21.9 C
Dushanbe

Омбудсмен: ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон комилан иҷро шудааст

Мақомҳои тоҷик мегӯянд, ҳуқуқу озодиҳои инсон дар Тоҷикистон соли ҷорӣ мувофиқ ба аҳдномаҳои байналмиллалие, ки Тоҷикистон шомили онҳост, комилан ва ҳамаҷониба иҷро шудааст.

Акс аз сомонаи “ombudsman.tj”

Ба гузориши “Ховар” Бозраси давлатии ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон Умед Бобозода рӯзи 8-уми декабр дар Форуми ҳуқуқи инсон “Ҷануб-Ҷануб 2021”, ки аз ҷониби кишвари Чин ба шакли маҷозӣ доир гашт, иштирок ва суханронӣ намуд.

Ба иттилои манбаъ, дар ин Форум зиёда аз 100 кишвар ҳузур дошта. Бобозода дар суханронии худ аз сиёсати Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди ҳуқуқи башар тавсиф намуда, таъкид кард, ки дар “Тоҷикистон таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва манфиатҳои арзишии он зери ҳимояи қонунгузории кишвар қарор дорад”.

Ҳамчунин Бобозода ёдовар шуда, ки “Тоҷикистон бисёр уҳдадориҳои байналмилалии самти ҳуқуқу озодиҳои инсонро ҳамаҷониба иҷро намуда, амалишавии онҳоро таъмин менамояд.”

Бобозода дар ҳоле аз ҳамаҷониба риоя шудани ҳуқуқу озодиҳои инсон мегӯяд, ки худи ҳамин сол чандин созмонҳои байналмиллалии ҳуқуқи башар Тоҷикистонро ба хотири зиндонӣ кардани пирамарди 80-сола Донёр Набиев мавриди интиқоди шадид қарор дода буданд.

Ҳазамон Созмони “Freedom House” (Хонаи Озодӣ) дар охирин гузориши худ Тоҷикистонро шомили феҳристи кишварҳои “бадтарини бадтарин” аз ҷиҳати ҳуқуқу озодиҳои сиёсиву шаҳрвандӣ намуд.

Дар гурӯҳи 12 кишвари бадтарин помолкунандаи ҳуқуқи башар, имсол Тоҷикистон дар баробари Куриёи Шимолӣ, Туркманистон, Сурия, Арабистони Саудӣ, Чин, Либӣ ва Сомалӣ қарор гирифт.

Инчунин Тоҷикистон аз рӯйи натиҷаҳои сол дар поинтарин радаи шохиси демократия қарор гирифт, ки ҳамасола Созмони “The Economist Intelligence Unit” таҳия мекунад ва имсол мақоми 160-умро касб кардааст.

Дар шохиси солонаи озодии матбуот, ки ҳамасола созмони “Гузоришгарони Бидуни Марз” нашр мекунад, кишвар мақоми 162-ро дар миёни 180 кишвар гирифтааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошти ду тоҷикистонӣ бо гумони ба асорат гирифтани ҳамватани худ

Мақомоти Русия хабар доданд, ки ду шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гумони ба асорат гирифтан ва латтукӯби як ҳамватани худ боздошт шудаанд.

Русия мехоҳад бештар хориҷиёнро ба ҷанги зидди Украина барад

Дар наздиктарин фурсат дар Русия қонуни наве қабул мешавад,...

Оё низоми таҳсили 12-сола метавонад сифати таҳсилро беҳтар кунад?

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи гузариш ба низоми таҳсили 12-соларо ҷорӣ карданӣ аст.

Чаро кишварҳои ҳамсоя афғонҳоро ихроҷ мекунанд?

Ба иттилои мақомоти Толибон, Эрон зарфи як моҳ беш аз 500 ҳазор муҳоҷири афғонистониро ихроҷ кардааст.