Нахуствазири Арманистон худро масъули вазъи кунунӣ дар Қарабоғи Кӯҳӣ дониста аст. Тибқи иттилои расонаҳои русӣ, Никол Пашинян зимни нишасти матбуотии онлайнӣ гуфта, ки худро ҷавобгари асосии вазъ медонад.
“Албатта ман дарк мекунам, ман мақомдори рақами як ва ҷавобгари вазъи феълӣ мебошам. Ин ҷо шаке нест. Мефаҳмам, ки ман бояд пеши шартан гӯем додгоҳи мардумӣ муҳокима шавам. Аммо дар вазъи феълӣ, додрас – халқ бояд тамоми ҷанбаҳои қазияро донад, бояд муколама бо низомиён, мухолифин ва ҳукумат бошад”.
Пашинян ҳамзамон афзуда, ки натавонист зарфияти “истодагарӣ”-и Арманистонро таҳким бахшаду мантиқи музокиротро тағйир диҳад. Нахуствазири Арманистон таъкид дошта, ки феълан масъалаи асосӣ мақоми Қарабоғи Кӯҳӣ ва дигар масоили гуманитарӣ мебошад.
Ба гуфтаи Пашинян, далели асосии муваффақ нашудани Арманистон дар Қарабоғи Кӯҳӣ Туркия ва пайдо шудани террористон дар минтақа мебошад. Муноқишаи хунини 44-рӯза шаби 10 ноябр пас аз созишномаи сеҷониба байни президентҳои Озарбойҷон Илҳом Алиев, сарвазири Арманистон Никол Пашинян ва президенти Русия Владимир Путин дар бораи хотима додани ҷанг дар Қарабоғи Кӯҳӣ қатъ шуд.
Тибқи ин созишнома, ҷониби Арманистон муваззаф аст қисми назаррасе аз қаламрави Қарабоғи Кӯҳӣ ва тамоми минтақаҳои забтшудаи атрофи онро ба ҷониби Озарбайҷон баргардонад. Ҳамзамон тибқи ин созишномаи сеҷонибаи оташбас ҷонибҳо дар нуқтаҳои қарордоштаашон меистанду субот дар минтақаро нерӯҳои интизомии дуҳазорнафараи сулҳсозони Русия таъмин мекунанд.
Ба ҳамин минвол тибқи созишномаи оташбас Шаҳри Шуша таҳти назорати Озарбойҷон боқӣ мемонад ва Арманистон вазифадор аст, ки се минтақаи дигар – Агдам, Келбаҷар ва Лачинро ба Озарбойҷон баргардонад. Дар минтақаи Лачин долони васеи 5 километрӣ барои пайваст кардани Қарабоғ бо Арманистон кушода хоҳад шуд ва онро нерӯҳои сулҳсозони Русия назорат хоҳанд кард.
Арманистон ӯҳдадор аст амнияти долони байни Озарбойҷон ва Ҷумҳурии Мухтори Нахичевонро кафолат диҳад. Ин долонро низ Артиши Русия назорат хоҳад кард. Муҳоҷирон ва гурезагон таҳти назорати комиссияи СММ ба Қарабоғи Кӯҳӣ ва минтақаҳои атрофи он бармегрданд. Аммо як нуқтаи нигаронкунанда дар ин созишнома он аст, ки мақоми Қарабоғ муайян карда нашудааст.
Чанд соли пеш ҷониби Озарбойҷон пешниҳод карда буд, ки барои Қарабоғ мақоми худмухтор дода шавад. Аммо ҳоло вазъият дигар аст ва ба қавли коршиносон Озарбойҷон баъид аст чунин чизеро бипазирад.
Бояд гуфт, ки даҳ сол пеш дар шаҳри Қазон, ҷонибҳои Арманистон ва Озарбойҷон тақрибан ҳамон шартҳоеро муҳокима карда буданд, ки ҳоло дар созишнома дар бораи қатъи ҷанги ахир дарҷ шудаанд. Аммо он замон натавонистанд барои иҷрои он шартҳо ба тавофуқ бирасанд. Ҳоло дар шароити баддтаре Арманистон он шартҳоро пазируфт.
Муаллифи китоби муноқишаи Қарабоғ “Боғи сиёҳ”, пажӯҳишгари Маркази Карнеги, Том де Ваал дар суҳбат ба ББС мегӯяд, вазъи ҷониби Арманистон аз он замон хеле бадтар аст. Ва то ин замон як фоҷиаи бузурги инсонӣ ба вуқуъ омад – дар муддати ин даҳсоли танишҳо тақрибан панҷ ҳазор нафар фавтиданд.
Том де Ваал мегӯяд, ки манзараи кунунӣ барои арманиҳо назар ба оне ки шаш ҳафта қабл пешбинӣ шуда буд, хеле бадтар аст, зеро ҷониби Арманистон як қисми Қарабоғ, минтақаи Ҳадрут ва шаҳри Шушаро, ки барои Арманиҳо аҳамияти бузург дорад, аз даст додааст. Ба боварии Том де Ваал ин муноқиша бештар ба нафъи Русия ва Туркия анҷом ёфт.
Русия бешубҳа бо нерӯҳои посдори сулҳи худ ба минтақа баргашт. Ғайр аз ин, Озарбойҷон тибқи ин созишнома як долони муҳим хоҳад гирифт, ки тавассути қисми ҷанубии Арманистон, Нахичевон ва боқимондаи Озарбойҷонро мепайвандад. Ва як долони нав, ки Туркияро мустақиман бо Озарбойҷон ва Русияро тавассути Озарбойҷон бо Туркия мепайвандад. Барои онҳо ин маънои ҳузури густурдатар дар дохили Озарбойҷонро дорад.