Парвозҳои Теҳрон – Душанбе баъд аз се моҳи таваққуф аз сар гирифта шуданд

Парвозҳои мустақим байни шаҳрҳои Теҳрон ва Душанбе пас аз се моҳи таваққуф дубора барқарор гардиданд. Нахустин парвозро дар ин масир ширкати ҳавопаймоии эронии “Вориш” рӯзи 31-уми май анҷом додааст.

Парвозҳо дар охири моҳи феврал бинобар маҳдудиятҳои ба вуҷудомада дар пайи ҳамлаҳои Амрико ва Исроил ба Эрон қатъ гардида буданд. Дар натиҷа, иртиботи ҳавоӣ миёни ду кишвар барои чанд моҳ боздошта шуд.

Ба иттилои расонаҳо, яке аз сабабҳои асосии тӯл кашидани таваққуфи парвозҳо маҳдудиятҳои транзитӣ будааст. Аз ҷумла, Туркманистон муддате иҷозати убури ҳавопаймоҳои эрониро аз ҳарими ҳавоии худ намедод.

Дар ин давра бисёре аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Эрон қарор доштанд, маҷбур шуданд барои бозгашт ба ватан аз роҳҳои заминӣ истифода баранд. Онҳо тавассути Озарбойҷон ва Туркманистон ба Тоҷикистон баргаштанд.

Бо вуҷуди азсаргирии парвозҳои ширкати “Вориш”, ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ҳанӯз парвозҳои худро дар масири Душанбе – Теҳрон барқарор накардааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҷосусӣ тавассути реклама: дастгоҳҳои “Ал-Ҷазира” ҳадаф қарор гирифтанд

Пажӯҳишгоҳи Citizen Lab ошкор кардааст, ки рекламаҳои интернетӣ барои олуда кардани дастгоҳҳои кормандони “Ал-Ҷазира” ба ҷосусафзор истифода шудаанд.

Тифли дуздидашударо баъди панҷ рӯз пайдо карданд

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, навзоде, ки шаби 11-уми октябр аз як таваллудхона дар Душанбе ғайб зада буд, "сиҳату саломат" пайдо шудааст.

Мулоқот бо СБП: кадом хавфҳои иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ шуданд?

Ҳайати Тоҷикистон рӯзи 13-уми октябр дар Тайланд бо роҳбарияти СБП масъалаҳои сиёсати пулию қарзӣ, рушди низоми бонкӣ ва таҳкими суботи иқтисодиро баррасӣ кард.

Аз тиб то сартарошхона: муҳоҷирон дар Санкт-Петербург аз кор дар чанд соҳа маҳрум шуданд

Дар шаҳри Санкт-Петербург барои муҳоҷироне, ки бо патент фаъолият мекунанд, маҳдудиятҳои нави корӣ ҷорӣ шуд.