Мақомоти корҳои дохилии Душанбе алайҳи як зани 24-сола бо гумони бераҳмона рафтор кардан бо фарзанди яксолаи худ парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.
Сабаби боз шудани парванда наворе шудааст, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардида, вокуниши густурдаи корбаронро ба бор овардааст. Дар навор дида мешавад, ки зан ба сари кӯдаки хурдсоли худ чанд маротиба бо мушт мезанад.
Раёсати корҳои дохилии Душанбе рӯзи 4-уми июн дар баёнияи худ аз гумонбар Мавлуда Бурҳонова ном бурда, мегӯяд, ӯро аллакай боздошт карда ва нисбаташ бо иттиҳоми расондани осеби ҷисмӣ ба кӯдаки хурдсол ва инчунин ташкили фоҳишахона парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Ба гуфтаи мақомот, Бурҳонова дар гузашта низ барои ҷалби духтарон ба танфурӯшӣ ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуда буд.
Пас аз нашри навори латтукӯби кӯдак аз ҷониби модари ҷавон корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз мақомот хостаанд, ки нисбати гумонбар чораҳои сахттар андешида, масъалаи маҳрум кардани ӯ аз ҳуқуқи модариро баррасӣ кунанд.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ то ҳол дар бораи вазъи кунунии кӯдак ва тадбирҳои минбаъда нисбат ба ӯ маълумоти бештар нашр накардаанд. Аммо бар асоси қонунгузорӣ, дар чунин ҳолатҳо мақомоти дахлдор метавонанд масъалаи ба парастории дигарон ё ниҳодҳои давлатӣ супурдани кӯдакро баррасӣ намоянд.
То ҳол назари худи зан ё наздиконаш дар бораи навори нашршуда ва иттиҳомоте, ки мақомот ӯро айбдор кардаанд, дастрас нест.
