26.9 C
Dushanbe

Қонуни муҳоҷират дар Русия сахттар мешавад

Вазорати корҳои дохилии Русия пешниҳод карда, ки назорати муҳоҷирон бо истифода аз фановариҳои ҷадид сурат бигирад.

Ирина Волк, намояндаи Вазорати корҳои дохилии Русия аз таҳияи тарҳи қонуне хабар дод, ки тибқи он вазъи муҳоҷирон дар ин кишвар вазнин мешавад.

Дар ин қонун омааст, ки будубоши хориҷиҳо бидуни виза дар Русия то 90 рӯз дар як сол ва супоридани маълумоти беометрӣ ҳатмӣ шавад.

Инчунин ВКД ба Ҳукумати Русия пешниҳод кардааст, ки ба муҳоҷирон санади ягонаи тасдиқкунандаи шахсият дода шавад ва он бояд ҳамаи ҳуҷҷатҳоеро иваз кунад, ки ҳоло муҳоҷирон дарёфт мекунанд.

Дар ин тарҳи қонун ҳамчунин аз боз кардани саҳифаи рақамии муҳоҷир ва феҳристи корфармоёну коргарони хориҷӣ гуфта шудааст.

Агар ин тарҳи қонун қабул шавад, ҳангоми вуруд ба Русия хориҷиҳо ба ҷуз аз супоридани маълумоти биометрӣ бояд созишномаи содиқу вафодор монданро низ имзо кунанд, ки дар он муҳоҷирон огоҳ карда мешаванд, дар сурати қонуншиканӣ аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум мешаванд.

Ичнунин тибқи ин тарҳи нави қонун, шаҳрвандони хориҷиро аз Русия ҳам додгоҳҳо ва ҳам мақомоти иҷроия метавонанд, ихроҷ кунанд.

ВКД-и Русия ин тарҳи нави қонунро дар ҳоле ба ҳукумат пешниҳод кардааст, ки шоми ҷумъаи 22-уми марти соли ҷорӣ ба бинои “Крокус Сити Ҳолл”-и шаҳри Красногорски канори Маскав ҳамла сурат гирифта, муҳоҷимон сӯи мардум аз автоматҳо тир кушоданд. Пас аз чанде дар толори консертӣ таркиш рух дод ва он бино оташ гирифт. Бино ба иттилои расмӣ, дар натиҷаи тирпарронӣ ва сар задани оташ 143 нафар, аз ҷумла се кӯдак ба ҳалокат расида, 182 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Мақомоти Русия дар пайи ин ҳодиса 11 нафарро боздошт кард, ки то ҳол номи 10 нафари онҳо расонаӣ шуда, 9 нафарашон зодагони Тоҷикистон мебошанд.

Пас аз ин ҳодиса низ хабарҳо нашр мешавад, ки дар Маскав ва дигар шаҳрҳои Русия фишор болои муҳоҷирони тоҷик бештар шуда, онҳо аз ҷониби пулис ва ҳатто мардуми оддӣ мавриди ҳамлаҳои лафзӣ ва ҷисмӣ қарор гирифта истодаанду иҷборан аз ин кишвар ихроҷ доранд.

Ҳатто Владимири Путин, раисҷумҳури Русия дар мулоқот бо мақомдоронаш гуфт, ки сиёсати муҳоҷират дар кишвараш бояд “аз реша дигар шавад” ва ба онҳо супориш дод, ки сари ин масъала кор кунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мулоқоти Раҳмонов ва Пизишкиён дар Озарбойҷон

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот кард.

Гармои шадид дар Тоҷикистон сокинонро нигарон кардааст

Рӯзҳои ахир шиддати гармои тобистонӣ дар Тоҷикистон аксари сокинонро нигарон кардааст.

Имомуддин Сатторов сафири Тоҷикистон дар Лаҳистон шуд

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон ва Лаҳистон Имомуддин Сатторов эътимодномаи худро ба Президенти Лаҳистон Анджей Дуда супорид.

Толибонро аввалин кишвари дунё расман эътироф кард

Пас аз чор соли ба сари қудрат расидани Толибон дар Афғонистон Русия аввалин кишваре шуд, ки ҳукумати сарпарастро ба расмият шинохт.