Озодии ду узви собиқи раёсати олии ҲНИТ

Муҳаммадшариф Набиев ва Абдусамад Ғайратов, ду узви собиқи раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз зиндон озод шуданд.

Саидисҳоқ Бобоев, фаъоли сиёсӣ рӯзи 1-уми июн ба Azda.tv гуфт, ки “имрӯз соати 10-и субҳ Муҳаммадшариф Набиев ва Абдусамад Ғайратов пас аз тақрибан 11 соли зиндон ба озодӣ баромаданд.”

Гуфта мешавад, Муҳаммадашариф Набиев, раиси собиқи дафтари ҲНИТ дар минтақаи Кӯлоб ва Абдусамад Ғайратов, узви собиқи раёсати олӣ ҳамроҳи 12 тани дигар аз раҳбони ин ҳизб бо иттиҳоми сохтаи кӯшиши ғасби қудрат ва ҳамдастӣ дар ошӯби генерал Абдуҳалим Назарзод, муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон 16-уми сентябри соли 2015 дастгир ва дертар ба 14-солии зиндон маҳкум карда шуданд. 

Иттиҳоми кӯшиши ғасби ҳокимият ва ҳамдастӣ дар ошӯби генерал Абдуҳалим Назарзодаро раҳбарони ҲНИТ пурра рад карда, сабаби боздошту зиндонӣ карданҳоро ангезаи сиёсӣ унвон карда буданд.

Гурӯҳи кории таҳқиқи боздоштҳои худсарона дар СММ низ соли 2020 дар як арзёбияш гуфта, буд, ки ҳукумати Тоҷикистон аъзои баландпояи ҲНИТ-ро бар хилофи қонун ва уҳдадориҳои байналмилалиаш дар бораи ҳуқуқи инсон зиндонӣ кардааст.

Бояд гуфт, аз 14 тан аз раҳбарони ҲНИТ, ки бо Муҳаммадшариф Набиев ва Абдусамад Ғайратов дастгир ва равонаи зиндон гашта буданд, ягона зан Зарафо Раҳмонӣ пас аз 1 сол аз зиндон озод шуд, аммо Саттор Каримов, маъруф ба Махсуми Саттор дар зиндон кушта шуд ва Маҳмадалии Файзмуҳаммад ва Зубайдуллоҳи Розиқ баъдтар ба сабаби вазъияти бади саломатӣ фавтиданд.

Ҳоло ҳашт тани дигар, аз ҷумла муовинон Сайидумар Ҳусайнӣ ва Маҳмадалӣ Ҳаит, ки ҳукми абад гирифтаанд, ҳамчунин Раҳматуллоҳи Раҷаб, Абдуқаҳҳори Давлат, Қиёмиддини Аваз, Воҳидхон Қосидинов, Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода ва Саъддини Рустам ҳукмҳои тӯлониро дар зиндон адо мекунанд. Дар миёни онҳо ҷавонтаринашон Абдуқаҳҳори Давлат 51 сол ва бузургсолтаринашон Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода мебошад, ки 76 сол дорад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҷосусӣ тавассути реклама: дастгоҳҳои “Ал-Ҷазира” ҳадаф қарор гирифтанд

Пажӯҳишгоҳи Citizen Lab ошкор кардааст, ки рекламаҳои интернетӣ барои олуда кардани дастгоҳҳои кормандони “Ал-Ҷазира” ба ҷосусафзор истифода шудаанд.

Тифли дуздидашударо баъди панҷ рӯз пайдо карданд

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, навзоде, ки шаби 11-уми октябр аз як таваллудхона дар Душанбе ғайб зада буд, "сиҳату саломат" пайдо шудааст.

Мулоқот бо СБП: кадом хавфҳои иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ шуданд?

Ҳайати Тоҷикистон рӯзи 13-уми октябр дар Тайланд бо роҳбарияти СБП масъалаҳои сиёсати пулию қарзӣ, рушди низоми бонкӣ ва таҳкими суботи иқтисодиро баррасӣ кард.

Аз тиб то сартарошхона: муҳоҷирон дар Санкт-Петербург аз кор дар чанд соҳа маҳрум шуданд

Дар шаҳри Санкт-Петербург барои муҳоҷироне, ки бо патент фаъолият мекунанд, маҳдудиятҳои нави корӣ ҷорӣ шуд.