Оё Тоҷикистон ба хатти форсӣ бармегардад?

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 28-уми май дар ҷаласаи Ҳукумат ба масъулони соҳаи маориф супориш додааст, ки сифати таълими “алифбои ниёгон”-ро дар муассисаҳои таълимии кишвар беҳтар кунанд.

Тибқи иттилои расмӣ, ин масъала дар доираи “сиёсати тарғибу ташвиқи таърих ва фарҳанги ориёӣ” баррасӣ шудааст. Эмомалӣ таъкид карда, ки дар барномаҳои таълимии мактабҳо бояд ба ин мавзуъ таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда шавад. Бо ин мақсад, Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон вазифадор шудааст, ки пешниҳодҳои мушаххаси худро барои такмили ин раванд пешниҳод кунад.

Ин дастури нав дар ҳоле садо медиҳад, ки мунтақидон ин гуна супоришҳоро бештар амали намоишӣ медонанд. Масъалаи бозгашт ба хатти форсӣ солҳост дар байни равшанфикрон ва зиёиёни тоҷик мавриди баҳсҳои тунд қарор дорад. Гоҳо ин баҳсҳо дар фазои маҷозӣ авҷ гирифта, аҳли зиё ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд, ки гурӯҳе хостори эҳёи хатти таърихӣ ва гурӯҳи дигар нигарони мушкилоти саводнокӣ бо хатти кирилӣ мешаванд.

“Алифбои ниёгон” номест, ки дар Тоҷикистон ба хатти форсӣ дода шудааст. Ин хат таърихи беш аз 1000-сола дошта, тӯли асрҳо хатти асосии илму адабиёти классикии тоҷик буд. Мардуми Тоҷикистон то соли 1928 маҳз ҳамин алифборо истифода мебурданд, аммо дар асри 20 дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ дабираи форсӣ тағйир ёфт: аввал ба лотинӣ (1928–1940) ва сипас ба кирилӣ (аз соли 1940) гузаронида шуд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҷосусӣ тавассути реклама: дастгоҳҳои “Ал-Ҷазира” ҳадаф қарор гирифтанд

Пажӯҳишгоҳи Citizen Lab ошкор кардааст, ки рекламаҳои интернетӣ барои олуда кардани дастгоҳҳои кормандони “Ал-Ҷазира” ба ҷосусафзор истифода шудаанд.

Тифли дуздидашударо баъди панҷ рӯз пайдо карданд

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, навзоде, ки шаби 11-уми октябр аз як таваллудхона дар Душанбе ғайб зада буд, "сиҳату саломат" пайдо шудааст.

Мулоқот бо СБП: кадом хавфҳои иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ шуданд?

Ҳайати Тоҷикистон рӯзи 13-уми октябр дар Тайланд бо роҳбарияти СБП масъалаҳои сиёсати пулию қарзӣ, рушди низоми бонкӣ ва таҳкими суботи иқтисодиро баррасӣ кард.

Аз тиб то сартарошхона: муҳоҷирон дар Санкт-Петербург аз кор дар чанд соҳа маҳрум шуданд

Дар шаҳри Санкт-Петербург барои муҳоҷироне, ки бо патент фаъолият мекунанд, маҳдудиятҳои нави корӣ ҷорӣ шуд.