Пас аз эълони Трамп нархи ҷаҳонии нафт беш аз 7 дарсад коҳиш ёфт

Нархи ҷаҳонии нафт пас аз он ки президенти Амрико Доналд Трамп аз ҳамлаи низомӣ алайҳи Эрон даст кашид, ба таври назаррас коҳиш ёфт.

Тибқи маълумоти бозорҳои ҷаҳонӣ, нархи нафти навъи Brent то 7,3 дарсад поин рафта, ба 81,55 доллар барои як баррел расид. Коршиносон мегӯянд, ки сабаби асосии коҳиши нарх паст шудани нигарониҳо аз густариши даргириҳои низомӣ дар Ховари Миёна мебошад.

Рӯзи 2-юми августи соли 2026 Доналд Трамп дар шабакаи иҷтимоии Truth Social навишт, ки аз ҳамлаи густурда ба Эрон, ки онро “бузургтарин амалиёти низомӣ пас аз Ҷанги дуюми ҷаҳон” номид, муваққатан худдорӣ кардааст. Ба гуфтаи ӯ, ин тасмим пас аз дархости бархе раҳбарони кишварҳои минтақа ва барои фароҳам овардани имкони идомаи музокирот гирифта шудааст.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, яке аз омилҳои асосии коҳиши нархи нафт коҳиш ёфтани хавфи халалдор шудани интиқоли нафт тавассути тангаи Ҳурмуз мебошад. Ин масири стратегӣ қисми зиёди содироти нафти ҷаҳонро ба бозорҳои байналмилалӣ интиқол медиҳад ва ҳар гуна таниш дар он ба нархи ҷаҳонии нафт таъсири мустақим мерасонад.

Трамп ҳамчунин изҳор дошт, ки пеш аз баррасии масъалаи барномаи ҳастаии Эрон, бояд дар бораи амнияти ҳаракати киштиҳо дар тангаи Ҳурмуз созиш ҳосил шавад. Аммо Вазорати корҳои хориҷии Эрон иддаои оғози музокироти мустақим бо Вашингтонро рад карда, гуфтааст, ки масъалаҳои марбут ба Ҳурмуз тавассути миёнаравҳо пайгирӣ мешаванд.

Бо вуҷуди коҳиши нархи нафт, таҳлилгарон ҳушдор медиҳанд, ки вазъият дар Ховари Миёна ҳанӯз ноустувор боқӣ мемонад. Ба гуфтаи онҳо, агар талошҳои дипломатӣ натиҷа надиҳанд ё даргириҳои низомӣ аз сар гирифта шаванд, эҳтимоли дубора гарон шудани нархи нафт ва вазъи бади иқтисоди ҷаҳонӣ вуҷуд дорад.

Коршиносон бар ин назаранд, ки агар коҳиши нархи ҷаҳонии нафт дар ҳафтаҳои оянда идома ёбад, он метавонад тадриҷан ба арзон шудани бензин ва дигар навъҳои сӯзишворӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ низ таъсир расонад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тамдиди мораторияи санҷиши соҳибкорон то соли 2029

Эмомалӣ Раҳмон дастур додааст, ки санҷиши фаъолияти соҳибкорони хурду миёна то 1-уми январи соли 2029 маҳдуд карда шавад.

Трамп: Ҷанг бо Эрон ба зудӣ поён меёбад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, мегӯяд, ҷанг бо Эрон ба зудӣ поён меёбад, аммо муҳлати мушаххасеро эълон накард.

Тоҷикистон ҳамлаҳои ҳусиҳо ба Арабистони Саудиро маҳкум кард

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот рӯзи 14-уми сентябр ҳамлаҳои ҳусиҳо ба зерсохторҳои Арабистони Саудиро маҳкум кард.

Идомаи таъқибу фишори Муҳаммад Султон пас аз озод шуданаш аз зиндон

Рӯзноманигори собиқи тоҷик ва полковники мустаъфӣ Мамадсултон Мавлоназаров, аз идомаи таъқибу фишор пас аз озод шуданаш аз зиндон хабар дод.