Оё кумакҳои ИА барои рушди демократияи дар Тоҷикистон натиҷа медиҳад?

Иттиҳоди Аврупо барои демократиякунонӣ ва ҳимояи ҳуқуқи инсон ба Тоҷикистон наздики 2 миллион евро кумак мекунад.

Тавре Иттиҳоди Аврупо дар сомонаи расмияш нашр кардааст, ин иттиҳодия 1 миллиону 855 ҳазор евро грант ҷудо кардааст. Гуфта мешавад, ин кумак бо ҳадафи рушду ҳимояи ҳуқуқи инсон, демократия ва озодиҳои бунёдӣ пешбинӣ шудааст.

Иттиҳоди Аврупо гуфта, ки намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии тоҷик метавонанд бо тарҳҳое барои пуштибонӣ аз демократия ва ҳимояи ҳуқуқи инсон дар ҳаҷми аз 300 то 400 ҳазор евро ба муҳлати 24 то 36 моҳ дархост диҳанд.

Гуфта мешавад, тарҳҳои пешниҳодшуда бар асоси озмун қабул карда мешаванд. Ин раванд то 17-уми моҳи апрели соли ҷорӣ идома хоҳад кард.

Дар ҳоле Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон наздики 2 миллон евро барои рушди демократия куамк карданист, ки гузоришгари вежаи Созмони Милали Муттаҳид дар умури вазъи ҳомиёни ҳуқуқ Мери Лолор аз ҳукумати Тоҷикистон хоста, ки рӯзноманигорон ва ҳуқуқдонони зиндониро озод кунад.

Мери Лолор дар нишасти Шӯрои Ҳуқуқи башари СММ аз вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон интиқод кард. Вай мегӯяд, масъалаи озодии рӯзноманигоронро борҳо бо мақомоти тоҷик дар миён гузоштааст, аммо то ҳол мақомоти касе аз онҳоро озод накардааст.

Дар баробари Мери Лолор низ борҳо дигар намояндагони баландпояи Иттиҳоди Аврупо ва СММ дар минбарҳои гуногун аз боздоштҳои густардаи озодандешон, рӯзноманигорон ва мухолифони сиёсии тоҷик интиқод карда, гуфта буданд, ки “ин раванд ба нафъи демократиякунонии ҷомеа нест.”

Дар ҳамин ҳол Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон дар суҳбат ба Azda tv гуфт, ки “ҳамасола чунин кумакҳо миллионӣ аз ҷониби СММ, Амрико, Иттиҳоди Аврупо ва дигар созмонҳои байналмилалӣ барои рушди демократия ва ҳимоят аз ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон ҷудо мешавад, аммо суоли асосӣ ин аст, ки ин маблағҳо ва ин грантҳо то куҷо вазъи ҳуқуқи башар ва демократия дар Тоҷикистонро беҳтар карданд?”

Кабирӣ мегӯяд, натиҷа ин аст, ки вазъият дар ин ду самт (демократия ва ҳуқуқи башар) рӯз ба рӯз дар Тоҷикистон бадтар мешавад. Ба гуфтаи раҳбари ПМТ, он созмонҳо ва гурӯҳҳое, ки дар Тоҷикистон ин грантҳоро дарёфт мекунанд, ба масоили умдаи демократия ва вазъи ҳуқуқи башар камтар таваҷҷуҳ мекунанд.

“Барои мисол, он созмонҳое, ки дар Душанбе фаъолият мекунанд, ба мушкилоти хонаводаҳои зиндониёни сиёсӣ аслан расидагӣ намекунанд, ё барои мисол, ҳамин шабу рӯзҳо фишор болои хонаводаҳои мухолифин дар дохили кишвар хеле бештар шудааст ва расонаҳо ҳаст, ҳамагон медонанд, аммо созмонҳое, ки ин грантҳои ба ном барои рушди демократия ва ҳуқуқи башарро дарёфт мекунанд, худро ба нодонӣ мезананд гӯё ин масъулияти онҳо нест.“, гуфт Муҳиддин Кабирӣ.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

HRW аз Олмон талаб кард, ки ихроҷи Асадулло Бобоевро шарҳ диҳад

Созмони байналмилалии Дидбони ҳуқуқи башар (Human Rights Watch) аз мақомоти Олмон талаб карда, ки ихроҷи фаъоли мухолифи тоҷик Асадулло Бобоевро ба Тоҷикистон шарҳ диҳанд.

Душанбе ва САҲА: идомаи ҳамкориҳо бо вуҷуди курсии холии Душанбе дар Варшава

Пас аз иштирок накардани Тоҷикистон дар нишасти САҲА, намояндаи ин ниҳод бо мақомоти тоҷик дар Душанбе гуфтугӯ карданд.

Рӯзи маҳбусони сиёсӣ: беш аз як миллион маҳбуси сиёсӣ дар ҷаҳон

То имрӯз дар саросари ҷаҳон беш аз як миллион нафар ба сабаби фаъолиятҳои сиёсӣ ва ё дигарандешӣ дар зиндонанд.

Муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ камтар, вале аз Ҳиндустон ва Чин бештар

Русия дар пасманзари ҷанг алайҳи Украина ва камбуди шадиди қувваи корӣ ҷалби муҳоҷирони кориро зиёд кардааст.