири корҳои дохили аз Ҳизби сотсиал-масеҳӣ, ба нашрияи Bild am Sonntag гуфт: «Мо муҳоҷиратро бо шаффофият ва қатъият идора мекунем. Онҳое, ки сазовори ҳимоя нестанд, набояд вориди кишвар шаванд ва онҳое, ки ҷиноят содир мекунанд, бояд бираванд. Ӯ иброз доштааст “Ҷаҳон аз Олмон паёми возеҳе дар бораи тағйир додани сиёсати муҳоҷират дар Аврупо гирифтааст”.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳамкории Тоҷикистону Бритонё барои манобеи зарурӣ

Ҳукумати Тоҷикистон тафоҳумномаи ҳамкории манобеи зарурӣ бо Бритонёро тасдиқ кардааст.

Муҳоҷирро барои истифода набурдан аз WhatsApp ва YouTube ба Русия роҳ надоданд

Мақомоти Русия ба садҳо муҳоҷири тоҷик дар фурудгоҳи Жуковский иҷозаи вуруд ба Маскавро надоданд.

Аз оғози ҷанги муштараки Амрико ва Исроил бар зидди Эрон панҷ рӯз мегузарад

Бо ворид шудани рӯзи панҷуми ҷанги муштараки Амрико ва Исроил алайҳи Эрон ҳамчнон ҳуҷумҳо аз ҳарду тарафи ҷанг раду бадал мешаванд.

Ҳабси пешакии се иштирокчии занозании гурӯҳӣ дар Варшава

Додгоҳи ноҳияи Воляи шаҳри Варшаваи Лаҳистон се иштирокчии занозании гурӯҳии муҳоҷирони тоҷик дар назди яке аз нуқтаҳои сӯзишвориро барои семоҳӣ ба ҳабси пешакӣ гирифт.