31.9 C
Dushanbe

Озмоиши сомонаи зидди мушакии “S-300”-и Русия дар Тоҷикистон

Расонаҳои русӣ бо нашри як навори видеоӣ аз озмоиши сомонаи зидди мушакаии

Дар ин навор дида мешавад, ки низомиёни пойгоҳи ҳарбии 201 Русия воқеъ дар Тоҷикистон бо анҷоми як амалиёт ҳамлаи ҳавоии як душамани ифтирозии худро аз байн мебаранд.

Пеш аз ин дар моҳи апрели соли 2021 созишномаи таъсиси низоми ягонаи дифои ҳавоӣ байни Русия ва Тоҷикистонро вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо бо ҳамтои русиаш Сергей Шойгу имзо карда буданд.

Сипас 12-уми ноябри соли 2021 Ҳукумати Русия эълон карда буд, ки созишномаи миёни ин кишвар ва Тоҷикистон дар бораи таъсиси низоми ягонаи дифои зиддиҳавоиро тасдиқ кардааст.

Гуфтанист, сомонаи зидди мушакии “S-300”-и Русия дар Тоҷикистон ҳам дар доираи ин созишномаи байни ду кишвар дар Пойгоҳи низомии 201 Русия мусатаққар шуда, аз он ҷо идора карда мешавад.

Ин дар ҳолест, ки 27-уми январи соли ҷорӣ ҳангоми сар задани низоъҳо дар шаҳри Исфара Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон эълон карда буд: “Парвозҳои ҳавопаймоҳои бесарнишин бо вайрон кардани ҳарими ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуданд.” Аммо дар посух ба ин ҷониби Тоҷикистон амалан ҳеч аксуламале дар дифоъ аз ҳарими ҳавоии худ дар вақти низоъ нишон надод.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боз беш аз 150 муҳоҷири тоҷик боздошт шуд

Нерӯҳои интизомии Федератсияи Русия субҳи рӯзи 30-уми майи соли ҷорӣ беш аз 150 муҳоҷири тоҷикро дар назди метрои Митинои Маскав боздошт карда, ба шуъбаи пулис бурданд.

Афзоиши ҳолатҳои қаллобӣ дар Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон рӯзи 30-уми майи соли ҷорӣ аз боздошти нафаре хабар дод, ки дар қаллобӣ ва азхудкунии пулҳои мардум бо роҳи фиреб муттаҳам мешавад.

Ҳушдори Белорус ба Ғарб: Хатти сурхро убур накунед!

Як мақомдори баландпояи низомии Белорус пас аз ҷобаҷакунии силоҳҳои ҳастаии Русия дар хоки ин кишвар ба Ғарб ҳушдор дод, ки хатти сурхро убуб накунанд.

Идомаи “рейд”-и муҳоҷирон дар Русия

Ҳафтаи дуюм аст, ки дар шаҳру ноҳияҳои Федератсияи Русия...