7.9 C
Dushanbe

Ҷон бохтани 3 коргари тоҷик дар сохтмони “Роғун”

Дар пай як ҳодисаи нохуш дар сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” 3 коргар ҷони худро аз даст дода, як нафари дигар захмӣ шуд.

Расонаҳои кишвар дар такя ба Хадамоти давлатии назорат ва бехатарии меҳнат дар саноат ва саноати кӯҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ки ин ҳодисаи нохуш рӯзи сешанбе, 12-уми ноябр рух додааст.

Ин ниҳоди давлатӣ гуфтааст, ки нафарони ҷонбохта 39, 40 ва 51-сола буда, ҳарсе кормандони ширкати “Ҳокруд” буданд, ки дар НБО “Роғун” кор мекарданд.

Мақомоти кишвар сабабҳои рух додани ҳодисаи мазкурро тавзеҳ надодаанд. Аммо наворе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ин ҳодиса роҳ ёфтааст, як нафар мегӯяд, “Платформа” дар болои коргарон чаппа шуд ва боиси марги се нафар гашт.

Намояндагони Хадамоти назорат дар соҳаи кӯҳкории кишвар гуфтаанд, ки барои таҳқиқи ҳодисаи мазкур гурӯҳи корӣ ташкил додаанд ва аллакай таҳқиқи ҳодиса шуруъ шудааст.

Аз ин пештар ҳам дар ин сохтмони бузург ҳодисаҳои нохуши мушобеҳе рух дода буд, ки боиси марги чанде аз коргарон гашт. Аз ҷумла солҳои 2019 ва 2020 беш аз 20 нафар дар ҳодисаҳои нохуши ин сохтмон ҷон бохта буданд. Вале то кунун мақомоти қудратии кишвар ҳеч яке аз масъулини НБО “Роғун”-ро барои марги коргарон ба ҷавобгарӣ накашидааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Идомаи тағйиру ҷойивазкуниҳо дар вазорату идораҳо

Шералӣ Мирзо, ки беш аз 12 сол вазири дифои кишвар буд, аз вазифааш барканор шудааст.

Толибон: Омилони ҳамлаҳо дар Афғонистон шаҳрвандони Тоҷикистону Покистонанд

Толибон бо интишори гузорише муддаи шуданд, ки аксари омилони ҳамлаҳои терористӣ дар Афғонистон шаҳвандони Тоҷикистон ва Покистон мебошанд.

Додгоҳи Лоҳа раҳбарони Толибонро боздошт мекунад?

Аз Додгоҳи ҷиноии байналмилалӣ (Додгҳи Лоҳой) хоста шуда, ки ҳукми боздошти роҳбарони Толибон, аз ҷумла Ҳайбатуллоҳ Охунзода ва Абдуллоҳ Ҳаққониро содир кунад. 

Раҳмон ду қудояшро аз вазифаҳояшон барканор кард

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тағйирот ё ҷойивазкунии имрӯзаи мақомдоронро аз барканории ду қудояш шуруъ кард.