Pamir Daily News номашро тағйир доду корашро идома медиҳад

Додгоҳи олии Тоҷикистон сомонаи “Pamir Daily News”-ро, ки бештар ахбори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро пӯшиш медиҳад, мамнӯъ эълон кард. 

Ҳалномаи Додгоҳи олӣ 14-уми июни соли ҷорӣ бар асоси аризаи даъвогии Додситонии кулли Тоҷикистон қабул карда шудааст. 

Бино ба иттилои Додситонии кулли кишвар, фаъолияти сомонаҳои интернетии “Pamir Daily News” дар ҳудуди кишвар баста шуда, шаҳрвандоне, ки бо ин сомона ҳамкорӣ мекунанд ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд. 

дар вокуниш ба ин хабар масъулини сомонаи мазкур аз қавли нависандаи бритониёӣ Ҷорҷ Оруэлл мисол овардаанд, ки ӯ мегӯяд: “Дар замони умумӣ шудани дурӯғгӯӣ, гуфтани ҳақиқат ифротгароист.” 

Дар изҳороти масъули сомонаи Pamir Daily News омадааст, ки амалҳои мақомот ба рафтори шахси бадафт монанд аст, ки оинаро мешиканад, то камбудҳои ӯро нишон надиҳад.

“Фаъолияти мо кайҳо боз хоре дар чашми мақомоти Тоҷикистон буд. Зеро мо яке аз охиринҳое ҳастем, ки дар бораи қонуншиканиҳо дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар ВМКБ хабар медиҳем. Нашрияи моро ғайриқонунӣ эълон намуда, мақомоти Тоҷикистон талош доранд, ки фикру мулоҳизаҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро комилан аз байн баранд, ки дар он ҷо сиёсати ғайриахлоқӣ ва бемасъулиятонаро идома медиҳанд.” – мегӯянд масъулони Pamir Daily News. 

Масъулони ин сомона мегӯянд, кори худро бо нишон додани чеҳраи аслии ин ҳукумати дурӯғин, ғайриқонунӣ ва зиддихалқӣ идома хоҳанд дод. 

Инчунин, ба далели он, ки Додгоҳи олии Тоҷикистон фаъолияти расонаи Pamir Daily News-ро дар қаламрави кишвар мамнӯъ эълон карда, ҳайати эҷодии он тасмим гирифтааст, ки ребрендинг гузаронад ва номашро ба “Pamir Inside” тағйир диҳад.

Pamir Daily News ягона сомонаи хабарии мустақил нест, ки солҳои ахир ба рӯйхати вебсайтҳои мамнӯъ дар кишвар ворид карда мешавад. Пештар аз ин Додгоҳи олии Тоҷикистон чандин расона, аз ҷумла “Ахбор” ва “Payom”-ро низ мамнӯъ эълон карда буд. 

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар ҳукумати Тоҷикистонро барои маҳдуд кардани озодии баён ва фишор ба хабарнигорону боздошти онҳо танқид мекунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

ГӮШТИ ДАМИ ТӮП: ЗИНДОНИЁНИ ТОҶИКИ ЗИНДОНҲОИ РУСИЯ, КИ ПУШТУ ПАНОҲЕ НАДОРАНД

Фарзандони тоҷик дар ҷанги бегонаву бемаънии Русия бар зидди Украина ҳамчун гӯшти дами тӯп истифода мешаванд…

Қоидаи нави вуруд ба Қазоқистон: QazETA барои шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳатмӣ мешавад

Қазоқистон аз тобистони соли 2027 барои аксари шаҳрвандони хориҷӣ иҷозатномаи электронии вуруд (QazETA)-ро ҳатмӣ мекунад.

Олмон аз сарнавишти Асадулло Бобоев хабар надорад

Чаҳор моҳ пас аз истирдоди Асадулло Бобоев аз Олмон, ҳукумати ин кишвар дар посух ба дархости вакилон гуфтааст, ки дар бораи боздошт ва парвандаи ҷиноятии ӯ дар Тоҷикистон маълумот надорад.

Русия квотаи иқомати муваққатии хориҷиён (РВП)-ро боз кам кард

Ҳукумати Русия квотаи иҷозаи иқомати муваққатӣ барои шаҳрвандони хориҷиро дар соли 2027 то 3010 адад коҳиш дод, ки ин нисбат ба соли ҷорӣ 792 адад, ё тақрибан 21 дарсад камтар аст.