Паймони миллии Тоҷикистон аз Утриш хост аз истирдоди мухолифони тоҷик худдорӣ кунад

Паймони миллии Тоҷикистон бо нашри изҳороте аз Ҷумҳурии Утриш хост аз истирдоди Шавкатҷон Шарипов, сухангӯи ин паймон, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо номи Шавкати Муҳаммад шинохта шудааст, худдорӣ кунад. Ҳамчунин ПМТ аз баррасии “даҳҳо парванда”-и паноҳандагони тоҷик дар додгоҳҳои Утриш изҳори нигаронӣ намуда, аз мақомоти Утриш даъват кард Конвенсияи СММ зидди шиканҷа ва Конвенсияи соли 1951 оид ба мақоми гурезаҳоро пурра риоя намояд.

“Паймони Миллии Тоҷикистон аз оғози баррасии дархости мақомоти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба истирдоди фаъоли сиёсӣ, рӯзноманигори мустақил ва паноҳандаи расман эътирофшуда Шавкатҷон Шарипов (Шавкати Муҳаммад) дар Ҷумҳурии Австрия изҳори ташвиш намуда, мақомоти Ҷумҳурии Австрия ва ҳамаи ниҳодҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқи инсонро даъват менамояд, ки ба ин парванда таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд” – омадааст дар изҳорот.

Гуфта мешавад Шавкати Муҳаммад рӯзи 9 июли соли ҷорӣ “аз Landesgericht für Strafsachen Wien даъватномаи расмӣ гирифт, ки тибқи он баррасии дархости истирдоди ӯ 5 августи соли 2026 дар додгоҳи Австрия таъин шудааст”.

Паймони Миллии Тоҷикистон дархости ҷониби Тоҷикистонро “дорои ангезаи сиёсӣ” номида, изҳор доштааст “ин амал дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун таъқиби фаромиллӣ (Transnational Repression) эътироф гардида, борҳо аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид, Парлумони Аврупо ва дигар ниҳодҳои байналмилалӣ маҳкум шудааст”.

Эътилофи мухолифини тоҷик бонги хатар зада, ки “дар сурати истирдод, Шавкатҷон Шарипов ба хатари воқеии боздошти худсарона, шиканҷа, муҳокимаи ноодилона ва таъқиби сиёсӣ рӯ ба рӯ хоҳад шуд”. 

Дар изҳорот аз парвандаи Ҳизбуллоҳ Шовализода, ки соли 2020 аз Утриш ба Тоҷикистон истирдод шуда, баъдан Додгоҳи Олии Ҷумҳурии Австрия истирдоди ӯро ғайриқонунӣ арзёбӣ кард, хотиррасон шуда, даъват шудааст ки “ин иштибоҳ набояд дубора такрор шавад”. Гуфтанист Шовализода баъди истирдод аз Утриш ба 23 соли зиндон маҳкум шуд.

ПМТ изҳор дошта, ки “дар додгоҳҳои Ҷумҳурии Австрия парвандаҳои даҳҳо шаҳрвандони Тоҷикистон, ки мақоми паноҳандаи сиёсӣ ё ҳимояи байналмилалӣ доранд, мавриди баррасӣ қарор доранд. Аз ин рӯ, ин изҳорот ва бандҳои он ба ҳамаи мухолифони сиёсӣ, рӯзноманигорон ва паноҳандагони сиёсии Тоҷикистон, ки дар Австрия қарор доранд, дахл дорад”.

Тибқи иттилоъи манобеъи Азда ТВ то ҳол дар додгоҳҳои Утриш 5 парвандаи мухолифини тоҷик баррасӣ шуда, ба дархости истирдоди ҳамаи онҳо ҷавоби рад дода шудааст. Гузашта аз ин, додгоҳи Утриш баъди баррасии парвандаи яке аз онҳо, ки то ҳол паноҳандагии сиёсӣ надошт, қарор содир намудааст, ки ба ӯ паноҳандагии сиёсӣ дода шавад.

Дар идомаи Изҳорот Паймони Миллии Тоҷикистон аз мақомоти Ҷумҳурии Австрия даъват кардааст:

“- дархостҳои истирдоди Шавкатҷон Шарипов ва дигар паноҳандагони сиёсиро, ки дар сурати бозгашт ба хатари воқеии таъқиби сиёсӣ, шиканҷа ва муҳокимаи ноодилона рӯ ба рӯ мешаванд, рад намоянд;

– мақоми паноҳандагӣ ва ҳамаи кафолатҳои ҳуқуқии онҳоро пурра эҳтиром намоянд;

– иҷозат надиҳанд, ки механизмҳои ҳамкории байналмилалии ҳуқуқӣ ҳамчун воситаи таъқиби фаромиллии мухолифони сиёсӣ истифода шаванд”.

Ҳамзамон, аз Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, Шӯрои Аврупо, САҲА ва ҳамаи созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон даъват шуда, ки “ин ва дигар парвандаҳои шабеҳро таҳти назорати ҷиддӣ қарор дода, барои ҳифзи ҳуқуқ ва амнияти паноҳандагони сиёсии Тоҷикистон аз тамоми воситаҳои ҳуқуқӣ ва дипломатии мавҷуда истифода намоянд”.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тифли дуздидашударо баъди панҷ рӯз пайдо карданд

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, навзоде, ки шаби 11-уми октябр аз як таваллудхона дар Душанбе ғайб зада буд, "сиҳату саломат" пайдо шудааст.

Мулоқот бо СБП: кадом хавфҳои иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ шуданд?

Ҳайати Тоҷикистон рӯзи 13-уми октябр дар Тайланд бо роҳбарияти СБП масъалаҳои сиёсати пулию қарзӣ, рушди низоми бонкӣ ва таҳкими суботи иқтисодиро баррасӣ кард.

Аз тиб то сартарошхона: муҳоҷирон дар Санкт-Петербург аз кор дар чанд соҳа маҳрум шуданд

Дар шаҳри Санкт-Петербург барои муҳоҷироне, ки бо патент фаъолият мекунанд, маҳдудиятҳои нави корӣ ҷорӣ шуд.

Тамдиди мораторияи санҷиши соҳибкорон то соли 2029

Эмомалӣ Раҳмон дастур додааст, ки санҷиши фаъолияти соҳибкорони хурду миёна то 1-уми январи соли 2029 маҳдуд карда шавад.