Ҷумҳурии Қазоқистон содироти орду гандум ба Тоҷикистонро нисбат ба солҳои қаблӣ 4 баробар бештар кардааст. Дар ин бора АПК Новости аз Вазорати кишоварзии Қазоқистон хабар медиҳад.
Аз Вазорати кишоварзии Қазоқистон гуфтаанд, ки содироти гандуми босифати Қазоқистон ба Тоҷикистонро ҳоло 1,5 афзоиш дода шудааст ва қарор аст содироти он то 4 баробар нисбат ба солҳои қабл расонида шавад.
Гуфта мешавад, ин маълумот дар ҷараёни вохӯрии вазирони кишоварзии Қазоқистон ва Тоҷикистон садо дод. Роҳбарони ниҳодҳои кишоварзӣ тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаи кишоварзӣ миёни ду давлатро баррасӣ карданд. Гуфта мешавад, ки тибқи натиҷаҳои нуҳ моҳи аввали соли ҷорӣ гардиши дуҷонибаи тиҷорати маҳсулоти кишоварзӣ байни давлатҳо ба 103 миллион доллар расида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 37,5% афзоиш ёфтааст. Хусусан содироти маҳсулоти аграрӣ ба таври назаррас зиёд шуда, тақрибан 70 миллион долларро ташкил додааст.
Ба иттилои Вазорати кишоварзии Қазоқистон, аз ин гардиши молу колои тиҷоратие, ки байни ду кишвар сурат гирифта, содироти ғалладона аз ҳама бештар будааст. Таъуид мешавад, ки Қазоқистон содироти гандуми босифатро ба Тоҷикистон 1,5 баробар ва содироти ордро 4 баробар афзун намудааст.
Ҳамчунин ниҳоди давлатии Қазоқистон иттилоъ дод, ки интиқоли равғани офтобпараст ба Тоҷикистон аз сар гирифта шудааст.
Ин дар ҳолест, ки чанде пеш Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни нишасте аз он шикоят кард, ки тағйирёбии иқтлим ва беборониҳо ба соҳаи кишоварзии кишвар зарба зада, сабаб шуда, ки маҳсулоти кишоварзӣ, бахусус истеҳсоли гандум дар кишвар то 50% коҳиш ёбад.
Ҳоло маълум нест, бо афзоиши воридоти гандуму орд аз Қазоқистон ба Тоҷикистон нархи ин маҳсуоти ниёзи аввал дар бозорҳо арзон мешавад ё на. Қаблан сокинон аз гароншавии орду равған ва дигар хӯроквориҳо шикоят карда буданд.
